Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Волидони Ҳоҷимурод гуфтанд, аз маргаш ғамгинанд, аз рафтораш меболанд. ВИДЕО


Маросими видоъ ва дафни Ҳоҷимурод Қаландаров дар шаҳраки Ганҷободи ноҳияи Рӯдакӣ. 16-уми июни 2020
Маросими видоъ ва дафни Ҳоҷимурод Қаландаров дар шаҳраки Ганҷободи ноҳияи Рӯдакӣ. 16-уми июни 2020

Волидони Ҳоҷимурод Қаландаров, донишҷӯйи тоҷик, ки ба қимати ҷони худ дар Русия ҳаёти кӯдакеро аз ғарқ шудан наҷот дод, гуфтанд, аз маргаш ғамгинанд, вале аз рафтораш ҳамеша ифтихор хоҳанд кард. Саидакбар Қаландаров, падари Ҳоҷимурод, рӯзи 16-уми июн гуфт, амали писараш ҷавонмардона буд.

Тобути Ҳоҷимуроди нуздаҳсола бо гузашти ҳашт рӯз аз маргаш, субҳи 16-уми июн ба Тоҷикистон расид. Хонаводааш дар шаҳраки Ганҷободи ноҳияи Рӯдакӣ беш аз як ҳафта мунтазири ҷасади ӯ буданд. Маросими видоъ бо Ҳоҷимурод Қаландаров бо ҳузури бештари мардум баргузор шуд ва ӯро дар оромгоҳи деҳаи Мавлавии ноҳияи Рудакӣ дафн карданд.

Ҳоҷимурод Қаландаров дар хонаводаи тоҷир ба дунё омада, фарзанди севуми хонавода будааст. Саидакбар Қаландаров, падари Ҳоҷимурод, ба Радиои Озодӣ гуфт, писараш инсони дилсӯз буд ва аз хурдӣ ҳамеша ба дӯстону атрофиён дасти кумак дароз мекард.

Ба қавли падараш, "шеърхонӣ, шиноварӣ ва футбол аз шуғлҳои дӯстдоштааш буд. Орзу дошт, ки дар Русия хонад ва мутахассиси хуб шавад. Орзуҳои худро ба хок бурд."

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Волидони Ҳоҷимурод гуфтанд, аз маргаш ғамгинанд, аз рафтораш меболанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:09 0:00

Ин сокини ноҳияи Рӯдакӣ афзуд, муовини нахуствазири Бошқирдистон, ҷое, ки писараш мехонд ва корнамоӣ нишон дод, тамос гирифтаву барои рафтори Ҳоҷимурод сипосгузорӣ кардааст. "Пурсид, ки чӣ кумак кунем, ба чӣ зарурат доред. Гуфтам, чизе лозим нест, танҳо фарзандамро фиристед. Аз тарафи Тоҷикистон намояндаи ҷамоат омада, ҳамдардӣ кард. Писарам кореро кард, ки ба фикрам аз рӯйи ҷавонмардӣ бояд мекард", - илова кард ӯ.

Сокинони шаҳраки Ганҷободи Рӯдакӣ хонаводаи Ҳоҷимуродро оилаи намунавӣ тавсиф карданд, ки "волидонаш ба таълиму тарбияи фарзандон диққати ҷиддӣ медиҳанд".

Лола Амиршоева, роҳбари синфи Ҳоҷимурод дар мактаби рақами 48-и ноҳияи Рӯдакӣ, аз ӯ ҳамчун хонандаи фаъол ёдоварӣ намуд: "Ҳоҷимуродро ҳама эҳтиром мекарданд, зеро хонандаи боодоб буд ва худро эҳтиром мекард. Бачаи бисёр шӯх буд. Аз кори ӯ дар тааҷҷуб нестам, вай ҳамеша кӯшиш мекард, ёрӣ кунад. Вай ҳамчун инсон рафтор кард, инсон бо ҳарфҳои бузург."

Дӯстони Ҳоҷимурод Қаландаров мегӯянд, ӯ шиновари хуб буд ва таҷрибаи аз ғарқшавӣ наҷот доданро низ дошт. Аҳмадҷон Аҳмадов, ҳамсинфи Ҳоҷимурод нақл кард, ки "тобистони соли гузашта ҳамроҳ бо рафиқон ба дарёи Кофарниҳон рафтем. Дар онҷо дидем, ки кӯдаке дар ҳоли ғарқ шудан аст. Ҳоҷимурод ҳамон лаҳза ба об даромад ва кӯдакро наҷот дод".

Ҳоҷимурод Қаландаров рӯзи 7-уми июни имсол ду кӯдакро ҳамроҳ бо як дӯсташ дар дарёи "Белая" дар шаҳри Уфа аз ғарқшавӣ наҷот дод, вале худаш ғарқ шуд. Вай донишҷӯи соли аввали Донишгоҳи кишоварзии Бошқирдистон буда, ният доштааст баробари кушода шудани марзҳо барои хабаргирии наздикон ба Тоҷикистон биояд.

Ҳар сол ба Русия аз Тоҷикистон на кам аз чаҳор ҳазор донишҷӯ барои таҳсил мераванд ва Ҳоҷимурод Қаландаров ҳам яке аз онҳо буд, ки дар як корнамоӣ ҷонашро аз даст дод.

Дар гузашта дар бораи ҷасорати шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия, ки солҳои истиқлол ин кишварро макони муҳоҷирати кории худ интихоб кардаанд, хабарҳо нашр шудааст. Айни замон бархе аз муҳоҷирон аз он нигаронанд, ки баъзе аз корнамоиҳои онҳо дида ва қадрдонӣ намешавад.

Дар Русия беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ ва таҳсил мекунанд. Ҳар сол то ҳазор тобути муҳоҷирон ба ватан оварда мешавад. Сабаби марги онҳо куштор, беморӣ ва садамаву тасодуф дар сохтмон гуфта мешавад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG