Созмони Милал аз кишварҳое, ки шаҳрвандонашон дар паноҳгоҳҳои Сурия нигаҳдорӣ мешаванд, хостааст, ки онҳоро зудтар ба ватан баргардонанд.
Дар паноҳгоҳ ва зиндонҳои Сурия наздики сад ҳазор ҷангҷӯи ДОИШ ва узви хонаводаҳои онҳо нигаҳдорӣ мешаванд. 70 ҳазори онҳо занону кӯдакон ҳисоб шудаанд. Дар миёни онҳо беш аз 570 зану кӯдаки тоҷик низ ҳаст.
Владимир Воронков, муовини дабири кулли Созмони Милал дар умури мубориза бо терроризм дар як гузориши тозаи худ гуфтааст, ки "кӯдакон, аз ҷумла онҳое, ки ба гурӯҳҳои аз ҷониби СММ террористӣ хонда иртибот доранд, ҳамчун қурбонӣ пазируфта шаванд."
Ин мақоми СММ гуфтааст, ки аксари занон дар паноҳгоҳҳо ҳанӯз дар зеҳн андешаҳои ифротӣ доранд ва бо вуҷуди шикаст, ДОИШ дар Сурия ва Ироқ фаъол аст. Ӯ гуфтааст, ки занони узви ДОИШ дар паноҳгоҳи Ал-Ҳоли Сурия гурӯҳи Ал-Ҳисба таъсис додаанд ва ду занро барои «бадахлоқӣ» қатл кардаанд.
Аз ҷумла, сарбозони ДОИШ дар либоси низомиёни Ироқ дар роҳҳо нуқтаҳои назоратӣ таъсис дода, пул ҷамъ меоваранд ва ба силоҳбадастони худ кӯмак мекунанд.
Ба гуфтаи ӯ, боқӣ мондани ҳазорон марду зану кӯдак дар паноҳгоҳу зиндонҳои Сурия, ки дар гузашта ба ин гурӯҳи тундрав иртибот доштанд, хатар дорад.
Ӯ гуфтааст, роҳи аз ҳама беҳтар баргардонидани онҳо ба ватан аст.
Владимир Воронков аз кишварҳое, ки шаҳрвандонашонро аз минтақаҳои даргир берун кардаанд, ташаккур гуфтааст.
Тоҷикистон ду соли пеш 84 кӯдаки ноболиғро аз Ироқ ба ватан баргардонд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, талош доранд, беш аз 500 зану кӯдакро аз Сурия низ ба Тоҷикистон баргардонанд.
Як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки тарҳи баргардонидани занону кӯдакон аз Сурия ниҳоӣ шудааст ва ҳукумати Башор Асад низ ба он ризояит додааст. Ба гуфтаи ӯ, гуфтугӯ бо нерӯҳои курд низ ҷараён дорад.
«Ҳоло вазъиятро пайдоиши вируси нав каме бад кардааст. Он қадар одамро овардан ва карантин кардан кори осон нест. Баъди пайдо шудани вируси нав масъалаи овардани шаҳрвандон аз Чин якум шуд. Ин вазъият беҳтар шавад, масълаи овардани занону кӯдакон аз Сурия низ ҳалшаванда аст», --гуфт ӯ.
Занони тоҷике, ки дар паноҳгоҳҳои Сурия нигаҳдорӣ мешаванд, пайваста аз шароити ногуворӣ худ шикоят мекунанд. Аз ҷумла, вазъияти занон дар паноҳгоҳи Ал-Ҳол ногувор арзёбӣ мешавад.
Мадина, яке аз занҳои тоҷики муқими паноҳгоҳи Ал-Ҳол дар Сурия дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки хаймаҳояшонро боду борон хароб кардааст ва аз сардӣ азият мекашанд.
«Азоб зиёд аст. Ин ҷо аксари занон фиреб хӯрдаанд ва гуноҳ надоранд. Бигзор моро дар ватан ҳабс кунанд, вале аз ин ҷо баранд»,--мегӯяд ӯ.
Мадина ин нуқтаи зикршуда дар гузориши СММ-ро, ки ҳанӯз бархе занҳо дар зеҳнашон ақидаи тундравиро нигоҳ медоранд, тасдиқ мекунад. Ӯ мегӯяд, воқеан бархе занҳо ҳанӯз бар ин назаранд, ки дубора «хилофт»-и ДОИШ бармегардад ва ҳама ранҷу азобро чун имтиҳон қабул мекунанд.
Гурӯҳи ДОИШ, ки за ҷониби СММ гурӯҳи террористӣ хонда мешавад, соли 2014 бо ишғоли ҳудудҳое аз Сурия ва Ироқ «Хилофат» эълон кард. Соли гузашта ин гурӯҳ охирин минтақаи таҳти назорати худро аз даст дод. Абубакри Бағдодӣ, муассиси гурӯҳ низ аз ҷониби нерӯҳои амрикоӣ кушта шуд.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, дар чор соли мавҷудияти ин гурӯҳ дар Сурия ва Ироқ ҳудуди ду ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба он пайвастаанд. Аксари онҳо беному нишон шудаанд ва бархе дар паноҳгоҳ ва зиндонҳои Сурияву Ироқ нигаҳдорӣ мешаванд.