Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо: Ҷангҷӯёни хориҷии ДОИШ дар Ироқ муҳокима шаванд. Амрико мухолиф аст


Дар ҳоле ки Фаронса пешниҳоди муҳокимаи асирон ва зиндониёни гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ"-ро матраҳ кардааст, мақомҳои баландпояи Амрико гуфтаанд, "ҳеч касе набояд интизор дошта бошад, ки ИМА ё тарафи дигаре мушкилоташро ҳал кунад".

Амрико хостори бозгардонидани асирон ва зиндониёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" аз Ироқу Сурия ба кишварҳое аст, ки аз онҷо омадаанд. Аврупоиҳо намехоҳанд, муҳокимаи ин афрод дар кишварҳояшон анҷом гирад -- чӣ аз назари мушкилоти гирдоварии санаду далел, чӣ аз нигоҳи афкори умумӣ, чолишҳои амниятӣ ва эҳтимоли шаклгирии мавҷи тозае аз ҳамлаҳо дар хоки ин кишварҳо.

Ихтилофҳои дубора байни ду тараф дар ҳоле сар задааст, ки мақомҳои баландпояи 30 кишвари эътилоф ба раҳбарии Амрико дар нишасте дар Вашингтон ҷамъ омаданд. Пешниҳоди баргузории нишастро Фаронса матраҳ карда буд. Ин кишвар ба рӯшанӣ нигаронии худ аз дастури Доналд Трамп дар мавриди хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз шимоли Сурияро иброз кардаст.

Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико, гуфтааст, кишварҳои эътилоф бояд "ҳазорон террористи хориҷии дар боздоштро пас бигиранд ва онҳоро ба хотири ҷиноятҳояшон муҳокима кунанд".

Дар ҳамин ҳол, ҳамоҳангкунандаи умури зидди терроризм дар Амрико пазируфтааст, ки байни тарафҳо ихтилоф вуҷуд дорад. Ҳарчанд ин масъул таъкид кардааст, "ҳеҷ кас набояд интизор дошта бошад, ки Амрико ё тарафи дигаре мушкилоташро ҳал кунад".

Ӯ мегӯяд, "ин ки кишваре интизор дошта бошад Ироқ мушкилоташро ҳал кунад, орӣ аз ҳисси масъулият аст". Ин мақоми амрикоӣ ҳамчунин таъкид кардааст, вазъияти нисбатан босубот дар шимолу шарқи Сурия ва зиндониёне, ки дар ихтиёри ниманизомиёни курди Сурия ҳастанд, мумкин аст давомдор набошад.

Вазири умури хориҷии Фаронса аз сӯи дигар дар нишасти хабарии худ изҳоротеро матраҳ кардааст, ки нишон медиҳад Порис ҳамчунон хостори бозгардонидани онҳо ба кишвар нест. Жан-Ив Ле Дриан гуфтааст, асирони ДОИШ "бояд дар наздиктари маҳали мумкин ба ҷиноятҳое, ки анҷом додаанд", муҳокима шаванд.

Бино ба гузоришҳо, ҳудуди 10 ҳазор нафар аз афроди гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" дар шимолу шарқи Сурия боздошт шудаанд. Ин афрод ва хонаводаҳои онҳо аз меҳварҳои аслии музокирот ва нигарониҳои аъзои эътилофи зидди ДОИШ аст.

Аз Тоҷикистон низ дар гузашта садҳо нафар ба гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" пайваста ва хонаводаҳои худро ба Ироқу Сурия бурда буданд. Қаблан додгоҳҳои Ироқ шуморе аз шаҳрвандони Тоҷикистонро ба зиндон маҳкум карданд

Чанде пештар мақомоти Тоҷикистон хабар дода буданд, ки дар паноҳгоҳҳои зери назари Созмони Милали Муттаҳид дар Сурия 575 зан ва кӯдаки ҷангҷӯёни тоҷики гуруҳи "Давлати исломӣ"-ро пайдо кардаанд, ки аксари онҳо дар паноҳгоҳи "Ал-Ҳавл" ҳастанд.

Мақомоти тоҷик давоми солҳои 2018 ва 2019 даҳҳо кӯдаки тоҷикро аз Ироқ ба кишвар баргардониданд. Модарони аксари ин кӯдакон дар Ироқ зиндонӣ ҳастанд ва сарнавишти падарони аксари онҳо маълум нест.

XS
SM
MD
LG