Ҳизер Мердок, "Садои Амрико"
“Аз ин ҷо гум шавед.” Фарёди зани сиёҳпӯше буд, ки дар бозори пургарду хоки урдугоҳи Ал-Ҳол дар Сурия рӯи картоне нишастааст. Ӯ бо даст ба наворбардори бразилиягӣ таҳдид кард, ки ба зону зада мехост, акс бигирад. Дар дасти зан як милаи каҷшудаи оҳанӣ аст.
Баъд аз оғози амалиёти Туркия дар шимолу шарқи Туркия дар ҳафтаи гузашта мо аввалин хабарнигороне шудем, ки ба урдугоҳи Ал-Ҳол роҳ ёфтем. Мақомот мегӯянд, бо шурӯи амалиёт вазъ дар урдугоҳе, ки 71 ҳазор нафар дар он паноҳ ёфтаанд, “аз назорат хориҷ шудааст.”
Баъзеҳо фирор кардаанд, таҳдиду ҳамлаҳо шудааст. Баъди ба ҷабҳа рафтани бисёре аз нерӯҳои амниятӣ даъватҳои ошкоро ба ошӯб дар урдугоҳ ҳам садо додааст. Занони ин ҷо, ки бисёре аз онҳо аз хонаводаҳои ҷанҷгӯёни гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” ва мутаассиб ҳастанд ва нафраташонро пинҳон намедоранд.
Яке аз онҳо дар бозор фарёд кашид, ки “Шумо кӣ ҳастед ва чаро моро акс мегиред?” Дигаре, ки аз назди ман ва тарҷумони курдам мегузашт, чунин гуфт: “Шуморо Худо занад.” Мо симои онҳоро намебинем, вале эҳсос мекунем, ки моро дар ин ҷо хуш надоранд.
Ин сафари саввуми ман ба урдугоҳи Ал-Ҳол аз зимистони соли гузашта аст, ки он замон баъди суқути охирин такягоҳи ДОИШ даҳҳо ҳазор зану кӯдак ба онҷо рехтанд. Аксари онҳо ҳамсару фарзандони ҷангҷӯёни ДОИШ ҳастанд, ки бо пешрафти нерӯҳои Сурия, эътилофи ба раҳбарии Амрико ва Ироқ ҳамроҳ бо шавҳар ақибнишинӣ карданд ва дар ниҳоят шикаст хӯрданд.
Бисёре аз ҷангҷӯён паси панҷара рафтанд, мурданд ва ё пинҳон шудаанд. Бовар меравад, ки баъзеи дигар ҳанӯз аъзои “ҳалқаҳои хуфта”-и ДОИШ ҳастанд, ки гоҳ-гоҳ ҳамлаву бомбгузорӣ анҷом медиҳанд. Ҳамсару фарзандонашон дар инҷо дар Ал-Ҳол мондаанд ва ё зиндонӣ ҳастанд ва аз ҳисоби кумакҳои башарие зиндагӣ мекунанд, ки фавқулода кам мешаванд.
Беш аз 10 ҳазор зану кӯдак дар ин ҷо хориҷӣ ва аз 58 кишвар ҳастанд ва бисёре аз онҳо тундравонанд, ки дар байни тундравони дигар мондаанд. Инҷоро урдугоҳ меноманд, вале касе ҳақ надорад, худсарона онро тарк кунад. Дар дохили Ал-Ҳол тақрибан ҳамаи паноҳандагонаш муқаррароти сахти ДОИШ-ро риоят мекунанд. Агар фармудаҳои гурӯҳро риоят накунанд, шаллоқ мехӯранд, латту кӯб ва ё ҳатто кушта мешаванд.
Лайло Резгари 30-сола, раиси бахши хориҷиён дар урдугоҳ аст ва мегӯяд, “ягона кори мо роҳ надодан ба фирори ин мардум аст.” Ӯ пинҳон намедорад, он чиро, ки дар дохили урдугоҳ мегузарад, назорат карда наметавонанд.
Ошӯбҳо, талоши фирорӣ ва даъват ба инқилоб
Лайло Резгар мегӯяд, вақте Туркия амалиёти низомиашро рӯзи панҷшанбеи гузашта шурӯъ кард, ба ӯ гузориш доданд, ки занон аз либосҳои сиёҳашон ва хамираи дандон парчами ДОИШ-ро сохта ва онҳоро баланд афрохтаанд. Рӯзи ҷумъа садҳо зан ба идораи кормандони урдугоҳ ҳамла карда, қуфли дарҳоро шикаста ва таҳдид кардаанд, ки оташ мезананд. Онҳо муддати чанд соат ошӯб бардошта ва чунин шиор додаанд: “Мо сари шуморо аз тан ҷудо мекунем.”
Қисми дигаре дар дохили урдугоҳ давида, мардумро ба ошӯб даъват кардаанд. Надал, яке аз кормандони урдугоҳ мегӯяд: “Онҳо санг меандохтанд ва саъй доштанд, аслиҳаи афсаронро бигиранд.” Ӯ, ки дар як утоқи поку роҳат дар канори урдугоҳ бо мо сӯҳбат мекард, гуфт, баъзе аз занон бо худ корд доштаанд.
“Аввали ҳамин ҳафта 13 зани хориҷӣ девори симини урдугоҳро бурида, хостаанд, ки бо фарзандонашон фирор кунанд ва зоҳиран ба онҳо “ҳалқаҳои хуфта”-и ДОИШ кумак кардаанд”, – мегӯяд Резгар. Ин занонро дастгир кардаанд, аммо дар урдугоҳи дигар дар минтақа тақрибан 800 хонаводаи ҷангҷӯёни ДОИШ гурехтанд. Сабабаш набуди нерӯҳои амниятӣ буд, ки барои ҷанг бо Туркия ба минтақаҳои марзӣ рафта буданд.
Моҳи сентябр Абубакри Бағдодӣ аз ҷангҷӯёни ДОИШ хост, ки барои фирори хонаводаҳое, ки дар урдугоҳи Ал-Ҳол зиндагӣ мекунанд, ёрӣ расонанд ва барои ба ҳам овардани ДОИШ мусоидат кунанд. Лайло Резгар мегӯяд, ҷанги нав ва бесарусомоние, ки сар зад метавонад, халқаҳои хуфтаи берун ва дохили урдугоҳро муттаҳид кунад. Ӯ афзуд: “Мо ба хабарнигорони хориҷӣ аз тамоми ҷаҳон гуфтем, ки бӯҳрон меояд. Чаро касе гӯш намекунад?”
Чӣ гуна ҳукумати ДОИШ ба Ал-Ҳол омад?
Танҳо як моҳ пеш дар урдугоҳи Ал-Ҳол дар бораи фиристодани кӯдакон ба мактаб ва бозпас фиристодани баъзе аз занон ба рустоҳояшон барои бозгашт ба зиндагии маъмулӣ идома дошт.
Аввали моҳи март, бо онки хонаводаҳо аз ҷангҳои охир мегурехтанд, баъзе аз занон ба мо гуфтанд, дуо мекунанд, хилофаташон пирӯз шавад ва “кофирон” ҳалок шаванд.
Дар рӯзҳои охири ҷанг дар шаҳри Бағуз, яке аз такягоҳҳои ахири ДОИШ, яке аз занон ба ман гуфт: “Фарзандони ман бузург, ки шуданд, ҷиҳодӣ мешаванд.” Дар ҳамон замон ӯ наметавонист, ба кӯдаконаш обу нони кофӣ бидиҳад. Дар аввалин моҳе, ки хонаводаҳои ҷангҷӯёни ДОИШ ба Ал-Ҳол оварда шуданд, садҳо кӯдак ба ҳалокат расиданд. Дар ҳамон замон, мақомоти Ал-Ҳол ва дигар урдугоҳҳо, ки хонаводаҳои ДОИШ-иҳоро нигаҳ медоштанд, мегуфтанд, бӯҳрони башарӣ дар инҷоҳо метавонад ба зудӣ ба бӯҳрони амниятӣ мубаддал шавад.
Баъди шаш моҳи суқути Бағуз баъзе аз занон дар Ал-Ҳол пулиси шабеҳи пулиси динии ДОИШ маъмул ба номи “Ҳисба”-ро ташкил додаанд. “Ҳисба” назорат мекунад, ки ҳамаи занон ниқоб пӯшанд ва сигор накашанд. Ҷазои “Ҳисба” ба онҳое, ки ба посбонҳо, маъмурони амниятӣ ва ё хабарнигорон маълумот медиҳанд, сахттарин ҷазо ва ҳатто қатл аст.
Вақте мо дар бозор мунтазири наворбадор будем, ки корашро анҷом бидиҳад, ду зани ниқобпӯш наздик шуданд ва хостанд, бигӯем, мо кӣ ҳастем. Пеш аз он ки мизбони мо бо дуруштӣ ба онҳо гуфт, бираванд, яке аз занон садо зад, ки “мо медонем, онҳо хабарнигор ҳастанд.”
Рӯзи душанбе вақте мо аз назди урдугоҳ мегузаштем, дуд аз хаймае баланд мешуд ва Лайло Резгар гуфт, он ҳам кори дасти “Ҳисба” ва як навъ ҷазо аст. Ба гуфтаи Лайло, маъмурони ин пулиси динӣ баъзе аз занонро зада, кушта ва ҳатто ҷасадҳояшонро пора кардаанд.
“Дар инҷо баъзе аз заноне ҳастанд, ки ҷангиданро ёд гирифтаанд. Мо аз онҳо аслиҳа ва бомбҳои худсохт пайдо кардем”, – гуфт Лайло.
Тарс дар дохилу берун
Надал, аз кормандони урдугоҳ мегӯяд, на ҳама дар Ал-Ҳол тарафдори ДОИШ ҳастанд. Ӯ гуфт: “Пеш аз ҷангҳои ахир ин урдугоҳ пур аз ҷабрдидагоне буд, ки аз дасти ДОИШ гурехта буданд. Баъдан ҳам тағйир ёфт.”
Ба қавли Лайло Резгар, ҳатто дар байни заноне, ки ба ДОИШ пайвастаанд, бисёриҳо дарк кардаанд, ки хато кардаанд ва мехоҳанд, ба хонаҳояшон баргарданд. Дар гузашта баъзе аз занони урдугоҳ аз мо мепурсиданд, ки оё метавонем ба онҳо кумак кунем, ки ба русто ва ё кишварашон баргарданд. Занони дигар бо хурсандӣ садоқаташон ба ДОИШ-ро такрор мекарданд ва оромона мегуфтанд, ки “кофирон” бояд кушта шаванд.
Ҳоло ҳама аз “Ҳисба” ва тундравони вобаста ба онҳо дар берун аз урдугоҳ метарсанд. Бо камтар шудани кумакҳои башарӣ, нарасидани маводу хӯрок ва рафтани табибон барои муолиҷаи маҷрӯҳони ҷанг бо Туркия, шароит бадтар шудааст ва паноҳандагон ҳам ба хашм омадаанд. Ин шароит “Ҳисба” ва тарафдоронашро қавитар кардааст. Мизбони мо гуфт, ҳоло авзоъ дар атрофи Ал-Ҳол чандон хатарнок нест ва хабарнигорон инҷо зиёд меоянд.
Сокинони шаҳри Ҳассака, начандон дур аз Ал-Ҳол мегӯянд, ки метарсанд, ки таъмини амният дар урдугоҳ аз байн биравад. Самир Аҳмади 41-сола ва падари се фарзанд дар як кабобпазӣ кор мекунад ва таксӣ меронад. Ду амакаш дар ҷанг бо ДОИШ ва як ҷиянаш дар ҳамлаи ҳавоии эътилоф кушта шудаанд.
Ӯ мегӯяд: “Ман ҳоло назар ба замони қудрат доштани ДОИШ бештар метарсам. Агар онҳо инҷо биёянд, ҳамаи мо бояд аз инҷо гурезем.”
Аксар занону кӯдакони тоҷик дар урдугоҳҳои "Ал-Ҳол" ва "Рож"-и Сурия нигаҳдорӣ мешаванд. Чанд нафари онҳо дар паноҳгоҳи "Айн Исо" ҳастанд. Мақомоти Тоҷикистон шумораи умумии онҳоро дар урдугоҳҳои Сурия 575 нафар шумурдаанд, вале дар бораи вазъияти онҳо дар рӯзҳои ахир маълумоти кофӣ дар даст нест.