Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натоиҷи бозиҳои даври аввали Ҷоми ФФТ дар минтақаи Душанбе


Бозиҳои даври аввали марҳилаи пешакии Ҷоми ФФТ (Федератсияи футболи Тоҷикистон)-2020 дар минтақаи Душанбе, ки рӯзҳои 31-уми январ ва 1-уми феврал доир гардиданд, натиҷагирӣ шуданд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, Ҷоми ФФТ дар ду марҳила – пешакӣ ва ниҳоӣ – сурат мегирад. Дар марҳилаи пешакӣ мусобиқот дар се минтақа – Душанбе, Суғд ва Хатлон – доир мегардад.

Дар марҳилаи пешакии Ҷоми ФФТ дар минтақаи Душанбе, ки 31-уми январ оғоз ёфт, ҳашт даста бар асоси қуръакашӣ ба ду гурӯҳ тақсим шудааст.

Ба гурӯҳи “А” дастаҳои «Истиқлол» (Душанбе), «Кӯктош» (Рӯдакӣ), «Локомотив-Помир» (Душанбе) ва «Шоҳмансур» (Душанбе) дохиланд. Бозиҳои ин гурӯҳ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе ҷараён доранд.

Ба гурӯҳи “Б” дастаҳои ССКА «Помир» (Душанбе), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Ваҳдат» (Ваҳдат) ва «Душанбе-83» (Душанбе) шомиланд. Бозиҳои ин гурӯҳ дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор доир шудаанд.

Дар даври аввал дар гурӯҳи «А» «Локомотив-Помир» бар «Кӯктош» бо ҳисоби 2:1, «Истиқлол» бар «Шоҳмансур» бо ҳисоби 13:0 ғолиб омаданд. Дар гурӯҳи «Б» ССКА «Помир» бар «Душанбе-83» бо ҳисоби 3:0, «Регар-ТадАЗ» бар «Ваҳдат» бо ҳисоби 6:0 пирӯз шуданд.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии бозиҳои даври аввал дар гурӯҳи «А» дастаҳои «Истиқлол» ва «Локомотив-Помир» ва дар гурӯҳи «Б» дастаҳои «Регар-ТадАЗ» ва ССКА «Помир» бо сеимтиёзӣ пешсафанд.

Бозиҳои даври дувуми Ҷоми ФФТ дар минтақаи Душанбе рӯзҳои 5-6-уми феврал баргузор мешаванд.

Мусобиқа аз рӯи системи даврӣ дар як давра сурат мегирад. Ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ аз минтақаи Душанбе чор даста (дудастаӣ аз ҳар гурӯҳ) роҳ пайдо мекунанд.

Бояд гуфт, ки Ҷоми ФФТ аз соли 2012 гузаронида мешавад. Барандаи феълии Ҷоми ФФТ дастаи «Истиқлол»-и Душанбе мебошад, ки соли гузашта дар бозии ниҳоӣ бар тими «Кӯктош»-и Рӯдакӣ бо ҳисоби 5:2 ғолиб шуда буд.

Ҷоми ФФТ-2020

Марҳилаи пешакӣ. Минтақаи Душанбе

Гурӯҳи «А». Даври 1-ум

«Кӯктош» – «Локомотив-Помир» – 1:2

Голҳо: Шоҳрух Сангов, 7 – ба дарвозаи худ (1:0). Ислом Зоиров, 14 (1:1). Муҳаммад Гулназарзода, 63 (1:2).

31 январ. Душанбе. Варзишгоҳи марказӣ. 200 тамошобин.

«Истиқлол» – «Шоҳмансур» – 13:0

Голҳо: Салам Ашӯрмамадов, 3 (1:0). Саидмухтор Азимов, 18 (2:0). Саидмухтор Азимов, 27 – аз пеналтӣ (3:0). Зоир Ҷӯрабоев, 32 (4:0). Ҷамшед Раҳмонов, 45+1 (5:0). Зиёвуддин Фузайлов, 48 (6:0). Салам Ашӯрмамадов, 54 (7:0). Рустам Соиров, 62 (8:0). Эҳсони Панҷшанбе, 73 (9:0). Хуршед-Темур Ҷӯраев, 75 (10:0). Рустам Соиров, 77 (11:0). Хуршед-Темур Ҷӯраев, 85 (12:0). Виктор Свежов, 87 (13:0).

1 феврал. Душанбе. Варзишгоҳи марказӣ. 200 тамошобин.

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол»

1

1

0

0

13-0

3

2

«Локомотив-Помир»

1

1

0

0

2-1

3

3

«Кӯктош»

1

0

0

1

1-2

0

4

«Шоҳмансур»

1

0

0

1

0-13

0

Гурӯҳи «Б». Даври 1-ум

ССКА «Помир» – «Душанбе-83» – 3:0

Голҳо: Шервонӣ Мабатшоев, 49 (1:0). Шодибек Ғаффоров, 74 (2:0). Комрони Мирзохон, 84 (3:0).

1 феврал. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 100 тамошобин.

«Регар-ТадАЗ» – «Ваҳдат» – 6:0

Голҳо: Нозим Бобоҷонов, 11 – аз пеналтӣ (1:0). Сардор Эминов, 18 (2:0). Диловаршоҳ Ғаниев, 28 (3:0). Алишер Холмуродов, 34 (4:0). Диловаршоҳ Ғаниев, 43 (5:0). Нозим Бобоҷонов, 80 (6:0).

1 феврал. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 100 тамошобин.

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Регар-ТадАЗ»

1

1

0

0

6-0

3

2

ССКА «Помир»

1

1

0

0

3-0

3

3

«Душанбе-83»

1

0

0

1

0-3

0

4

«Ваҳдат»

1

0

0

1

0-6

0

Даври 2-юм

5 феврал (чоршанбе)

11:00 – «Кӯктош» – «Шоҳмансур». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

14:00 – «Истиқлол» – «Локомотив-Помир». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

6 феврал (панҷшанбе)

11:00 – ССКА «Помир» – «Ваҳдат». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

14:00 – «Регар-ТадАЗ» – «Душанбе-83». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

Даври 3-юм

8 феврал (шанбе)

11:00 – «Локомотив-Помир» – «Шоҳмансур». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

14:00 – «Истиқлол» – «Кӯктош». Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

9 феврал (якшанбе)

11:00 – ССКА «Помир» – «Регар-ТадАЗ». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

14:00 – «Ваҳдат» – «Душанбе-83». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG