Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз ҳукумати Тоҷикистон хостанд, хонаводаҳои мухолифонро озор надиҳад


Фатҳуддин Саидмуҳиддинов
Фатҳуддин Саидмуҳиддинов

Ду созмони ҳомии ҳуқуқ дар Аврупо аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, таъқиб ва фишор ба хешовандони фаъолони мухолифонро хотима диҳад. Айни замон аз Иттиҳоди Аврупо даъват кардаанд, онҳоеро, ки мухолифонро азияту озор медиҳанд, таҳти таҳрим қарор бидиҳад.

Дар баёнияи муштараки Кумитаи Норвегии Ҳелсинки ва Анҷумани Ҳуқуқи Инсон дар Осиёи Марказӣ, ки рӯзи 13-уми декабр нашр шуд, омадааст, “Мақомоти Тоҷикистон пайваста, аз аъзои оилаҳои фаъолони мухолифон муқими хориҷ ниқор мегиранд” ва ба ин васила мехоҳанд, мухолифону мунтақидонашонро хомӯш кунанд.

Дар ин баёния қазияи Фатҳуддин Саидмуҳиддинов, яке аз фаъолони мухолифони давлати Тоҷикистонро мисол оварда ва гуфтаанд, мақомоти интизомӣ аз охири моҳи ноябр то кунун аъзои хонаводаи Саидмуҳиддиновро, ки муқими Аврупост, таҳдиду бозпурсӣ карда ва озор додаанд.

Фатҳуддин Саймуҳиддинов ба Кумитаи Норвегии Ҳелсинки гуфтааст, ки кормандони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилона рӯзи 26-уми ноябр Миноҷ Саидмуҳиддинов падари 77-сола ва бародаронашро дар ноҳияи Қубодиён ва шаҳри Душанбе батакрор бозпурсӣ кардаанд. Фатҳуддин Саймуддинов умдатан дар Фейсбук фаъол аст ва бештар гузоришҳои интиқодӣ дар бораи сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистонро дар саҳифааш нашр мекунад. Ӯ рӯзи 15-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт: "На дар ватан ва на дар хориҷ узви ягон ҳизби сиёсӣ набудам. Узви фаъоли ҷомеъаи шаҳрвандӣ ҳастам."

Мақомоти Тоҷикистон ба қавли фаъоли сиёсии тоҷик ба зидди ӯ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд: "Дақиқ гуфта наметавонам, ки бо кадом модда парванда боз карданд, лекин медонам бо бӯҳтон ба терроризм ва ифротгароӣ муттаҳам карда, ба зиддам парвандаи ҷиноӣ кушоданд." Номи ин ҷавони тоҷик феҳрасти Бонки миллии Тоҷикистон бо номи "Рӯйхати террористҳо ва экстремистҳо" ҳаст.

Иттиҳом: "Зери по кардани акси раиси ҷумҳур"

Дар як ёддоште, ки Фатҳуддин Саидмуҳиддинов дар саҳифааш нашр кардааст, гуфта мешавад, маъмурони амниятӣ ҳангоми пурсуҷӯ “ба пайвандонам як акси раисиҷумҳур Раҳмонро нишон додаанд, ки касе онро зери по кардааст ва ба онҳо гуфтаанд, ки ин фарзанди шумост, бинед болои сурати Ҷаноби Олӣ по гузоштааст.” Саидмуҳиддинов гуфтааст, ки ӯ аслан чунин коре накардааст. Ба навиштаи Кумитаи Норвегии Ҳелсинки, зимни пурсуҷӯ мақомот ба хешовандони Фатҳуддин Саидмуҳиддинов гуфтаанд, ки ӯ бояд ба Тоҷикистон баргардад ва “барои ҷиноятҳояш ҷавоб гӯяд” ва ба падараш таҳдид кардаанд, ки агар писараш худаш барнагардад, бо зӯр ӯро бармегардонанд.

Мақомоти интизомӣ ва расмии Тоҷикистон ингуна баёнияҳоро аҳёнан шарҳ медиҳанд ва худи фаъолони мухолифонро муттаҳам кардаанд, ки аз ин роҳ мехоҳанд, садояшонро ба матбуот ва доираҳои сиёсӣ дар хориҷ бирасонанд. Бо гузашти ду рӯз аз нашри баёния, касе аз мақомоти расмӣ онро шарҳ надодааст.

Кумитаи Норвегии Ҳелсинки ва Анҷумани Ҳуқуқи Инсон дар Осиёи Марказӣ гуфтаанд, фақат Фатҳуддин Саидмуҳиддинов нест, ки мақомоти интизомӣ ба ӯ чунин муносибатеро раво дидаанд. Надежда Атаева, раиси анҷуман рӯзи 15-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт:”Солҳост, ки мақомот шаҳрвандонро дар мушти оҳанин нигаҳ медоранд, ҳеҷ гуна норизоиятиро таҳаммул надоранд ва тамоми мунтақидонро бераҳмона саркӯб мекунанд. Такондиҳанда он аст, ки таъқиби хешовандон як абзори маъмулии ҳукумат барои назорати саросарӣ бар ҷомеа шудааст.” Ӯ аз мақомот хост, "ба маъракаи ҷазо додани ҷамъӣ фавран хотима бидиҳанд.”

Ба гуфтаи созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва фаъолони мухолифон, ҳар дафъа баъди муроҷиати онҳо ба созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва ё сӯҳбат бо расонаҳо дар бораи таъқиби хешовандонашон дар Тоҷикистон, мушкилоти онҳо зиёдтар мешавад.

Фатҳуддин Саидмуҳиддинов гуфтааст, ки баъди муроҷиаташ ба созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва байналмилалӣ аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, фишор ба хешовандони ӯ зиёдтар шудааст ва “маъмурони амниятӣ падарашро барои бозпурсӣ дар рӯзҳои 14 ва 16-уми декабр ба Душанбе даъват кардаанд.” Худи ӯ рӯзи15-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло намедонад, ки падарашро дигарбора барои пурсуҷӯ даъват кардаанд, ё не, вале ба қавли Саидмуҳиддинов: "Ҳатман хабар дер ё зуд мерасад ва минбаъд тамоми ноадолатиҳоро, ки нисбат ба хонаводаам аз ҷониби мақомоти қудратӣ сурат мегирад, расонаӣ мекунам. Чунки ин озору азият чанд сол аст, давом дорад ва ҳар қадаре, ки сабру таҳаммул кардам, зулмро болои хонаводаам бештар карданд."

Кумитаи Норвегии Ҳелсинки ва Анҷумани Ҳуқуқи Инсон гуфтаанд, ки қазияҳои зиёди таъқибу озори хешовандони мухолифони давлатро ҷамъ кардаанд. Дар ин баёния омадааст, ҳадафи мақомоти интизомӣ аз озору азияти аъзои хонаводаи мухолифони муқими хориҷ, водор кардани онҳо ба даст кашидан аз танқиди ҳукумат аст.

Таҳдид ба озодии баён дар байни дигарандешон дар хориҷ

Мариус Фоссум, раиси Кумитаи Норвегии Ҳелсинкӣ дар ин баёния гуфтааст, дар Тоҷикистон, “мақомот озодии баёнро аз байн бурданд ва ҳоло ҳамингуна хатарро дар байни мухолифони муқими Аврупо ба миён овардаанд. “

Ин ҳомии ҳуқуқ гуфтааст, чунин вазъи бӯҳронии беэътиноӣ ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон барои амнияти кишвар хатар эҷод мекунад. Мариус Фоссум гуфтааст: “Мо аз Брюссел даъват мекунем, ки ба зидди он мақомоти ҳукумати Тоҷикистон, ки масъули нақзи зиёди ҳуқуқи инсон, аз ҷумла таъқиби аъзои хонаводаҳои фаъолони маданӣ ҳастанд, таҳрим ҷорӣ кунад.

Дар моҳи сентябр ҳам Маҳмудҷони Файзраҳмон, як узви Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ гуфт, ки баъди суханронии ӯ дар нишасти ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Варшава ва интиқоди ӯ аз сиёсатҳои давлат, мақомот модари ӯ ва ду хешованди дигарашро ба идораи амниятӣ даъват ва пурсуҷӯ кардаанд.

Дар гузашта ҳам созмонҳои дигари ҳуқуқи инсон аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, ки таъқибу озори хешовандони фаъолони маданӣ ва мухолифонро давлатро бас кунад.

Дидбони Ҳуқуқи Башар ва Хонаи Озодӣ, ки дар Ню Йорк қароргоҳ доранд, рӯзи 27-уми сентябр бо нашри як баёнияи расмӣ гуфтанд, ҳукумат бояд “интиқомҷӯӣ аз хешовандони дигарандешон”- ро бас кунад. Онҳо гуфтанд, даъвати хешовандони мухолифон ба идораҳои амниятӣ “интиқомҷӯӣ барои интиқоди онҳо аз маҳдуд кардани озодиҳои бунёдӣ дар Тоҷикистон аст.”

XS
SM
MD
LG