Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW ва Хонаи Озодӣ аз Тоҷикистон хостанд, "интиқомҷӯӣ"-ро бас кунад


Ду созмони мӯътабари ҳомии ҳуқуқи инсон аз давлати Тоҷикистон хостаанд, “интиқомҷӯӣ аз хешовандони дигарандешон”- ро бас кунад.

Дидбони Ҳуқуқи Башар ва Хонаи Озодӣ, ки дар Ню Йорк қароргоҳ доранд, рӯзи 27-уми сентябр бо нашри як баёнияи расмӣ гуфтанд, боздошти як фаъоли мухолифони давлат дар Белорус ва даъвати хешовандони яке дигар ба идораҳои амниятӣ “интиқомҷӯӣ барои интиқоди онҳо аз маҳдуд кардани озодиҳои бунёдӣ дар Тоҷикистон аст.”

Баёнияи мазкур баъд аз он нашр шуд, ки мақомоти Беларус гуфтанд, Фарҳод Одинаев, яке аз аъзои собиқи Ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломиро дар марзи кишвар дастгир кардаанд.

Ӯ, ки ба машварати солонаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар бораи ҳуқуқи инсон ба Варшава мерафтааст, бо дархости қаблии ҳукумати Тоҷикистон дастгир шудааст. Ӯро ба узвият дар созмони мамнуъ ва тарғиби ифротгароӣ муттаҳам мекунанд.

Аз ин пештар Маҳмудҷони Файзраҳмон, яке дигар аъзои ҳизби мазкур гуфт, ки баъди суханронии ӯ дар як нишасти Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Варшава ва интиқоди ӯ аз сиёсатҳои давлат, мақомот модари ӯ ва ду хешованди дигарашро ба идораи амниятӣ даъват кардаанд.

Марк Берендт, мудири бахши Аврупо ва Авруосиё дар Хонаи Озодӣ гуфтааст: “Ҳадаф гирифтани мунтақидон дар хориҷ аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла бо дархости боздошти онҳо аз Интерпол, таҳдид ба хонаводаҳои онҳо нишон медиҳад, ки чӣ гуна кишварҳои саркӯбгар дар минтақа мекӯшанд, мунтақидонашонро хомӯш кунанд.”

Стив Свердлов, пажуҳишгари аршади Дидбони Ҳуқуқи Башар барои Осиёи Марказӣ гуфтааст, давлати Беларус бояд тааҳудоти байналмилалиашро иҷро карда ва “Одинаевро ба ҳеҷ ҷое аз ҷумла Тоҷикистон нафиристад, чун мумкин аст, бо ӯро дар онҷо бадрафторӣ ё шиканҷа сурат бигирад.”

Ӯ ҳамчунин аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ба ҳар гуна интиқомҷӯӣ аз хешовандони дигарандешон дар хориҷ фавран хотима диҳанд.

XS
SM
MD
LG