Баъд аз тақдими ҷоизаи ба номи Ватслав Ҳавел дар Страсбург, баранда ва номзадҳои ин ҷоизаи бонуфузи Маҷмааи порлумонии Аврупо ба шаҳри Прага, маркази Ҷумҳурии Чех, омаданд. Бо қарори ин ниҳод, ҷоизаи имсола ба Илҳом Тоҳтӣ – фаъоли ҳуқуқи уйғурҳо дар Чин ва донишманди зиндонӣ ва ҳамчунин ба созмони "Ташаббуси ҷавонон" аз Балкан тақдим шуд. Вакили зиндонӣ аз Тоҷикистон Бузургмеҳр Ёров, ки ба 28 соли зиндон маҳкум шудааст, барандаи дипломи ҷоизаи ба номи Ватслав Ҳавел шуд.
Дар маросими тақдими ҷоиза дар Страсбург рӯзи 30-юми сентябр бародари хурдии Бузургмеҳр – Ҷамшед Ёров иштирок ва рӯзи 2-юми октябр дар қатори барандагони ҷоиза дар шаҳри Прага суханронӣ кард. Хабарнигори Радиои Озодӣ дар ҳошияи конфронси Прага бо Ҷамшед Ёров ҳамсӯҳбат шуд.
Радиои Озодӣ: Аз он ки Бузургмеҳр Ёров барандаи ҷоиза неву соҳиби дипломи он шуд, нороҳат нашудед?
Ҷамшед Ёров: Нороҳат нашудем. Ин ғалабаи бузург аст, ки номи як тоҷик ба феҳрасти номзадҳои ҷоизаи бонуфузи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи башар пешниҳод шуд. Ин имконияти дигар аст, ки дар бораи қазияи Бузургмеҳр Ёров ба ҷаҳониён маълумоти бештар диҳем. Умеде барои озодшавии зудтари Бузургмеҳр аст ва ҳам ба ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон аст, ки дар кишвар вазъ аз назари риояи ҳуқуқи инсон ислоҳ мешавад.
Радиои Озодӣ: Худи Бузургмеҳр дар бораи пешбарӣ шудани номзадиаш ба ин ҷоиза хабар дошт?
Ҷамшед Ёров: Албатта, хабар дошт. Ӯ дар маҳкама радиои шуморо гӯш мекунад ва ҳамаи хабарҳоро мефаҳмад. Чанд рӯз пеш ба воситаи мо салому дуруди худро ба таҳиягарони ин ҷоиза, иштирокдорони он, ба ҳайати ҳакамон расонд.
Қисми аввали суҳбатро дар ин ҷо бинед:
Радиои Озодӣ: Умеди Шумо аз ин ҷоиза чист?
Ҷамшед Ёров: Мо умедҳои осмониро надорем, ки баъди садо додани номи Бузургмеҳр дар Страсбург, Варшава ё шаҳри дигар, ҳукумати Тоҷикистон ӯро мутобиқи қарори Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал озод мекунад. Вале умед дорем, ки ҳам вазъи Бузургмеҳр дар зиндон беҳтар мешавад ва ҳам ба ӯ имконият дода мешавад, ки бо намояндагони СММ ва расонаҳо вохӯрад. Шояд парвандаи Бузургмеҳр Ёров аз сари нав баррасӣ шавад. На ин ки танҳо дар додгоҳҳои Тоҷикистон, балки бо ҷалби мутахассисони беғараз, бо иштироки намояндагони Созмони Милал ва хабарнигорон.
Радиои Озодӣ: Аз аҳволи Бузургмеҳр огоҳед? Хабари охир кадом аст?
Ҷамшед Ёров: Хабарҳои охир дақиқ ва тасдиқшаванда нестанд. Медонем, ки нисбат ба Бузургмеҳр Ёров айни ҳол ягон фишор нест, гӯиё маҳдудияте ҳам надорад. Озодона ба масҷиди ҳамон муассиса меравад, имкони кор дар яке аз сехҳои дуредгариро дорад. Дар ихтиёраш китобхона дорад. Гуфта метавонам, ки шароити будубош ва нигаҳ доштани онҳо – ҳамаи зиндониҳои тоҷик – ногувор аст. Вале як чизро гуфтаниам, ки ба Бузургмеҳр Ёров хатар вуҷуд дорад.
Радиои Озодӣ: Манзур хатар ба ҷонаш?
Ҷамшед Ёров: Хатар ба ҷон ва саломатиаш. Бузургмеҳр Ёров корманди собиқи Вазорати корҳои дохилӣ буд ва ба ҳайси муфаттиши Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Октябр – ҳоло Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе – кор кардааст.
Радиои Озодӣ: Пеш аз фаъолияти адвокатӣ?
Ҷамшед Ёров: Бале. Ҳар касе, ки дар мақомоти қудратӣ кор кардааст, бояд дар колонияи алоҳида нигаҳ дошта шавад. Бузургмеҳр Ёров ҳоло дар колонияи умумии низомаш сахт нигаҳ дошта мешавад. Фикр мекунам, ин аз тарафи сардорони раёсати корҳои ислоҳӣ махсус карда шудааст. Мумкин дар оянда ягон хатар, ягон маҳдудият ба Бузургмеҳр, ба ҳаёти ӯ дошта бошад.
Қисми дувуми суҳбатро дар ин ҷо бинед:
Радиои Озодӣ: Камтар аз як сол пеш дар сатҳи раҳбарияти низоми зиндонҳои Тоҷикистон тағйирот шуд. Оё дар шароити нигаҳдории Бузургмеҳр баъди ин чизе тағйир ёфт?
Ҷамшед Ёров: Агар тағйироте карданӣ мебуданд, тавре гуфтам, Бузургмеҳр Ёровро аз муассисаи умумӣ, ба муассисаи махсус барои кормандони собиқ ҳифзи ҳуқуқ мегузарониданд. Агар тағйирот мешуд… Аз рӯи қонун бояд ба ҳар як зиндонӣ ҳар ҳафта имкони занг задан ба хешу табораш дода шавад. Муассиса бояд телефон дошта бошад, вале ин ҳам нест. Вазъ на танҳо нисбат ба Бузургмеҳр, балки нисбат ба зиндониҳои дигар низ тағйир наёфтааст. Дар як соли гузашта ду шӯриш шуд, гурӯҳи зиндониҳо ҳангоми интиқол аз шимоли Тоҷикистон ба марказ даргузаштанд. Ҳеҷ тағйироте нашуд.
Радиои Озодӣ: Бузургмеҳр Ёров то ҳол аз чизе шикоят кардааст?
Ҷамшед Ёров: Тақрибан як сол пеш буд. Ба модарам дар бораи шиканҷа шикоят карда буд. Баъд аз ин ҳеҷ шикоят аз Бузургмеҳр Ёров нашунидем. Худаш намегӯяд ва ё воқеан ҳам нисбат ба ӯ ягон амали ноҷо карда нашудааст.
Радиои Озодӣ: Бузургмеҳр ба муддати тӯлонӣ зиндонӣ шудааст. Фикри худи Бузургмеҳрро медонед? Шояд аллакай аз мубориза хаста шудааст, ба вазъият тан додааст?
Ҷамшед Ёров: Не, не, тамоман хаста нашудааст. Гапи модарам, ки ҳар сари чанд вақт бо ӯ мулоқот мекунанд, ин аст, ки рӯҳияи Бузургмеҳр Ёров устувор аст. Бино ба маълумоте, ки ба дасти мо расидааст, чанд дафъа кӯшиш кардаанд, дар телевизион баромад кунад. Ҳатто аризаи тайёрро ба номи Эмомалӣ Раҳмон овардаанд, "имзо кунад ва афв хоҳад шуд". Бузургмеҳр Ёров розӣ нашуд. Ёров аз аввал то охир дар як ақида аст, ки "бегуноҳ ҳастам" ва бояд озод шавам.
Радиои Озодӣ: Мақомоти Тоҷикистон Бузургмеҳр Ёровро ба чанд ҷурм, аз ҷумла сохтакорӣ, тақаллуб ва таҳқири президент гунаҳкор медонанд ва мегӯянд, додгоҳ ин иттиҳомотро исбот кардааст, назари Шумо чист? Умеди Шумо чӣ аст, кадом сохтор метавонад дар ин ҳолат кумак кунад?
Радиои Озодӣ: Ягон додгоҳе дар Тоҷикистон ҳуқуқи тағйири ҳукми Бузургмеҳрро надорад. Дар ин ҷо фақат як иродаи сиёсии раҳбарияти Тоҷикистон даркор аст. Ин иродаи сиёсӣ, ба назари ман, мумкин дар натиҷаи фишорҳои созмони байналмилалии ҳуқуқи башар, корпусҳои дипломатӣ ва сарони давлатҳои дигар ба вуҷуд ояд. Чунки ҳамин додгоҳҳо ҳукми ноодилонаву ғайриқонуниро бароварданд ва ҳеҷ яке аз онҳо намехоҳанд, аз пеши худ ҳукмро тағйир диҳанд ва бо ҳамин роҳ тасдиқ кунанд, ки онҳо хато кардаанд.
Радиои Озодӣ: Бармегардем ба ҳодисаҳои чанд моҳи пеш. Вақте Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал, мақомоти Иттиҳоди Аврупо ва САҲА озодии Бузургмеҳрро тақозо карданд, гуруҳе аз мардум дар назди намояндагии ин ниҳодҳо дар Душанбе гирдиҳамоӣ карданд. Онҳо гуфтанд, Бузургмеҳр қарздор аст ва набояд озод карда шавад. Асли қазия чӣ аст?
Ҷамшед Ёров: Асли қазия... Ба фикри муфаттишон чунин аст ва ин ҳарфҳо дар айбнома ҳам оварда шудааст. Барои мисол, иддао доранд, ки "Бузургмеҳр Ёров рӯзи 10-уми феврали соли 2011, мисол мегӯям, аз оҷизӣ ва мӯҳтоҷии шаҳрванд истифода бурда, бо ваъдаи ин ки дар мақомоти қудратӣ шиносҳои зиёд дорад ва фарзанди ӯро аз маҳбас озод карда метавонад, 5 ҳазор доллар, 10 ҳазор доллар ё 1 ҳазор доллар гирифтааст. Аммо ягон амале ба фоидаи ин шахс анҷом надод ва бо ҳамин роҳ ба ӯ зарари калони молӣ расонд." Тафтишот фақат ба як чиз такя мекунад: “Бузургмеҳр ягон амали ҳуқуқиро иҷро накардааст”.
Радиои Озодӣ: Яъне манзурашон ин ки ваъдахилофӣ кардааст?
Ҷамшед Ёров: Бузургмеҳр Ёров аз ҳамон 18 нафаре, ки зидди ӯ ариза навиштанд, фақат гирифтани маблағ аз се нафарро тасдиқ кард. Ӯ дар додгоҳ ҳам гуфт, "дар ҳақиқат пули шумо дар дасти ман аст ва бо сабаби он ки маро зиндонӣ карданд ва бо сабаби он ки аризаи шумо дар баррасӣ аст, натавонистам парвандаро пеш барам”. Вале он 15 нафари дигар... баъзеашонро умуман намешиносад, ва ё ба воситаи нафарони дигар ба Бузургмеҳр муроҷиат карда буданд. Масалан, онҳо менависанд, 10 ҳазор доллар додаанд, вале аз ин маблағ шояд 2 ҳазор доллараш ба дасти Бузургмеҳр расидааст.
Радиои Озодӣ: Ин кадом пул аст? Ин ҳаққи хидмат аст, пора аст ва ё ҳаққи миёнравӣ барои ҳалли кадом масаъалае?
Ҷамшед Ёров: Ин пулҳо ҳаққи хидмати адвокат аст, чунки қонун андозаи маблағи аз муштарӣ мегирифтаро маҳдуд накардааст. Муносибати байни Бузургмеҳр ва мизоҷ бояд бар асоси Кодекси гражданӣ баррасӣ шавад. Яъне, бастани шартнома. Дар паймони байналмилалии ҳуқуқи зеҳнӣ гуфта шудааст, ки ҳеҷ кас набояд барои иҷро накардани шартнома ба зиндон андохта шавад. Мизоҷон дар сурати аз ҷониби Бузургмеҳр Ёров иҷро нашудани қарордод ё қисман иҷро шуданаш аввал ба худи Бузургмеҳр, баъдан ба Коллегияи адвокатҳо ва агар аз натиҷаи баррасии шикояташон норозӣ буданд, ба додгоҳи шаҳрвандӣ муроҷиат мекарданд. Ҳукумат инро ҳамчун силоҳи зидди адвокатҳои номақбул истифода кард ва ҳоло ҳам истифода мекунад.
Радиои Озодӣ: Ҳодисаҳои атрофи Бузургмеҳр ба зиндагии оилаи шумо – Ёровҳо таъсир гузошт, шумову ду хоҳаратон кишварро тарк кардед. Соле пеш шунидем, ки як созмони ҷамъиятии кумаки ҳуқуқӣ ба паноҳҷӯёнро ташкил кардед. Дар миёни муштариён тоҷикистониҳо ҳам ҳастанд?
Ҷамшед Ёров: Мо созмони байналмилалии Human Rights Vision Foundation-ро таъсис додем. Дар Ҳолланд сабтином шудааст. Ҳам ба шаҳрвандони Тоҷикистон ёрӣ мерасонем ва ҳам ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия зиндагӣ мекунанд. Бештар ба мониторинги вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони Тоҷикистон таваҷҷӯҳ мекунем.