Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо имсол барои машварати азими солонааш дар бораи ҳуқуқи инсон варзишгоҳи асосии шаҳри Варшава, пойтахти Лаҳистонро интихоб кард.
Дар ин ҷо намояндагони ҳукуматҳои кишварҳои узв ва ҳамингуна намояндагони созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва мухолифи давлат ҷамъ омаданд, аммо на барои футбол балки барои муколама. Нишаст рӯзи 16-уми сентябр оғоз ёфт ва 27-уми сентябр ба поён мерасад.
Дар роҳраву долон ва маҷлисгоҳҳои асосӣ гуруҳи бузурге аз намояндагони Тоҷикистонро низ дидан мумкин буд. Ба гуфтаи яке аз ҳозирон тақрибан 50 нафар ҳам аз ҳайати ҳукумат ва ҳам аз созмонҳои мухолифи давлат дар Варшава ҳузур ёфтанд. Хабарнигори Радиои Озодӣ, ки се рӯз шоҳиди ҷараёни нишаст ва муносибати тарафҳо буд, баъзе аз намояндагони ду тарафро дид, ки ба ҳам салом медоданд. Баъзе аз назди ҳамдигар мегузаштанд ва гӯё якдигарро аслан намедиданд, ҳарчанд баъзе аз ҳозирон иддао кардаанд, ки ҷанҷолҳои лафзии байни аъзои ҳайати расмӣ ва намояндагони созмонҳи мамнуъ дар Тоҷикистон -- Гуруҳи 24 ва Ҳизби наҳзати исломӣ дида шудааст.
Суҳбатҳои хабарнигори Радиои Озодӣ чӣ бо намояндагони ҳайати расмӣ ва чӣ мухолифон нишон дод, ки ду тараф таваққуи зиёде аз ҳузур дар нишаст надоранд ва намояндагони ҳукумат ҳам таъкид мекарданд, ки барои муколама бо гуруҳҳое наомадаанд, ки онҳоро ифротӣ ва террористӣ мешуморанд. Вале ба камияш дар як маврид узви ҳайати давлатӣ бо мухолифон вориди баҳс гашт ва шикояти раису аъзои ин ҳайат аз муҳтавои сухани мухолифон низ борҳо садо дод. Яъне гоҳе як навъ муколамае сар мезад, аммо на бевосита. Эҳсосоте, ки аз ҷаласа ба шабакаҳои иҷтимоӣ метаровид, низ нишон медиҳад, ки тарафҳо нуқоти заъфи ҳамдигарро меҷӯянд ва далелҳои худро қавитар медонанд. Низ навъе аз муколамаи бавосита, ки алҳол дар марҳалаи "на, ҳақ бо ман аст" қарор дорад.
Мухолифон, ки айбмониҳои ифротгароӣ ва терроризмро нисбати худ рад мекунанд, машварати Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар бораи ҳуқуқи инсонро барои расонидани назари худ ба намояндагони давлат ва бақия кишварҳои узв истифода бурданд.
Алим Шерзамонов, намояндаи Паймони Миллии Тоҷикистон, эътилофи гурӯҳе аз созмонҳои мухолифи давлат дар ин бора ба Радиои Озодӣ гуфт: “Кучактарин минбаре ё кӯчактарин имконе, ки ба мо даст медиҳад, пайғоми худро ба миллати худ, ба давлати худ расонем, мо аз он истифода мебарем. Албатта, ягон интизоре аз созмони байналмилалӣ надорем, ки он маҷбур кунад, давлати моро, ё миллати моро, ки онҳо моро шунаванд."
Тарафи давлат ҳам мегӯяд, ки ба Варшава барои ҳимоят аз мавқеи давлат дар баробари иддаову туҳматҳои гуруҳҳои “ғайриқонунӣ” омадааст ва ҳам нишон додани онки кишвар дар арсаи ҳимояти ҳуқуқи инсон пешрафти зиёд дорад. Абдуллои Раҳнамо, пажуҳишгари тоҷик, ки бо ҳайати расмӣ ба Варшава омада буд, ба Радиои Озодӣ гуфт, фурсате ки дар нишаст барои суханронӣ медиҳанд, барои муаррифии сиёсатҳо низ кофӣ нест.
Дар нишастҳои аслии созмон, намояндагон фақат ду дақиқа барои суҳбат доранд. Абдуллои Раҳнамо, гуфт: “Дар ин ду дақиқа на сиёсати давлатро муаррифӣ карда мешавад, на вазъиятро муаррифӣ карда мешавад, на барои ҳалли масъалаҳо тавсияе дода мешавад. Аз ин рӯ ҳама медонанд, ки фурсате барои сӯҳбати муфассал ва фаҳмондани мавқеъҳо нест. Бинобар ин 2 дақиқае ки ба ҳама дода мешавад, ҳамонро истифода бурда, ҳамон ҳарфи асосии худро мегӯянд, ки асосан аз танқид ва ё бадном кардани тарафҳо иборат аст. “
Дар нишастҳои аслӣ ҳам намояндагони ҳукумат мегуфтанд, ки гуруҳҳое, ки худро инҷо мухолифи давлат меноманд, террористу ҷинояткоранд. Ин гуруҳҳо ҳукуматро танқид мекарданд, ки ҳуқуқи мардумро зери по мекунад. Дар яке аз нишастҳо намояндагони ҳукумат аз муҷрӣ хостанд, ба мухолифон иҷоза надиҳад, ки нисбат ба ҳукумат беҳурматӣ кунанд ва маҳфилҳоро ба “бозор” табдил диҳанд.
Ҳангоми суханронияш Шарофиддин Гадоев, яке аз мухолифони давлат, гуфт, ки ҳомиёни ҳуқуқ, адвокатҳо, фаъолони ҷомеаи маданӣ ва мухолифон ҳама барои ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ифротгаро ва террорист шудаанд. Дар ин ҳол Зариф Ализода, раиси ҳайат ва дастёри раиси ҷумҳури Тоҷикистон сухани ӯро бурид ва гуфт, ки инҷо бозор нест ва бояд меъёрҳои суҳбат риоят шавад.
Нозирони нишаст ҳам мегӯянд, ҳарчанд, машварати Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо минбари муносибе барои ибрози андеша барои ҳама гуруҳҳост, аммо майдоне барои муколама байни ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифонаш буда наметавонад. Ҳафиз Бобоёров, пажӯҳишгар, ки ба ҳайси нозир дар нишаст ҳузур дошт, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Дар ин ҷо ба таври мушаххас ва маҳдуд мавқеъҳо шунида мешаванд. Пеш аз ҳама мавқеи ҳукумат, баъд мавқеъҳои гуруҳҳои гуногуни мухолифон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки худ аз худ, ҳамин формат аз нуқтаи назари вақт имкон намедиҳад, ки гуфтугӯ ба вуҷуд биёяд. “
Аммо созмонҳое, ки ҳеҷ коре ба ҳукумати Тоҷикистону мухолифонаш надоранд, мегӯянд, машварати солонаи ҳуқуқи инсони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ҷои муносибе барои ҳалли ихтилофот аст. Тоҷигул Бегмадова, намояндаи Бунёди Туркмании Ҳелсинки, ки солҳо дар машваратҳои Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ҳузур доштааст, ба Радиои Озодӣ гуфт: “Ин имкони муколамаро пеш меорад. Ҳангоми муколама роҳи ҳал пайдо мешавад, имкони пайдо кардани роҳи беҳтарини бурунрафт аз ваъзи пешомада пайдо мешавад, ҳатто агар бунбаст ва ё вазъи фавқулодае ҳам дар миён бошад. Аз ҳар гуна ҳолат метавон роҳи бурунрафт пайдо кард, агар хоҳишу майл бошад. Агар майл нест ва ҳарду тараф ба мавқеи худ ҳам пойфишорӣ мекунанд, вале ин майдон оғозе барои рушди муколама аст."
Аммо мусобиқаи имсол дар майдони асосии футболи шаҳри Варшава байни намояндагони ҳукумати Тоҷикистон ва намояндагони созмонҳои мухолифи давлат на мисли соли пеш бо даъвову кашмакаш сурат гирифт, балки ба сабқати таблиғотӣ барои расонидани мавзеъгирии худ ба гӯши кишварҳои дигари узви САҲА табдил шуд. Дар ин самт шиорафканиҳо, ба гуфтаи аксари ширкаткунандагон, таъсири зиёде надоштанд, аммо фактҳои мушаххасе, ки садо доданд, дар қайдҳои мухтасари коршиносоне хоҳанд монд, омӯхта хоҳанд шуд ва дар тарҳрезии сиёсатҳо нақши муайян хоҳанд бозид. Шояд ин аст, ки бо вуҷуди интизориҳои андак, ҳамаи тарафҳо ин майдони суханро муҳим медонанд ва сол то сол бо омодагии бештаре ба он меоянд.