Умре танҳо
Аз он вақте, ки худро мешинохтам дар кунҷи хона бо бародари ҷавонмаргам (ки аз гуруснагӣ фавтида буд) рӯз мегузаронидам вале баъдтар он кунҷи танҳоӣ бо ман гиребонгир шуд. Даҳ соли мактабхониям дар кунҷи синфхонае аз ҳама қафо гузашта буд - танҳо. Чор соли донишҷӯйӣ ҳам бисёри вақт бо танҳо буданҳову танҳогаштанҳо паси сар шуд. Сӣ соли фаъолият низ дарди танҳоиро мекашидам (ҳам дар мактаб, ҳам дар донишкада ва ҳам дар ҷойи кор гурӯҳу гурӯҳбозиҳо мавҷуд буд). Вале ба хотири мувофиқ наомадани ақидаҳо худро дар канор мегирифтам).
Ба ҳар нақше, ки бозидам бе додани пора ва доштани тағо бароям муяссар гашт. Ҳар як ҷоизаҳое гирифтаам, низ бо рехтани арақи ҷабин ба даст омад. Борҳо ба кишварҳои дигар барои бозидани нақшҳо даъватам намуданд, мутаассифона даъватномаҳоямро ё намедоданд ва ё муҳлаташон мегузашт, баъд ба дастам мерасид. Ва ҳатто барои ба пуррагӣ истиқомат кардан низ борҳо даъват намуда буданд, вале Ватани бо ҷон-баробарамро танҳо гузоштан нахостам. Бо вуҷуди ин ҳама дар айёми пирӣ низ ба танҳоии мутлақ рӯ ба рӯ шудам. Аслан рӯ ба рӯям карданд…
Ин шояд дар қисмати ман будааст зеро мегӯянд он чизе дар пешонӣ навишта шудааст нодида илоҷ нест. Боз ҳам шукргузорам аз Худои Таоллоҳ, ки бо вуҷуди ин ҳама танҳойиҳо Ӯ бо ман буд ва инчунин кушоишдиҳандаи корҳоям ҳаст. Аз ин хотир дар боқимондаи умрам низ ба Ӯ такя мекунам.
Дар ин чанд соли гӯшанишинӣ гоҳо ба ёддоштнависӣ машғул мешудаму гоҳо ба ҳайкалтарошӣ. Ва чанд соли охир аст, ки ба пуррагӣ бо навиштану чопкардани китобҳои бисёрҷилда машғулам…
Ҳеҷ гоҳ фаромуш набояд кард, ки ҳар нафаси талоши зиндагӣ муъҷизаест аз муъҷизаҳо. Ва он чизе, ки хирадмандтарин хирадмандони замини гирдгардонро ҳамеша ба худ мехонаду ба зинаҳои баландӣ мебараду илҳоми мӯъҷизабахш мебахшад ин боварӣ ба фардои шукуфон хоҳад буд.
Баъд аз гузашти бисту-се соли тавлидшавии «Эдип» (1985) «Рӯдакӣ»-и Сотим Улуғзодаро ба саҳна гузоштам (2008) ва баъд аз он то ба ҳол ёздаҳ соли дигар, ки барои эҷодкор албатта хеле солҳои тӯлонист хомӯш нишастан, дигар имконият даст надод, ки ба таври ҷиддӣ намоиш гузорам. Дар ин миён, чандин фикру андешаҳое бо ман даст ба гиребон шуда маҷбурам мекард, ки ба саҳна гузор. Ки инҳо «Спартак», «Спитамен», «Темурмалик», «Шайх Саъдӣ», «Умари Хайём», ва «Суқрот» буданд. Аз ин миён Спартак, ки он шабу рӯз зиёдтар ба дарди ҷомеа наздик буд ба ҳамин хотир хостам аз ҳамин намоиш оғоз кунам.
Яке аз фикрҳое, ки бо ин намоиш нишон доданаш мукин буд – яъне маҳбас.
Вақте, ки дар камари падарем – маҳбас, ба камари модар мегузарем – маҳбас, ба дунё меоем – маҳбаси бузургтар, ки он боз дар дохилаш маҳбасчаҳо дорад билохира вақте, ки мемирем боз ҳам дар маҳбас. Ҳамаи инро бо рамз нишон додан мехостам, ки эй инсон, ман- манӣ, танҳо лоиқи Уст. Илова бар ин ба воситаи ин намоиш чӣ будани умри инсонӣ, қадру қиммат ва оламу одамро нишон доданӣ будам. Илова бар ин паҳлӯҳои дигар низ дошт, масалан ҷангҳои гладиаторҳо. Тамошобин аз як тараф ҷангро тамошо мекард аз тарафи дигар ба тарбияи худ ва бадан машғул мешуд. Гузашта аз инҳо қашоқии инсонро низ то охирин нуқтааш ба тасвир мегирифтам, ва аз дигар тараф сарватмандиву айшҳои дунёиро. Гузашта аз ҳамаи ин боз ҳам исбот кардан мехостам, ки ҳамаи инсонҳои рӯйи дунё новобаста аз миллат ва забон бо ҳам хеш ва ҳамнажоданд. Агар силоҳ мебардорӣ дон, ки ба ҷониби кадом як азизи худ бардоштаӣ…
Баъд аз давутозҳои зиёд, ки ҳатто сметаи хароҷот ва чанд нусхаи лоиҳа (макет) низ омода шуда буд вале мутаассифона Спартаки номуроди ман рӯйи саҳнаро надид.
Сиву ду сол аст, ки ин нақшаи кашидаам (ки ҳатто метавонист баъд аз «Эдип» ин ҳам шуҳрати ҷаҳонӣ биёрад) ҷомаи амал ба бар накард. Ва дақиқ аст, ки ин орзуро ба хок хоҳам бурд.
Вақте тӯфони офат шадид шуд, то охирин шамъҳои қалбро мекушад, хоҳиш ва эҳсосот низ аз пушташ оҳиста-оҳиста ба хомуш шудан шуруъ мекунанд.
Ба наслҳои баъдӣ имконият диҳед, то шоҳкориҳои мехостаашонро руйи саҳнаи театрӣ биоранд…
Андешаҳои ҳамватанон
«Ҳангоми тамошои «Шифокори бузург» фаромӯш кардам, ки он асари ман аст. Ҳошим Гадо нақши Абӯалӣ ибни Синоро чунон мебозид, ки гӯё Синои ҳақиқӣ ва зинда аст».
Сотим Улуғзода
«Ҳошимҷон! Ман ба истеъдоду маҳорати ту ҳамеша бовар доштам. Аммо баъди тамошои «Шифокори бузург» эътиқодам чандин маротиба афзуд. Нақши Синои ту беҳтарин нақши солҳои охир дар театри тоҷик аст».
Мирсаид Миршакар
«Дар урфият оби дари хона лой мегӯянд. Мо Ҳошим Гадоро бузургманишу пурҳарф гуфта писанд намекунем, аз ҷумла худи ман ҳам баъзан аз ӯ мегурезам. Вале вақте, ки драмаи Ҳамлетро дар ватанаш ва бо забони модариаш тамошо кардам, дар тааҷҷуб монда худ ба худ аз Ҳошим Гадо узр пурсидам. Намоиши беҳунаронаи амрикоиҳо Ҳошим Гадо ва Ҳамлети ӯро азимтарин саҳнаву бузургтарин актёр ҷилва дод. Яъне Ҳошим Гадо ҳамчун актёр ҳазор бор аз амрикоиҳо боло аст».
Бозор Собир
«Бузургии Ҳошим Гадо дар санъат ва истеъдоди уст. Зеро аз ӯ ҳунарманди зӯракӣ ё маҷбурӣ насохтаанд. Корнамоии қаҳрамононае, ки кардааст таъриху фарҳанги тоҷик абадӣ нигоҳ медорад. Ҳошим Гадои азиз, мағз андар мағзатон, ақлу дилатон, рӯҳу тафаккуратон, буду шудатон барои Театр ва Кино ба олами вуҷуд омадааст».
Соҳиб Табаров
«Ҳошим Гадо дар вақти бозидани нақши Содиқ ба ҳар як ҳаракату рафтори худ образро барҷаставу пурқувваттар менамуд. Офарида шудани образи Дон Жуан бошад дар эҷодиёти ӯ, ки қабл аз ин нақшҳои Тарталия, Фердинанд барин образҳои мураккабро иҷро карда буд, марҳилаи навро ба вуҷуд овард».
Аълохон Афсаҳзод
«Ҳунарманди бузургро таърих аз он ҷиҳат қадр, ки аз кӯҳи ҳунад лаълу аз баҳри фарҳанг дур ба даст оварда ба воситаи сарфи меҳнату фидокорӣ онҳоро мисли заргар сайқал дода ба халқи хеш саховатмандона мебахшад. Ана ҳамин гунна сирри ниҳонии ҳунари театрро Ҳошим Гадо кашф намуд».
Меҳрубон Назаров
«Ҳар замоне, ки Ҳошим Гадоро чи дар саҳна ва чи дар зиндагӣ мебинам, бо он қомати баланд ва тани паҳлавонмонандаш симои ориёиро пеши назарам ҷилвагар менамояд».
Муъмин Қаноат
«Ба андешаи ман, Ҳошим Гадо нобиға аст».
Тоҳир Собиров
«Дар ҳаёти ҳар як актёр роле ҳаст, ки дараҷаи баланди маҳорати камолоти ӯро возеҳ нишон медиҳад. Ба андешаи ман нақши Эдип қуллаи баландтарини эҷодиёти Ҳошим Гадоев ба ҳисоб меравад».
Низом Нурҷонов
«Ба соҳибистеъдоди АСР – Ҳошим Гадо, ки дар баландии қулла мебинамаш, аҳсан хоҳам гуфт!» (Баъд аз тамошои намоишномаи «Эдип» дар ш.Масква).
Силсила-Бону Лоҳутӣ
«Бузургии Ҳошим Гадоро шояд намедонанд. Чаро ки танҳост. Агар касе ҷуръате кунаду ба ояндаҳо шиносонад албатта ин бар нафъи ҷомеъа хоҳад буд».
Раҳим Мусулмониён
«Мо ба падидаи аҷибе дучор афтидем, ки актёрҳо умуман ба варзиши бадан аҳамият намедиҳанд. Хуб шуд, ки дар ин миён Ҳошим Гадои паҳлавонмонанд ёфт шуд ва баъд аз як соли дигари машқи ҷисмони карданаш ба гирифтани филми «Рустаму Сӯҳроб» шурӯъ кардем»
Борис Кимёгаров
«Ман, ба ҳунарманд будани Гадоев тан додаам ва ифтихор низ мекунам, ки ҳамроҳ қадам мезанем».
Ато Муҳаммадҷонов
«Ҳар санъаткоре, ки дар касби худ каму беш чизеро мефаҳмад ва дили нарми инсонӣ дорад, бояд бозии Туро бечунучаро писандад. Агар не ӯро кӯр мешуморам».
Маҳмудҷон Воҳидов
Андешаҳои хориҷиён
«Барои халқи мо ҷопониҳо ҳунарманд сарвати бузурги миллӣ ба ҳисоб меравад ва хурду калон ин сарватро эҳтиёт ва ҳифз мекунанд. Ҳошим Гадои Шумо низ аз қабили ҳамин гуна сарватҳост».
Тамошобини ҷопонӣ
«Ҳошим Гадо бо ситораи Голливуд – Умар Шариф мусобиқа карда ба гирифтани нақши Агат Мара насиб гашт».
Суҳайл Бенбарк, коргардони филми «Набарди се шоҳ»
«Намоишномаи «Марк ва муҳаббат»-ро чандин маротиба ва бо чандин забонҳо дидаам, вале бояд гӯям, ки аз бозиҳои мудшудаи ҳунармандони ғарб бозии Ҳоим Гадо (дар нақши Фердинанд) борҳо беҳтар аст».
Алфред Курклла, профессори Олмонӣ
«Сӯҳроби азизи ман, Ҳошим! Ман бозии шуморо си бор, сесад бор ва ё се ҳазор борҳам тамошо кунам ташнашикан намешавам. Шумо эй ситорагони тобони ҷаҳон – Жан Маре, Белмандо Делон дар пеши Сӯҳроби Ҳошим Гадо нури худро бохтед ва ҳеҷ шудед».
Ирина Элияшева, коргардони Алҷазоирӣ
«Агар дар кишварам Лаҳистон пурсанд, ки аз Тоҷикистон чи хотира овардӣ? Ҳатман мегӯям Фердинанд-и Ҳошим Гадоро».
Александр Пахо, прфессори Лаҳистонӣ
«Ман асари худ «Шаби гирифтани моҳ»-ро дар бисёр театрҳо тамошо кардам. Аммо образи Девона, ки Ҳошим Гадо иҷрояш мекард аз беҳтаринҳост».
Мустай Карим, адиби бошқирд
«Фердинанд, Дон Жуан ва Сӯҳроб, ки ин ҳама нақшҳои пурмоҷаро ва фоҷиавӣ ҳастанд. Инак ӯ дар пироҳани тамоман дигар – Хлестаков. Хлестакови гаранг, аҳмақ, ҳақиру ночиз. Аммо баъд аз чанд дақиқаи ба саҳна баромадани Ҳошим Гадо пай мебари, ки дар рӯ ба рӯят Хлестакови тамоман дигар, ғайриоддӣ ва ҳатто ҷолиб истодааст».
А .Г. Гордон
«Ба театре, ки чун Ҳошим Гадо, Ҳабибулло Абдураззоқов ва Ато Муҳаммадҷонов барин ҳунарманд дорад ба таври ҳақиқӣ метавон ҳасад бурд».
Нина Живранова
Муаллима дар ГИТИС – аз Москав
«Ман ба сифати санъаткор дар назди маҳорати Ҳошим Гадо сар фуруд меорам. Воқеан ӯ худро қурбони санъат кардааст».
Соро Эшонтӯраева
Ҳунарманди мардумии СССР – Тошканд
«Баъд аз тамошои намоишномаи «Эдип» худамро хушбахт мешуморам, ки чунин комёбии ҳамкасбамро дидам. Ин комёбӣ дастоварди бузургест на танҳо дар театри тоҷик балки дар театрҳои СССР».
Набӣ Раҳимов
Ҳунарманди мардумии СССР – Тошканд
«Бо боварии том метавон гуфт, ки намоишномаи «Рустам ва Сӯҳроб» бозёфти тозаи санъати театрии Советист ва онро дар ҳар як давлати Аврупо бомуваффақият нишон додан мумкин аст».
Лев Сергивич Рудник, Ходими хизматнишондодаи РСФСР
«Дар намоиши «Рустам ва Сӯҳроб» Рустам – Гурминҷ Завқибеков хеле кам ҳаракат мекунад аз ҳамин сабаб қаҳрамони асосӣ ба ҷойи ӯ Сӯҳроб – (Ҳоим Гадо) шудааст».
Аркадий Николаевич Аностасов,профессор
«Нақши «Шоҳ Эдип»-ро офаридани Ҳошим Гадои
Душанбегӣ, зимнан кашфиёти АСР аст».
Кирил Лавров, Ҳунарманди мардумии СССР, Раиси Иттифоқи ходимони театрии СССР
«Ман ҳамсабақи Ҳошимам. Худ ба худ мегуфтам агар муаллимаамон Олга Ивановна Пижова зинда мебуду ин намоишномаи («Эдип») таҳия намудаи шогирдашро медид бо ифтихор мегуфт: Ҳошиме, ки доим китоби Ҳамлет таги каш дар долонҳои донишкада мегашт, дар инкишофи театри советӣ саҳми бузурге гузошт».
Фелдман, мунаққид, ҳамсабақ аз курси русӣ
«Азизам Ҳошим! Бо намоишномаи «Эдип», ки беҳтарин иди фархундаро ба мо фароҳам овардӣ сипос мекунам. Орзу дорам, ки ингуна идро боз ҳам дар тамошои «Спартак», ки нақшаи баъдият ҳаст бубинам».
Ю.К.Итин – Москав
«Ҳошим Гадо аз зумраи он ҳунармандони муосире ҳаст, ки мактаби романтикии театрро писандида, худ ворисони А.Остужев, А. Хорава, Р.Симонов, А. Ханов ва дигарон ба ҳисоб меравад».
Евгений Симонов, Ҳунарманди мардумии СССР, роҳбари бадеии «Театри Дӯстии халқҳо»
«Бисёриҳо мегӯянд, ки театр тамошобини худро гум кардааст – эҳтимол мемирад. Агар ҳунарманд ва коргардоне чун Ҳошим Гадо рӯйи кор аст ҳеҷ гоҳ намемирад. Далели ин гуфтаҳо «Эдип».
К.Лавров – Москав
«Ман намоишномаи «Эдип»-ро дар Фаронса ва Бритониёи Кабир бо забонҳои фаронсавию англисӣ дидаам. Вале «Эдип»-и Ҳошим Гадои арҷманд чанд сару гардан аз онҳо боло меистод».
Неъмати Озарм, шоири эронии муқими Порис
«Эдип»-и Шумо - Ҳошим Гадо, вуҷудамро ба ларза даровард. Таманно дорам, ки «Спартак»-атонро низ бубинам».
Александр Владмирович, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Белорус
«Ҳошим Гадо бо тамоми эҳсосот дар сиришти нақш зоҳир гардида ва бо пирӯзӣ образро бозид, ки гӯё рӯҳи Эдип дар баданаш ҷой гирифта бошад».
Доктор Ҷалолиддин Сидқӣ – Кобул
«Маҳорати баланди ҳунармандӣ ва коргардониро бо дили пур метавон гуфт, ки ба Ҳошим Гадо муясар шуд»!.
Муҳаммад ибни Қитаф – Алҷазоир
«Банда дар Тоҷикистон аз дидани намоишномаи «Эдип», ки бо лаҳни форсӣ буд ниҳояд шодам. Нақшофарии олии ҳунрманд Ҳошим Гадо бениҳояд хушам омад».
Маҳиндухти Сиддиқиён, устоди адабтёти форсии Донишгоҳи Эрон
«Аз ҳамон лаҳзае, ки ҳамроҳи Ҳошим Гадо дар филми «Бедоршавӣ»-и «Узбекфилм» нақшҳои асосиро бозида будем ба ҳунараш тан дода будам».
Зикир Муҳаммадҷонов, Ҳунарманди мардумии СССР
«Умумисаройӣ – хор, ороиш, бозии ҳунармандон ва алалхусус маҳорати баланди Ҳошим Гадо ҳама аъло буданд. Дар воқуъ «Эдип»-и Тоҷикон нотакрор аст».
М.К.Аникушин, рассоми халқии СССР
Ман ҳамеша бо рӯҳи хеш дар гуфтушунидам, ки эй дил ба ҳуш бош, ва гӯш ба тани сиҳат деҳ! Ҳамасола аз ҷаҳони ҷисм мавҷи сурӯши ғайбӣ хоҳад хест, ки ин садоро на ту балки гӯши ҷон хоҳад шунид. Вале сухане, ки забони ҷон мегӯяд, агар дастам мерасид ба тамоми рӯйи дунё сулҳ меовардам. Вале агар қудрати шунавондан ба ҷаҳонро медошт, бо тамоми ҳастӣ мегуфт:
Ин ҷҳон ҷаҳони муқаддас аст!
Ин замин замини муқаддас аст!!
Ин ҳунар ҳунари муқаддас аст!!!
Ин инсон инсони муқаддас аст!!!!
Ҳошим Гадои Шумо
Рӯзе «Орзу дорам, ки намоишномаи «Спартак»-ро рӯйи саҳна биёраму баъд дар ватанаш – Булғория ва Рим намоиш диҳам, баъдан аз дунё беормон хоҳам рафт» гуфта буд.
Ба андешаи ман ӯ худ дар зиндагӣ Спартак буд ва мисли Спартак бо сари баланд дунёро падруд хоҳад гуфт, боз ҳам мисли Спартак исмаш асрҳо ҷовидона хоҳад монд.
Дидани баҳори ҳаштоду - дуюм боз ҳам барояш комёбиҳо биёрад…
Ҷамъоваранда Тоҳир Назар
Мустанади кутоҳи Радиои Озодӣ дар бораи Ҳошим Гадо