Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таниши дигар дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон


Шоми 22-юми апрел дар минтақаи марзии Ворухи Исфара ва Оқсойи Бодканд миёни сокинон моҷаро бархостааст. Ҷонибҳо якдигарро ба сар задани ин ҳодиса муттаҳам мекунанд.

Мақомоти марзбонии Қирғизистон гуфтаанд, ки як шаҳрванди тоҷики сокини деҳаи Ворухи Исфара як писари 8-солаи сокини деҳаи Оқсойро ғайриқонунӣ боздошт кардааст. Вале мақомоти тоҷик инро рад карда ва мегӯянд, ки сокини Исфара он шаҳрванди Қирғизистонро барои шикастани шишаи экскватори худ боздошт карда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон таслим намудааст.

Ин ҳодисаи марзӣ дар ҳоле рух дод, ки моҳи гузашта дар марзи Исфара бо Бодканд моҷаро бархост ва боис ба ҳалокати ду шаҳрванди Тоҷикистон ва захмӣ шудани беш аз бист нафар аз ду ҷониб шуд.

Бино ба хабари расмии мақомоти марзбонии Қирғизистон, соати тахминан 9-и шоми 22-юми апрел як сокин Ворух як писари 8-солаи сокини деҳаи Оқсойи Қирғизистонро ҳудуди ним соат бо худ нигоҳ дошта, сипас ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи тоҷик таслим кардааст. Мақомоти тоҷик ба навбати худ писаракро ба волидайнаш баргардониданд.

Мақомот ва сокинони ҷамоати Ворух ҳамзамон даъвои ҷониби Қирғизистон дар мавриди қонуншикании шаҳрвандони Тоҷикистонро радд мекунанд. Ғафурҷон Ҷӯраев, раиси маҳаллаи Тоҷикони ҷамоати Ворух рузи 23-юми апрел дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, шоми дирӯз сокинони деҳаи Оқсой шишаҳои як экскватори ҷониби Тоҷикистон шикастанд ва ба чанде аз мошинҳои мусофирбар зарар расониданд.

"Чунин ҳолат хашми сокинониро ба вуҷуд оварду чанд ҷавони ворухӣ як мошини қирғизҳоро зарар расониданд, кормандони Шуъбаи корҳои дохилӣ зуд ҳозир шуданду се нафар аз сокинони Ворухро боздошт намуданд, ки ҳоло дар боздоштгоҳ ҳастанд",- афзуд вай дар шарҳи ҳодиса. Ин мақоми маҳаллӣ ҳамзамон афзуд, ки субҳи имрӯз вазъ дар Ворух ором аст ва ҳеҷ танише аз ҷониби маҳаллаҳои қирғизнишин ба назар намерасад.

Як сокини маҳаллӣ ҳам субҳи 23-юми апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, он сокини Ворух писаракро ғайриқонунӣ дастгир накард, балки баъди он, ки оинаи тирезаи тракторашро бо санг зада шикаст, ба дасти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супорид. Дертар писарбача ба тарафи қирғиз супурда шудааст.

Дар пайи ин ҳодиса сокинони деҳаи Оқсой шаби гузашта роҳи Ворухро баста, ба рафтуомади нақлиёти сокинони Ворух мушкил эҷод карданд. Ба гуфтаи сокинони Ворух, ба сӯи мошинҳои ҳамдигар низ сангандозӣ карда, оинаҳои чанд мошинро шикастаанд.

Ҳамзамон мақомоти марзбонии Исфара ва Бодканд дар ҷои муноқиша мулоқот карда, аз эҳтимоли бузургтар шудани муноқиша ҷилавгирӣ кардаанд. Дар мулоқот ба риояти тавофуқи ба даст омада дар моҳи март, оиди кор нагирифтан аз аслиҳа дар ҳалли баҳсҳо ва бо роҳи муколама ҳалл кардани онҳо, таъкид шудааст. Ба гуфтаи сокинони Ворух, ҳоло вазъ дар маҳали муноқиша ором буда, мақомот миёни сокинон корҳои "фаҳмондадиҳӣ" мебаранд.

Ин ҳодисаи марзӣ дар ҳоле рух дод, ки моҳи гузашта дар марзи Исфара бо Бодканд моҷаро бархост ва боис ба ҳалокати ду шаҳрванди Тоҷикистон ва захмӣ шудани беш аз бист нафар аз ду ҷониб шуд.

Моҷаро баъди он сар зад, ки сокинони Ворухи Тоҷикистон бо корҳои сохтмонии роҳи Бодканд-Оқсой-Тамдиқ мухолифат карданд. Дар пайи ин моҷаро ба раҳбарии муовинони сарвазирони ҳарду кишвар музокирот баргузор шуд.

Бар асоси созиши ҷонибҳо, амнияти қаламрави марзиро патрулҳо якҷоя назорат карда, амнияти шаҳрвандони ду кишварро таъмин мекунанд. Масъулони ду кишвар дар пай гуфтанд, ки тамоми посгоҳҳо бардошта мешавад ва роҳ барои равуои мардум байни Ворух ва Оқсой дар маҳалли сарҳадӣ боз мешавад.

Тоҷикистон бо Қирғизистон беш аз 970 километр марз дорад ва аз ин ҳисоб беш аз 470 километри он муайян ва аломатгузорӣ нашудааст. Ҳамин номуайянӣ боис мешавад, ки сари чанд вақт сокинон барои сохтмони роҳ ва обу чарогоҳ бо ҳам даргир шаванд.

XS
SM
MD
LG