Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поёни музокироти Тоҷикистону Қирғизистон. Мақомот ба сохтмони 2 роҳ иҷозат доданд. ВИДЕО


Азим Иброҳим, Раҷаббой Аҳмадзода ва Ҷениш Раззоқов баъди анҷоми музокироти Тоҷикистону Қирғизистон дар Ворух
Азим Иброҳим, Раҷаббой Аҳмадзода ва Ҷениш Раззоқов баъди анҷоми музокироти Тоҷикистону Қирғизистон дар Ворух

Музокироти мақомоти баландпояи Тоҷикистону Қирғизистон дар робита бо муноқиша дар марзи ду кишвар ба анҷом расид ва мувофиқаи ҳосилшуда дар як протоколи муштарак сабт шуд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ рӯзи 18 март аз ҷамоати Ворух хабар дод, ки дар пайи музокирот раҳбарони ҳайатҳо - Азим Иброҳим, муовини нахуствазири Тоҷикистон ва ҳамтои қирғизи ӯ Ҷениш Раззоқов дар хатти марзи байни деҳаҳои Хоҷааълои Тоҷикистон ва Оқсои Қирғизистон як нишасти хабарӣ доир карданд.

Азим Иброҳим: Дар Ворух патрули муштарак амал хоҳад кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:45 0:00

Бар асоси мувофиқаи дуҷониба, қарор шуд, ки ҷониби Қирғизистон ба бунёди қитъаи роҳи моҷаробарангези Ботканд-Оқсой-Тамдиқ "ба хотири убури чорво" идома медиҳад ва баробар бо ин, ба сокинони Тоҷикистон иҷоза мешавад, ки дар 2-километрии ҷанубтари ин қаламрав дар қитъаи роҳи Ворух-Сомониён-Исфара роҳи худро бисозанд.

Акси яке аз рӯзҳои музокирот аз вебсайти ВКД Қирғизистон
Акси яке аз рӯзҳои музокирот аз вебсайти ВКД Қирғизистон

Хабарнигори Радиои Озодӣ аз қавли Азим Иброҳим гуфт, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон ба мувофиқа расиданд, ки дар навбати аввал афродеро, ки даст ба ҷиноят зада, боиси сар задани муноқиша шуданд ва боиси кушта шудани ду нафар гардиданд, ба ҷавобгарӣ мекашанд.

Дар пайи муноқишаи 13-14 март дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ду шаҳрванди Тоҷикистон аз тири силоҳ кушта шуда, беш аз 20 нафар, аз ҷумла 3 шаҳрванди Қирғизистон ҷароҳат бардоштанд. Ин моҷаро баъди он сар шуд, ки сокинони деҳоти Ворухи Тоҷикистон бо корҳои сохтмонии роҳи Ботканд-Оқсой-Тамдиқ мухолифат карданд. Дар пайи ин моҷаро ба раҳбарии муовинони сарвазирони ҳарду кишвар музокирот шурӯъ шуд, ки рӯзи 18 март ба поён расид.

Рӯзи 18 март сокинони Ворух аз саҳнаи баъди музокироти мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон назорат мекарданд
Рӯзи 18 март сокинони Ворух аз саҳнаи баъди музокироти мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон назорат мекарданд

Бар асоси мувофиқаи дигари ҷонибҳо, амнияти қаламрави марзиро патрулҳои полиси якҷоя назорат карда, амнияти шаҳрвандони ду кишварро таъмин мекунанд. "Тамоми посгоҳҳо бардошта мешаванд ва роҳ барои равуои мардум байни Ворух ва Оқсой дар маҳалли сарҳадӣ боз мешавад",- гуфт хабарнигори Радиои Озодӣ дар пайи брифинги мақомоти ду кишвар.

Мақомоти ҳарду кишвар дар поёни нишасти хабарӣ ҳарду ҷониб, бахусус сокинони деҳоти наздимарзиро ба оромиш ва субот даъват карда, гуфтанд, ки бояд тамоми талош ба харҷ дода шавад, то дигар чунин ҳодисаҳо такрор нашавад.

Таърихи баҳсҳои марзӣ дар водии Фарғона
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:13 0:00

Азим Иброҳим: Гунаҳгорон ҳатман ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд

Муовини нахуствазири Тоҷикистон ва раиси Комиссиюни аломатгузории марз Азим Иброҳим баъди анҷом музокирот ва имзои протокол дар сӯҳбати кӯтоҳаш бо намояндагони матбуот гуфт, ки мавзӯи марз як масъалаи ҳассос аст. Ӯ дар посух ба саволи хабарнигорон гуфт, ки ба хотири роҳ надодан ба иттилои иштибоҳӣ тасмими мақомот дар давоми панҷ рӯзи музокирот ин шуд, ки дар бораи ҷараёни сӯҳбатҳо бо матбуот сӯҳбат нашавад. "Вале як мувофиқаи муҳими мо, ки дар протокол ҳам инъикос шудааст, ин аст, ки бояд омилони сар задани ин моҷаро ҳатман ба ҷавобгарӣ кашида шаванд", гуфт Азим Иброҳим.

Азим Иброҳим
Азим Иброҳим

Ӯ гуфт, ду марде, ки кушта шуданд, оила доштанд ва баъди сари онҳо сефарзандӣ ҳар ҳар оила бепадар монд. "Ба додситониҳо супориш додем, ки ҳатман гунаҳгорон пайдо ва муҷозот шаванд, ин хеле муҳим аст".

Муовини нахуствазири Қирғизистон Ҷениш Раззоқов дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки тавофуқҳои ҳосилшуда "мутобиқ бо манфиатҳои ҳарду ҷониб, ҳам Тоҷикистон ва ҳам Қирғизистон" ҳосил шудааст. Раззоқов гуфт, ки ҳарду ҷониб ҳам инро дарк мекунанд, ки бояд барои ҳалли мушкили мардум ва ҳам фароҳам овардани шароити муносиби зиндагӣ бояд "тасмимҳои созанда" гирифта шаванд, то ки, ба гуфтаи ӯ, "чунин низоъҳо дигар ҳеҷ гоҳ такрор нашаванд".

Ҷениш Раззоқов
Ҷениш Раззоқов

Роҳбандӣ баъди муноқиша

Ягона роҳи мошингарди байни Исфара ва Ворух, ки аз тариқи деҳаи Оқсойи Қирғизғистон мегузарад, панҷ рӯзи охир баста аст. Ин роҳ ба дунболи муноқишаи рӯзҳои 13 ва 14-уми марти имсол, ки дар пайи сохтмони роҳи Оқсой-Тамдиқи Қирғизистон сар зад, баста шуд.

Дар муноқишаҳо ду шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва беш аз бист нафари дигар захмӣ гардиданд. Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, дар ин ҳодиса се шаҳрванди он кишвар ҷароҳат бардоштаанд.

Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 970 километр марз доранд ва аз ин ҳисоб беш аз 470 километри он муайян ва аломатгузорӣ нашудааст. Ҳамин номуайянӣ боис мешавад, ки сари чанд вақт сокинон барои сохтмони роҳ ва обу чарогоҳ бо ҳам даргир шаванд.

XS
SM
MD
LG