Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалли баҳсҳои марзӣ. Гурӯҳҳои кории ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон ҷаласа карданд


Ҷениш Ҳайдаров
Ҷениш Ҳайдаров

Ҷениш Раззоқов – муовини нахуствазири Қирғизистон – ба Душанбе омад ва, қарор аст, бо мақомоти Тоҷикистон масъалаи таъйин ва аломатгузории минтақаҳои баҳсӣ дар марзро баррасӣ кунад.

Ҷениш Рустенбеков, сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон, баъд аз зӯҳри 5-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, қарор шуд музокироти комиссиюни байниҳукуматии аломатгузории марзи ду кишвар ба раҳбарии муовинони нахуствазири ду кишвар субҳи 6 апрел баргузор шавад. Қаблан Рустенбеков гуфта буд, ки ин музокирот баъд аз зӯҳри 5 апрел ҷараён мегирад. Сафир гуфт, ки рӯзи ҷумъа муовинони нахуствазирони Тоҷикистон ва Қирғизистон - Азим Иброҳим ва Ҷениш Разоқов бо ҳам мулоқот доштанд.

Рустенбеков гуфт, ба хотири он ки шомили гуруҳи корӣ нест, ҷузъиёти зиёдро намедонад. Вале, ба гуфтаи ӯ, рӯзи 5 апрел дар Душанбе гурӯҳҳои кории ҳукуматҳои ду кишвар ҷаласа карда, масоили мавриди баррасӣ дар нишасти фардоро муҳокима карданд. Ӯ гуфт, ки масъалаи аслии мавриди баррасӣ дар ин нишаст ба мақоми ҳуқуқии қаламравҳои баҳсӣ дар сарҳади ду кишвар бахшида мешавад. Ба гуфтаи ӯ, яке аз аъзои ҳайати ҳукуматии Қирғизистон, ки барои ширкат дар музокирот ба Душанбе омадааст, раиси кумитаи идораи замини Қирғизистон мебошад.

Дар Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар нишаст дар мавриди қитъаҳои баҳснок дар маҳаллаҳои Ворух ва Хоҷа Аълои Исфара ва Оқсойи Бодканд суҳбат мешавад.

Ин музокирот дар ҳоле баргузор мешавад, ки моҳи гузашта дар марзи Исфара бо Бодканд моҷаро бархост ва боис ба ҳалокати ду шаҳрванди Тоҷикистон ва захмӣ шудани беш аз бист нафар аз ду ҷониб шуд.

Дар видео: ​Таърихи баҳсҳои марзӣ дар водии Фарғона

Таърихи баҳсҳои марзӣ дар водии Фарғона
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:13 0:00

Моҷаро баъди он сар зад, ки сокинони Ворухи Тоҷикистон бо корҳои сохтмонии роҳи Бодканд-Оқсой-Тамдиқ мухолифат карданд. Дар пайи ин моҷаро ба раҳбарии муовинони сарвазирони ҳарду кишвар музокирот оғоз шуд, ки рӯзи 18-уми март ба поён расид.

Бар асоси мувофиқаи ҷонибҳо, амнияти қаламрави марзиро патрулҳо якҷоя назорат карда, амнияти шаҳрвандони ду кишварро таъмин мекунанд. Масъулони ду кишвар дар пай гуфтанд, ки тамоми посгоҳҳо бардошта мешавад ва роҳ барои равуои мардум байни Ворух ва Оқсой дар маҳалли сарҳадӣ боз мешавад.

Тоҷикистон бо Қирғизистон беш аз 970 километр марз дорад ва аз ин ҳисоб беш аз 470 километри он муайян ва аломатгузорӣ нашудааст. Ҳамин номуайянӣ боис мешавад, ки сари чанд вақт сокинон барои сохтмони роҳ ва обу чарогоҳ бо ҳам даргир шаванд.

XS
SM
MD
LG