Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти Тоҷикистону Қирғизистон пас аз моҷарои Ворух


Рӯзи ҷумъаи 5-уми апрел дар шаҳри Душанбе музокироти ҳайатҳои Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон сурат мегирад, ки дар он масъалаҳои марзӣ баррасӣ хоҳад шуд. Ин музокирот дар ҳоле баргузор мешавад, ки моҳи гузашта дар марзи Исфара бо Ботканд моҷаро сурат гирифт ва боиси ҳалокат ва захмӣ шудани сокинон аз ду ҷониб шуд.

Сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон Ҷениш Рустенбеков​ рӯзи 4 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ки масъалаи аслии мавриди баррасӣ дар ин нишаст - нуқоти баҳсии марзӣ мебошад, ки ҳанӯз мақоми ҳуқуқии онҳо маълум нест, яъне аломатгузорӣ нашудаанд. Ӯ гуфт: "Нисфи зиёди хатти марз муайян шудааст. Масъалаи мушкил танҳо дар минтақае, ки муноқиша сар мезанад боқӣ мондааст. Ин масъалро бояд ҳал кунем. Агар ҳал накунем, барои ҳамеша чунин муноқишаҳо боқӣ хоҳанд монд".

Дар Раёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гуфтанд, ки дар ин нишаст роҷеъ ба қитъаҳои мавриди баҳс дар маҳаллаҳои Воруху Хоҷа Аълои Исфара ва Оқсойи Ботканд баҳсу баррасӣ сурат хоҳад гирифт.

Хабаргузории "Азия плюс" мегӯяд, ки дар музокирот муовини сарвазири Қирғизистон Ҷениш Разоқов низ иштирок хоҳад кард. Қаблан шӯъбаи иттилооти дастгоҳи президенти Қирғизистон назари муовини сарвазири ин кишвар Ҷениш Разоқовро нашр карда буд, ки ҳайати Бишкекро дар гуфтугӯҳои марзӣ бо Душанбе раҳбарӣ мекунад.

Дар пайи муноқишаи 13-14 март дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ду шаҳрванди Тоҷикистон аз тири силоҳ кушта шуда, беш аз 20 нафар, аз ҷумла 3 шаҳрванди Қирғизистон ҷароҳат бардоштанд. Ин моҷаро баъди он сар шуд, ки сокинони деҳоти Ворухи Тоҷикистон бо корҳои сохтмонии роҳи Ботканд-Оқсой-Тамдиқ мухолифат карданд. Дар пайи ин моҷаро ба раҳбарии муовинони сарвазирони ҳарду кишвар музокирот шурӯъ шуд, ки рӯзи 18-уми март ба поён расид.

Бар асоси мувофиқаи дигари ҷонибҳо, амнияти қаламрави марзиро патрулҳои полиси якҷоя назорат карда, амнияти шаҳрвандони ду кишварро таъмин мекунанд. Масъулони ду кишвар дар пай гуфтанд, ки тамоми посгоҳҳо бардошта мешаванд ва роҳ барои равуои мардум байни Ворух ва Оқсой дар маҳалли сарҳадӣ боз мешавад.

Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 970 километр марз доранд ва аз ин ҳисоб беш аз 470 километри он муайян ва аломатгузорӣ нашудааст. Ҳамин номуайянӣ боис мешавад, ки сари чанд вақт сокинон барои сохтмони роҳ ва обу чарогоҳ бо ҳам даргир шаванд.

XS
SM
MD
LG