Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар музокироти рӯзи 15-уми март тавофуқ кардаанд, ки "гунаҳкорони низоъ" дар марзи ду кишварро пайдо ва нисбат ба онҳо "қарори воқеӣ" қабул мекунанд. Дар натиҷаи муноқишаи рӯзҳои 13 ва 14-уми март миёни сокинони Исфара ва Бодканд, ду шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва беш аз 20 нафари дигар, аз ҷумла ду сокини Қирғизистон, маҷрӯҳ шуданд.
Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон рӯзи ҷумъа хабар дод, ки музокирот бо иштироки муовинони нахуствазири ду кишвар баргузор шуд ва дар ҷараёни он вазирони умури дохилӣ Рамазон Раҳимзода ва Қашқар Чунушалиев ҳам иштирок доштанд.
Ба қавли манбаъ, бар асоси тавофуқ, як гуруҳи тафтишотӣ аз ҷониби мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон низоъ дар марзи Исфара ва Бодкандро тафтиш мекунанд.
Инчунин, аз ҳисоби мақомоти дохилии ду тараф патрулҳои шабонарӯзӣ дар марз ташкил хоҳад шуд. Ҳадаф аз ташкили ин патрулҳо ба гуфтаи мақомоти қирғиз, таъмини амнияти шаҳрвандон, тақвияти ҳифозати марзҳои давлатӣ ва расонидани кумак ба сокинони минтақаҳои наздимарзии вилояти Ботканд ва Суғд мебошад.
Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон мегӯяд, тафтиши қазия дар марзи Исфара ва Бодканд оғоз шудааст. Аммо то ба ҳол мақомоти Тоҷикистон ҷузъиёти музокироти рӯзи ҷумъаро ошкор накардаанд. Хабарнигоронро ба музокирот роҳ надоданд.
Вокуниши порлумони Тоҷикистон ба муноқиша дар марз
Маҷлиси Намояндагон - палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон - ба муноқиша дар марзи кишвар бо Қирғизистон вокуниш кард ва гуфт, қазияро аз наздик пайгирӣ дорад ва ба ҷои ҳодиса намояндаи худро фиристодааст.
Дар натиҷаи муноқишаи рӯзҳои 13 ва 14-уми март, ду шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва беш аз 20 нафари дигар, аз ҷумла ду сокини Қирғизистон, маҷрӯҳ шуданд.
Вакилони порлумон рӯзи 15-уми март дар баёнияи расмӣ масъалаи марзи Тоҷикистону Қирғизистонро "аз масоили ҳассос" донистаанд, "махсусан баъд аз он ки онҷо ҳамватани мову шумо қурбон шудааст".
- "Бародароне, ки маълумоти муфассал надоранд, ба эҳсосоти хунгармона дода нашаванд. Бояд дарк кунанд, ки вакилони мардумии Тоҷикистон ҳеч гоҳ хомӯш набудаанд. Ҳамагуна воқеаву рӯйдодро, ки манфиатҳои миллат, давлат ва Тоҷикистонро дар бар мегирад, пайгирӣ менамоянд. Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки дар баробари Комиссияи ҳукуматӣ чанд рӯз аст, вакилони Маҷлиси намояндагон, аз ҷумла Мавзуна Шамсиддинзода дар ҷойи ҳодиса қарор доранд ва дар паҳлӯи мардуми Исфара масъаларо пайгирӣ менамоянд", - гуфта шудааст дар баёния.
Ворух пас аз ду рӯзи пуртаниш
Вазъ дар ҷамоати Ворухи Исфара пас аз ду рӯзи пуртаниш зоҳиран ором ба назар мерасад. Хабарнигори Радиои Озодӣ, ки дар ҷои ҳодиса қарор дорад, гуфт, вале мардум ҳанӯз аз эҳтимоли сар задани ҳар гуна моҷаро нигаронанд.
Мақомоти маҳаллӣ аз ҳарду тараф ҳам мегӯянд, то замоне ки мушкили аломатгузории марз ҳал нашавад, даъвоҳо барои дастрасӣ ба манобеи об, замину роҳ ва чарогоҳҳоро хотима намеёбад.
Ба гузориши хабарнигори Радиои Озодӣ, мақомоти баландпояи тоҷик, аз ҷумла Азим Иброҳим, муовини нахуствазир, Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилӣ, Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи нерӯҳои марзбонӣ ва дигарон дар Исфара қарор доранд. Бо ҳадафи поён додан ба танишҳо, миёни мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон музокирот оғоз шудааст, вале хабарнигоронро ба нишаст роҳ надодаанд.
Шоми гузашта Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд бо волии Бодканд дар Исфара музокирот дошт. Аммо, ба гуфтаи манобеъ, ин гуфтушунид бенатиҷа анҷом ёфтааст. Дар ҳошияи мулоқоти раисони вилоятҳои Суғду Бодканд, дар деҳаи Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара, ҳамчунин раҳбарони мақомоти пулис, амният, раисони шаҳрҳои Исфараву Бодканд бо ҳам мулоқот кардаанд.
Шӯъбаи вазорати корҳои дохилӣ дар Исфара мегӯяд, мавзӯи аслии ин гуфтушунид қатъ кардани сохтмони роҳи Оқсой-Тамдиқ буд, ки оғози бунёди он ва мухолифати сокинони деҳкадаи Тоҷикони Ворух ба он, ба сар задани муноқиша боис гардид.
Вале сокинони деҳаи Оқсой тахминан соати 3-и баъд аз зуҳри рӯзи 14-уми март шӯрида, марзбонони қирғиз роҳи мошингарди Ворух-Исфараро дубора бастанд ва Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар Ворух дармонд. Раиси вилояти Суғд дертар ба шаҳри Хуҷанд баргашт.
Ҳамин тавр, гуфтушуниди ҷонибҳои Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 14-уми март натиҷае ба бор наовард ва сокинони минтақаҳои марзӣ маҳалҳои иқомат ва роҳҳои марзиро ба хотири таъмини бехатарии худ баста, барои роҳ надодан ба идомаи муноқишаҳо, навбатдорӣ мекунанд.
Роҳи мошингарди Исфара-Ворух, ки аз байни деҳаи Оқсойи наздикии Ворух мегузард, ҳамоно баста аст. Вазъ дар шаҳри Исфара мисли рӯзҳои муқаррарӣ орому оддӣ ба назар мерасад. Дар канори роҳҳои мошингард кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ ҷо-ҷо посбонӣ доранд ва мошинаҳои онҳо ҳам дар гардиш аст.
Бо ин вуҷуд, дар ҳоле, ки мақомоти баландпояи ду кишвар - президентон ва нахуствазирон бо пахши изҳороти расмӣ хостори ҳалли мусолиматомези ихтилофҳо ва хатми хушунатҳо шуданд, сокинони ҳарду ҷониб мегӯянд, то замони муаллақ ва ҳалношуда мондани мақоми ҳуқуқии қаламравҳои баҳсии марзӣ, хатари бурузи ҳодисаҳо боқӣ мемонад.
Маркази матбуоти Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Тоҷикистон шоми 14 феврал бо пахши изҳороте гуфт, ки сарфи назар аз тадбирҳои амниятӣ, вазъ дар марзи ду кишвар мураккаб боқӣ мемонад. Ин сохтор бори дигар ҷониби Қирғизистонро дар он муттаҳам кард, ки монеи гуфтушуниди ҳайатҳои ҳукуматӣ барои ҳалли низоъ шуданд.
Дар натиҷаи ин ҳодиса, рӯзи шаҳрванди Тоҷикистон Расоиддин Тешаеви 37-сола, сокини маҳаллаи Тидони ҷамоати деҳоти Ворух ба ҳалокат расид. Рӯзе аз ин пеш дар пайи тири силоҳе, ки мақомоти тоҷик онро шикорӣ номиданд, Ҳусейн Ҳакимови 43-сола кушта шуд. Ба иттилои сарҳадбонони тоҷик, рӯзи панҷшанбе Ансориддин Ҳайдарови 16-сола, сокини маҳаллаи Тидони ҷамоати деҳоти Ворух аз дасти чапаш маҷрӯҳ шуд. Мақомоти марзбонӣ дар бораи осеби ҷисмонӣ дидани ду сокини дигари маҳалллӣ хабар доданд.
Дар ҳамин ҳол, хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтааст, ки тири ба ҳаво холишуда "хусусияти огоҳкунанда" дошт. Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, ки дар ҳодисаҳои рӯзи 14-уми март як ходими милисаи ин кишвар маҷрӯҳ шуд.
Ба иттилои Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон, муноқиша миёни сокинони Оқсойи ноҳияи Бодканд ва деҳаи Меҳнатободи Ворухи Тоҷикистон баъд аз зӯҳри рӯзи чаҳоршанбе рух дод. Мақомоти қирғиз сабаби ин моҷароро кор дар сохтмони роҳ миёни Оқсой-Тамдиқи ноҳияи Бодканд гуфтаанд.
Рӯзи 14 март мақомоти Қирғизистон гуфтанд, ки қитъаи замине, ки дар он моҷаро бархост, ба ҳудуҳои ин кишвар шомил аст. Вале Тоҷикистон мегӯяд, ин қитъа мақоми баҳсӣ дорад ва бар асоси мувофиқаи ҷонибҳо ва санадҳои то имрӯз дар доираи музокироти байнидавлатии аломатгузории марзи ду кишвар ҳосилшуда, ҳеҷ ҷониб ҳақ надорад дар ин қаламрав корҳои сохтмонӣ анҷом диҳад.
Хатти марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр тӯл дорад ва то кунун танҳо 504 километри он таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Дар минтақаҳои аломатгузоринашудаи марз, умдатан дар байни вилоятҳои Суғд ва Бодканд, борҳо сокинон барои дастрасӣ ба обу чарогоҳ даст ба гиребон шудаанд. Панҷ сол пеш даҳҳо моҷароҳои марзӣ дар байни сокинони ду кишвар боис ба кушта шудани дастикам чаҳор нафар шуд.
Мақомоти маҳаллӣ аз ҳарду тараф ҳам мегӯянд, то замоне ки мушкили аломатгузории марз ҳал нашавад, даъвоҳо барои дастрасӣ ба манобеи об, замину роҳ ва чарогоҳҳоро хотима намеёбад. Решаи мушкилот дар мавқеи ҷонибҳо аст, ки як кишвар ба харитаи солҳои 1920-ум ва ҷониби дигар ба харитаи сарҳадии солҳои 1950-ум такя мекунад.