Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Умед Ҳасанбеков барои истеъмоли "допинг" муҷозот шуд


Умед Ҳасанбеков, узви дастаи мунтахаби самбои Тоҷикистон, бо тасмими Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS) барои истеъмоли допинг ё маводи дорувории барои варзишгарон мамнуъ ба муҳлати чаҳор сол - то 6-уми феврали соли 2023 - аз ҳаққи ширкат дар мусобиқоти байналмилалӣ маҳрум гаштааст. Дар ин бора FIAS дар сомонаи расмии худ хабар додааст.

Дар рӯйхати нашркардаи Федератсияи байналмилалии самбо феълан номи 19 варзишгар аз 10 кишвар - Русия (6 нафар), Қазоқистон (4 нафар), Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (2 нафар), Белгия, Венесуэла, Парагвай, Сербия, Қирғизистон, Муғулистон ва Тоҷикистон (якнафарӣ) - зикр шудааст, ки дар истеъмоли маводи мамнуъ ё допинг дар мусобиқоти мухталифи байналмилалӣ муттаҳам шуда, ба муҳлати ду ва чаҳор сол муҷозот шудаанд.

Ба иттилои ин манбаъ, бар асоси Қоидаҳои зиддидопинги FIAS 12-уми сентябри соли гузашта ҳангоми ташхис дар бадани Умед Ҳасанбеков маводҳои мамнуъ -- станозолол ва марбути метаболит (Stanozolol -- 3-hydroxystanazolol, 4- hydroxystanozolol, 16B-hydroxystanozolol) ёфт шудааст, ки Оҷонсии ҷаҳонии зидди допинг (WADA) онҳоро ба "рӯйхати сиёҳ"-аш ворид кардааст.

Ёдовар мешавем, Умед Ҳасанбекови 30-сола дар мусобиқаи самбо аз рӯи барномаи Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ, ки моҳи сентябри соли гузашта дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия баргузор шуд, медали нуқра гирифт. Ӯ дар рақобатҳо дар вазни зери 90 кило баъди се пирӯзӣ бар варзишгарони Тайбэйи Чин, Индонезия ва Қазоқистон ба финал баромад, вале дар даври ниҳоӣ аз Камолиддин Холмаматови узбекистонӣ шикаст хӯрд.

Бар асоси қоидаҳои байналмилалӣ, Умед Ҳасанбеков аз Бозиҳои XVIII осиёӣ дар Индонезия хориҷ ва натиҷаҳои нишондодааш дар мусобиқаи самбо бекор карда шуд. Бинобар ин, ӯ аз медали нуқра маҳрум гашт.

XS
SM
MD
LG