Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷ муҳоҷири тоҷик дар Русия ҳалок шудаанд


Дар Русия дар гузашта муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ бар асари нафас гирифтани дуди заҳролуд ҳалок шудаанд
Дар Русия дар гузашта муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ бар асари нафас гирифтани дуди заҳролуд ҳалок шудаанд

Дар фоҷиае дар яке аз ноҳияҳои Перми Русия панҷ муҳоҷири тоҷик бар асари нафас гирифтани дуди заҳролуди ангишт ҷон додаанд.

Панҷ муҳоҷири тоҷик дар яке аз ноҳияҳои вилояти Перми Русия ба эҳтимоли ғолиб бар асари нафас гирифтани дуди заҳролуди ангишт ҳалок шудаанд. Раҳматулло Мазориев, узви Шӯрои муносиботи байни миллату мазҳабҳо, ки тобеъи Маҷлиси шаҳри Перм аст, рӯзи 31-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки фоҷиа рӯзи 30-уми май дар ноҳияи Гремячинск ба вуқӯъ пайвастааст. Ба гуфтаи Раҳматулло Мазориев, ду нафари қурбониён сокинони ноҳияи Қумсангир буда ва яке аз онҳо бо номи Эшони Муқим дар миёни муҳоҷирони тоҷик дар Перм обрӯву эҳтироми зиёд доштааст. Се нафари дигар низ аз вилояти Хатлон ва ду танашон сокинони Ҷалолиддини Румӣ будаанд.

Мусоҳиби Радиои Озодӣ афзуд, ки ҳамаи ин панҷ нафар дар ноҳияи Гремячинск, ки як минтақаи истироҳатист, ба корҳои сохтмонӣ ва бунёди коттеҷ машғул будаанд ва дар як кулбаи чӯбине, ки панҷара надоштааст, зиндагӣ мекарданд. Бинобар сардии ҳаво, онҳо дар дохили кулба барои пухтани таом оташ афрӯхта ва аз ҷумла ангишт ҳам истифода кардаанд. Зоҳиран дуди заҳролуди ангишт, ба тадриҷ муҳоҷиронро аз пой афкандааст ва дигар онҳо маҷоли берун омадан аз кулбаро накарда ва дар дохил фавтидаанд.

Ҷавонтарини онҳо тақрибан 25 сол дошта ва бақия аз 40 то 45-сола будаанд ва хонаводаҳояшон дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд. Раҳматулло Мазориев ҳамчунин гуфт, муфаттишони рус дар маҳалли ҳодиса ба таҳқиқ машғуланд ва осори зӯроварӣ дар бадани сокинони Тоҷикистон мушоҳида нашудааст.

Раёсати умури дохилии шаҳри Перм низ бо нашри баёнияи катбие гуфт, ки рӯзи 30-уми май дар бораи пайдо кардани ҷасади 5 нафар дар ноҳияи Гремянчинск иттилоъ гирифтааст ва бино ба арзёбиҳои пешакӣ онҳо бар асари заҳролуд шудан аз дуди ангишт ҷон додаанд.

Айни замон таҳқиқи ҷузъиёти ҳодиса идома дорад. Муҳаммади Эгамзод, намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Маскав низ ба Радиои Озодӣ гуфт, консулгарии кишвар дар Екатеринбург аз ин ҳодиса огаҳ шудааст ва ҳалокати шаҳрвандони кишварро пайгирӣ мекунад. Раҳматулло Мазориев узви Шӯрои муносиботи байни миллату мазҳабҳои тобеъи Маҷлиси шаҳри Перм гуфт, ки қарор шудааст, ҷасади муҳоҷирони тоҷик, ки ду нафарашон шаҳрвандии Русияро доранд, то рӯзи ҷумъаи оянда 9 июн ба Тоҷикистон фиристода шаванд.
XS
SM
MD
LG