Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 5 узви як хонавода аз дуди ангишт дар Симиганҷ


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангишт, панҷ нафар, аз ҷумла чаҳор кӯдак дар ҷамоати Симинганҷи ноҳияи Ваҳдат ҷон бохтаанд.

Тибқи иттилои вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, шаби 7 ба 8 уми декабр дар ҷамоати Симиганҷи ноҳияи Ваҳдат воқеъ дар 25 километри шарқи пойтахти Тоҷикистон, бар асари дуди ангишт панҷ нафар узви як оила, аз ҷумла чаҳор кӯдак заҳролуд шуда, ҷон додаанд.

Дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон имрӯз, 9 декабр бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин афрод бар асари заҳри ангишт дар нимишаб ва ҳангоми хоб ҷон доданд.

Сокинони ҷамоати Симиганҷ Маҷидова Насибаи 29-сола, Фаридаи 7 сола, Саидаслами 5 сола Фазилаи 4 сола ва Муҳаммади сесола дар манзили ҳангоми дар хоб буданашон аз дуди ғализи ангишт заҳролуд шуда, ба ҳалокат расидаанд.

Дар ҳамин ҳол вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ҳодисаи монанд ба фоҷиаи Симиганҷ, рӯзи гузашта сокини 56 солаи ноҳияи Спитамен бар асари заҳри ангишт ҷон додааст.

Вазорати корҳои дохилӣ аз сокинони кишвар бо назардошти марги сокинони бар асари заҳри ангишт даъват кардааст, ки боэҳтиёт бошанд.

XS
SM
MD
LG