Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чӣ гуна метавон аз фоҷиаҳо ҷилавгирӣ кард?


Қурбониёни ҳодиса ихроҷи гази ангишт дар ҷамоати Симиганҷи ноҳияи Ваҳдат. Акс аз шабакаи иҷтимоии Однокласники гирифта шудаааст.
Қурбониёни ҳодиса ихроҷи гази ангишт дар ҷамоати Симиганҷи ноҳияи Ваҳдат. Акс аз шабакаи иҷтимоии Однокласники гирифта шудаааст.

Дар зарфи як ҳафта дар Тоҷикистон бар асари ихроҷи гази ангишт, 6 нафар ҷон ва аз ҷумла 5 узви як хонавода, бо чаҳор тифли дӯстру ҷон доданд.

Вазорати умури дохилӣ гуфт, ки шаби 7 ба 8 уми декабр дар ҷамоати Симиганҷи ноҳияи Ваҳдат дар натиҷаи ихроҷи гази ангишт 5 узви як оила, аз ҷумла чаҳор кӯдак заҳролуд шуда, ҷон додаанд. Сокинони ҷамоати Симиганҷ Насиба Маҷидоваи 29-сола, Фаридаи 7-сола, Саидаслами 5-сола Фазилаи 4-сола ва Муҳаммади сесола ҳангоми хобашон аз дуди ғализи ангишт заҳролуд шудаанд. Дар ҳодисаи монанд ба фоҷиаи Симиганҷ, рӯзи 8-уми декабр сокини 56-солаи ноҳияи Спитамен бар асари заҳри ангишт ҷон додааст.

Ингуна ҳодисаҳо ҳар зимистон дар кишвар такрор мешавад, азбаски нерӯи барқ нест, мардум аз ҳезум ва ангишт истифода мекунанд ва баъзе аз хонаводаҳо дар як шаб чанд азизи худро аз даст медиҳанд. Ба гуфтаи мутахассисон пеши роҳи ин гуна фоҷиаҳоро гирифтан мумкин аст ва бо роҳҳои соддаву осон, ки мардум худашон ҳам метавонанд, анҷом диҳанд.

Дар бораи мушкили дастрасӣ ба энергия ва фавти хонаводаҳо бар асари ихроҷи дуди ангишт суҳбате доштам бо Темур Идрисов, раиси Созмони ғайриҳукуматии «Замини хурд», ки барномаҳое дар самти истифодаи босамари энергия дар Тоҷикистон анҷом додааст. Нахуст аз Темур пурсидам, ки ҳалокати 5 узви як хонавода дар як шаб баёнгари он нест, ки бояд чораҳои фаврие барои ҳалли ин мушкил андешида шавад:

Темур Идрисов: «Адами дастрасӣ ба энержӣ яке аз мушкили глобалӣ аст. Ҳоло дар саросари курраи Замин тақрибан 3 миллиард нафар бо истифода аз сӯзишвориҳои биологӣ хона гарм мекунанд ва ё хӯрок мепазанд. Онҳо барои гарм кардани хонаҳояшон аз хошоку ҳезум, таппак ва ё дигар навъҳои сӯзишвории биологӣ истифода мекунанд. Дар Тоҷикистон, ки тақрибан 70 дар сади аҳолиаш дар деҳот зиндагӣ доранд ва мушкилоти таъмини нерӯи барқ барои ҳама маълум аст, бисёре аз мардум барои гарм кардани хонаву хӯрокпазӣ сӯзишвории биологӣ ба кор мебаранд. Дар саросари ҷаҳон ҳар сол бар асари заҳролудшавӣ аз дуд ва ё гази ангишт бештар аз 3 миллиону 500 ҳазор нафар мемиранд. Ин ҳодисаҳо бинобар истифодаи нодурусти бухориҳо ба вуқӯъ мепайванданд. Яъне аз дуд ва ё гази ангишт солона назар ба бемориҳои вараҷа ва ё СПИД зиёдтар одам мекушад. Мутаасcифона мо дар Тоҷикистон омори расмӣ дар бораи теъдоди ҳалокшудагон аз дуд ва ё гази ангишт надорем, вале заҳролудшавӣ аз дуду гази ангишт ҳар сол дар кишвар дида мешавад ва мутаасифона оқибатҳои фоҷиабор низ доранд. Ва ин баёнгари он аст, ки масъала бисёр ҷиддӣ аст.“

Радиои Озодӣ: Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, то замоне ки нерӯгоҳи Роғунро насозанд, мардум ҳар зимистон ҳамин ҳолро хоҳанд дошт, яъне бо нерӯи барқ дуруст таъмин намешаванд ва ноилоҷ бояд аз ҳезуму ангишт истифода баранд? Чӣ бояд кард, ки то замони иҷрои ваъдаи мақомот ингуна фоҷиаҳо рух надиҳанд ва ё ҳадди аққал камтар шаванд?

Темур Идрисов: “Ба фикри ман, худи мардум бояд пеш аз онки дар бухорӣ ва ё печкаашон оташ мегиронанд, дар бораи бехатарии хуб андеша кунанд. Бисёре аз аҳолии Тоҷикистон бухориҳое ба кор мебаранд, ки дар оҳангархонаҳои примитивӣ ва бе риояи ягон меъёру қоидаҳо сохта шудаанд. Бисёре аз ин бухориҳо ба ягон меъёру қоидаҳо мувофиқ нестанд, бисёр дуд мекунанд, сӯзишвории зиёд мехӯранд. Вале айни замон бухориҳое ҳастанд, ки бар тибқи қоида сохта шудаанд, дуди камтар хориҷ мекунанд ва дар онҳо сӯзишвории зиёд сарф намешавад. Аз ин рӯ аҳолӣ бояд бухориҳоеро интихоб кунад, ки камхарҷ ҳастанд ва кам дуд мекунанд. Вале доштани бухории хуб кофӣ нест, айни замон бояд онро дуруст ба кор бурд. Мардум бояд дар ёд дошта бошад, ки лӯлаи бухорӣ бояд доимо покиза бошад, дохили бухорӣ ҳам пайваста бояд покиза карда шавад, то ки дар дохили он дуд ҷамъ нашавад. “

Радиои Озодӣ: Аксари фоҷиаҳое, ки рух медиҳанд, бар асари ихроҷи дуди ангишт рух додаанд, дар истифодаи ин навъи сӯзишворӣ чӣ кор бояд кард, то хона гарм бошад, вале хатар ба ҷони азъои хонавода таҳдид накунад?

Темур Идрисов: “Ангишт низ мухталиф мешавад, ангиште, ки хуб месӯзад ва ангиште, ки хуб намесӯзад. Дар инҷо ҳам бояд пеш аз харидани ангишт фикр кард, ки оё ин ангишт хуб месӯзад ва ё не. Вале инҷо боз ҳам масъалаи бухорӣ муҳим аст, агар бухорӣ хуб бошад, ҳаво аз дохилаш хубӣ гузарад, дуруст тарроҳӣ бошад, навъи сӯзишворӣ муҳим нест, чунки дар дохили ингуна печка ҳама чӣ месӯзад. Сӯзишворӣ ва тарҳи бухорӣ нақши бисёр муҳим мебозад, вале айни замон истифодаи дуруст ва покиза кардани бухориро ҳам бояд фаромӯш накунем. Дар сурати ба инобат гирифтани ҳамин се чиз фикр мекунам, ингуна мушкилот ва ё ҳодисаҳои заҳролудшавӣ аз дуди ангишт ба маротиб кам мешавад. “

XS
SM
MD
LG