Ҳалокати як зани тоҷик ва сӯхтани фарзандони ӯ боиси хабарҳое шуд, ки гӯё ӯ зимни як моҷарои хонаводагӣ ва мушкили қарз, худ ва се тифлашро оташ задааст.
Аммо наздикони ӯ мегӯянд, Майдамоҳ Умарова дар сӯхторе ҷон дод, ки аз беэҳтиётӣ сар зада, фарзандонашро низ шадидан маҷрӯҳ кардааст. Дар ин хонаводаи мусибатзада, ки ҳанӯз аз фоҷиа ба худ наомадааст, аз он норозиянд, ки расонаҳо навиштанд, Майдамоҳ ба сари худ ва се кӯдакаш бензин пошида, оташ задааст.
Гулмоҳ, апаи калонии Майдамоҳ дар ҳамон утоқе, ки ҳодиса рух додааст, бо ишора ба оташдони бобоӣ, ки дар як кунҷи он буд, гуфт, дар натиҷаи пур шудани ангишт ва паҳн шудани дуди заҳролуд Майдамоҳ ва се тифли хурдсолаш, ки дар хоб будаанд, аз ҳуш рафтаанд ва сипас дар ин ҷо сӯхтор сар задааст.
Ин зан гуфт, «дар ин ҳавлӣ, мо 7 оила зиндагӣ мекунем, дар ин утоқ Майдамоҳ бо фарзандонаш зиндагӣ мекард. Чун шароити иқтисодии хона на он қадар хуб набуд, фарзандони Майдамоҳро ман аз хурдӣ нигаҳбонӣ мекардаму Майдмоҳ кор мекард. Кӯдакон эркаи хонадон буданд. Хоҳарам духтари босаводи беозор буд. Чун саломатии ман хуб набуд, дуртар аз утоқи онҳо хоб будам, вақте ин ҳодиса шуд, ман аз ҳуш рафтам. Хоҳарам духтари донишманду коргар ва беозор буд. Намедонам, чӣ хел ин фалокат ба сари мо омад», мегӯяд ӯ.
Фариза, яке аз хоҳарони Майдамоҳ низ овозаҳои худкушии апаашро беасос меномад ва мегӯяд, Майдамоҳ ва шавҳараш ҳамдигарро дӯст дошта, издивоҷ кардаанд ва бо ҳамдигар ҳеҷ мушкиле надоштанд. Вақте ин ҳодиса рӯй дод, шавҳар, ки дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун кор мекунад, дар хона набуд. Реҷаи кори ӯ 15 рӯзи корро дар Роғун ва 15 рӯзи истироҳатро имкон медиҳад. Фариза мегӯяд, зану шавҳар ба ӯ ваъда дода буданд, ки рӯзи ҷумъа ба хонааш меҳмон мешаванд.
Ба Сайфулло, шавҳари Майдамоҳ ду рӯз нарасид, ки рӯйи гарми ҳамсарашро бинад. Пас аз ду рӯз басти 15-рӯзаи ӯ бояд ба поён мерасид ва ӯ метавонист ба дидори хонаводааш бирасад. Вай гуфт, «вақте ман дар кор будам, ба ман занг заданд, ман бо дастаони худам ҳамсарамро бардошатам. Ин мусибате, ки ман дорам, Худо ба касе насиб накунад. Ман ҳамсарамро аз даст додам ва то ҳанӯз ҷони фарзандонамро харида наметавонам», мегӯяд ин мард.
Се фарзанди Майдамоҳ ва Сайфулло ҳоло дар беморхонаи рақами 3-и Душанбеянд.
Бадал Бадалов, муовини сардухдури ин беморхона мегӯяд, субҳи 28-уми январ, вақте Майдамоҳ Умароваро ба бемористон оварданд, беш аз 95 дарсади ҷисмаш сӯхта буд ва ӯ баъд аз як рӯз ҷон дод.
Ба гуфтаи ин пизишк, ҳоло табибон барои ҳифзи ҷони духтарони 9-моҳа, 5-сола ва 9-солаи ӯ мубориза мебаранд. Ӯ афзуд, «ин кӯдакон, яке 50, дуввумӣ 35 дарсад ва аз ҳама хурдӣ, ки 9 моҳ дорад,15 дарсади баданашон ҷароҳатҳои сӯхта бардоштаанд. Ҳоло онҳо дар шӯъбаи эҳёгарӣ бистарӣ ҳастанд ва ҳолатшон каме беҳтар аст. Аз рӯи таҷрибаи мо мумкин, ки ин кӯдакон аз то якуним моҳ бистарӣ шаванд, дар вақти шифо ёфтан ҷароҳатҳои сӯхта вуҷуд дорад, ки амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида мешаванд. Муолиҷаи онҳо бо дастгирии вазорат ва раёсати тандурустӣ ва аз ҳисоби худи беморхона гузаронида мешавад», ваъда дод муовини сардухтур.
Ҷаноби Бадалов мегӯяд, ин сӯхтор як тасодуф буда, дар натиҷаи беэҳтиётии Майдамоҳ Умарова, корманди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон рух додааст.
Бо ин ҳама Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳарчанд дар мавриди ин қазия изҳори назар намекунад, аммо масъули дафтари матбуотии ин ниҳод мегӯяд, чун дар ин ҳодиса зане фавтидааст, ин қазия аз сӯи Додситонӣ таҳқиқ мешавад, ки то кадом андоза пайомади сӯхтор буд ё талоши худкушӣ.