Намояндагони Хадамоти алоқаи Тоҷикистон зоҳиран медонистанд, ки дар нишасти хабариашон суолҳои зиёде мегиранд ва аз қабл барои ҷавоб додан хуб "мусаллаҳ" шуда омаданд. Хато накарданд, чун хабарнигорони зиёде ба нишасти рӯзи 28-уми январ омаданд ва суолҳояшон ҳам асосан дар бораи суръати пасти Интернет ва қимати баланди он дар Тоҷикистон буд.
Илҳом Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқа, изҳор дошт, ки мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон ва омилҳои зиёди дигаре суръати Интернетро суст мекунанд. Ӯ гуфт, "бисёр суол медиҳанд, ки барои чӣ дар ҷумҳуриҳои наздик Интернет арзон аст ва дар мо ин қадар гарон? Шумо овардани Интернетро дар назар бигиред."
Сабаби дигар буҳрони иқтисодӣ
Сабаби дигари суръати пасти Интернет, ба гуфтаи муовини раиси Хадамоти алоқа, буҳрони иқтисодӣ буд, ки ба ширкатҳои мобилӣ иҷоза надод, технологияи 4G, технологияи пешрафтаи Интернети баландсуръатро дар саросари Тоҷикистон ҷорӣ кунанд.
Мутахассисони байналмилалӣ ҳам мегӯянд, баъзе аз гуфтаҳои Илҳом Атоев ҷой дорад. Ба қавли Кевин Мейнел, коршиноси созмони байналмилалии Internet Society, мавқеи ҷуғрофӣ, кӯҳистони зиёд, васл набудан ба хатҳои баландсуръати интернет ва гарон будани нигаҳдории зербунёдҳо омилҳое ҳастанд, ки Интернетро дар Тоҷикистон суст ва гарон кардаанд.
Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:
Тоҷикистон аз рӯи суръати Интернети мобилӣ дар миёни 124 кишвар дар ҷойи охир қарор дорад. Дар гузориши Speedtest Global Index аз моҳи ноябри соли гузашта омадааст, ки интернети мобилӣ дар Тоҷикистон бо суръати 4,97 мегабит дар миёни 124 кишвар аз ҳама суст аст.
"Пули мо насибатон накунад" - ин доду фарёди корбарони Фейсбук дар Тоҷикистон аст, ки тақрибан ҳар рӯз ширкатҳои интернетрасон ва мобилиро танқиду накуҳиш мекунанд. Аммо Илҳом Атоев мегӯяд, онҳо суръати Интернетро дар зарфи як сол бисёр боло бурданд.
"То соли 2018 Интернет ба Тоҷикистон бо суръати 10 гигабит дар сония ворид мешуд. То охири соли 2018 ин нишондоди техникиро ба 20 гигабит оварда расондем", - шарҳ дод Илҳом Атоев.
Молиёти зиёд ва равзанаи ягонаву гарони "Тоҷиктелеком"
Дар Тоҷикистон бино ба арзёбиҳои гуногун аз 15 то 40 дар сади аҳолӣ аз Интернет истифода мебаранд, вале мақомоти расмӣ мегӯянд, аз ҳар 100 нафар дар кишвар 30 нафар аз Интернет истифода мебаранд. Ба гуфтаи мақомоти Хадамоти алоқа, дар кишвар тақрибан 3 миллион нафар аз Интернет истифода мебаранд.
Ҳамин муштариён шикоят мекунанд, ки ҳар моҳ 50 ё 100 сомонӣ ва бештар аз он пул медиҳанд, аммо вақти мурур дар Интернет бояд дақиқаҳои зиёд мунтазир шаванд. Баъзан интизорӣ ҳам барҳадар меравад ва на вебсайте боз мешаваду на видеое.
Як сабаби чунин азият шудани муштариён ба қавли коршиноси байналмилалӣ Кевин Мейнел, ки охири соли 2018 ба Тоҷикистон рафтааст, "молиёти зиёд бастани ширкатҳои мобилӣ ва равзанаи ягонаи Интернет аст".
Равзанаи ягона дар дасти ширкати давлатии “Тоҷиктелеком” аст, ки онро моҳи январи соли 2016 таъсис доданд. Равзана “Маркази ягонаи коммутатсионӣ” ном дорад ва тамоми ширкатҳо бояд Интернетро аз ҳамин шабака бигиранд. Солҳои қабл ширкатҳои мухобиротӣ Интернетро аз Қирғизистон ва кишварҳои дигар мегирифтанд ва шикоят аз суръат ба ҳадде набуд, ки ҳоло ҳаст.
Рустам Гулов, муассиси вебсайти “Блогистон”, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, воқеан имрӯз дар бозори пешниҳоди хадамоти Интернет дар Тоҷикистон рақобати солим вуҷуд надорад, зеро ҳамаи ширкатҳо аз як ҷо Интернет мегиранд.
"Фикр мекунам, сабаби асосӣ ҳамин аст, чунки нархи интернетро танҳо як ширкат маълум мекунад", - гуфт, ӯ.
Гузашта аз ин, Хадамоти алоқа дар чанд соли ахир, муқаррароти зиёдеро дар робита ба истифодаи Интернет ва хадамоти мухобиротӣ тағйир доду танқиди зиёд шунид. Бо дастури ин ниҳод суҳбатҳои телефонӣ аз тариқи NGN маҳдуд шуд ва хатари манъи истифодаи “Вайбер” ва “Вотсапп” ҳам пеш омад.
"Насиб бошад, суръати Интернетро ба 50 гигабит мерасонем"
Илҳом Атоев, муовини аввали раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ваъда дод, ки агар мардум сабр кунанд, то миёнаҳои имсол “суръати Интернетро ба 50 гигабит мерасонанд”.
Вай гуфт, қарор аст, тарҳи муштараки минтақавии Қирғизистону Тоҷикистон ва Афғонистону Покистон бо номи “Digital CASA” амалӣ шавад, ки ҳадафи он дастрасӣ ба Интернети баландсуръату арзон барои кишварҳои минтақа аст. Барои иҷрои тарҳи мазкур Бонки Ҷаҳонӣ 92 миллион доллар ихтисос додааст.
Аммо муаллифони як таҳқиқи васеъ дар бораи вазъи интернет ва роҳҳои беҳбуд бахшидан ба суръату сифати он аз созмони Internet Society гуфтаанд, яке аз роҳҳои расидан ба ин ҳадаф дар Тоҷикистон таъсис додани як муассисаи мустақили воридкунандаи Интернет аст.
Ин муассиса, ба қавли муаллифон, бояд аз ҳисоби созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва ширкатҳои фароҳамкунандаи Интернет дар Тоҷикистон ташкил шавад. Муассисае, ки нақши онро феълан ширкати давлатии "Тоҷиктелеком" гирифтааст.