Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ишқ дар тарозуи мегабайт. Интернет дар Тоҷикистон арзон мешавад? ВИДЕО


“Майлаш, ҷонам, мегабайти ман тамом шуд. Ҳоло мегабайт харам, баъд гап мезанем”. Ин ҷумлаест, ки Ҷамшед Орифови 21-сола пайваста аз забони дӯстдухтараш аз Тоҷикистон мешунавад.

Вақте нархи Интернет гарон асту суръаташ суст, албатта, боэҳтиёт сарф мекунем.

Ҷамшед дар риштаи бонкдории яке аз донишгоҳҳои Урумчии Чин таҳсил мекунад. Мегӯяд, ки дар онҷо мушкили мегабайт вуҷуд надорад ва аз Интернет бебаркаш истифода мекунад. Имконияте, ки дӯстдухтараш аз он дар Тоҷикистон маҳрум аст. “Ҳар боре, ки аз тариқи видео ба номзадам дар тамос мешавам, зангро қатъ мекунад. Менависад, ки мегабайти кам дорад, беҳтараш садоӣ суҳбат кунем. Илоҷи дигар надорам. Ҳамдарсонам мегӯянд, ки наход дар Тоҷикистон ҳоло ҳам мегайбатро ҳисоб кунанд?” – гуфт Ҷамшед Орифов.

Дӯстдухтари Ҷамшед ҳар моҳ бо қимати 33 сомонӣ як гигабайт Интернет мехарад. Қисми аслиро барои сӯҳбат бо Ҷамшед ҳифз ва қисмеро барои зангҳои бисёр зарур истифода мекунад.

Назари сокинони Душанбе ба нарху суръати Интернет:

" Нархаш нағзу сифаташ безеб"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:45 0:00

“Интернет – танҳо барои корҳои муҳим”

Ҷамшед Орифов танҳо касе нест, ки аз нархи гарон ва суръати пасти Интернету гуфтугӯи нотамом бо азизон дар Тоҷикистон нороҳат аст. Амин Нусратов, мусоҳиби дигари мо ҳам аз ҷумлаи он нафаронест, ки мегӯяд, Интернетро дар Тоҷикистон танҳо барои корҳои муҳим истифода мебарад.

“Вақте нархи Интернет гарон асту суръаташ суст, албатта, боэҳтиёт сарф мекунем. Вақте барои ягон хабар хондан ба сайтҳо ворид мешавем, баъди боз шудани сомона Интернетро хомӯш мекунем, то зиёд сарф нашавад. Мисли ҳамон ронандае, ки нақлиётро вақти ҳаракат як муддат “холостой” мекунад, то сӯзишворӣ сарфа шавад”, - гуфт ӯ.

“Талоши мақомот барои ворид кардани Интернети арзон”

Соли гузашта Бонки Ҷаҳонӣ низ дар як гузориши худ гуфта буд, сокинони Тоҷикистон аз Интернете истифода мебаранд, ки қимати “рекордӣ” дар ҷаҳон дорад. Бонки Ҷаҳонӣ дар гузориши худ гуфта буд, маҳз ҳамин гаронӣ сабаб шудааст, то қисми ками ширкату идораҳо дар Тоҷикистон дар ҷойи кор аз Интернет истифода баранд.

Мақомоти тоҷик ҳам эътироф мекунанд, қимати интернет дар баробари маоши каме, ки мардум ба даст меорад, гарон аст. Масъулони Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, ниҳоди назораткунандаи соҳа дар кишвар, гаронии арзиши Интернетро ба дурии роҳ ва хароҷоти зиёди хадамот марбут мекунанд.

Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқа, рӯзи 25-уми январ дар ҳузури хабарнигорон гуфт, мақомот барои ворид кардани Интернети арзон бо кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла, Узбакистону Чин ва Афғонстон вориди гуфтугӯ шудаанд.

Илҳомҷон Атоев
Илҳомҷон Атоев

Таъминкунандаи аслии интернети Тоҷикистон Русия аст. Аммо Атоев, гуфт, онҳо мехоҳанд дар баробари Русия бозори интернети арзонро пайдо кунанд. Илҳомҷон Атоев ҳамчунин гуфт, илова бар ин, Хадамоти алоқа бо лоиҳаи “Диҷитал каса” ҳамроҳ шудааст ва мутахассисони ин ниҳод рӯи ин тарҳ кор мекунанд.

“Вақте Интернетро мебандем, гӯё роҳи нафасро баста бошем”

Коршиносони соҳаи интернет дар Тоҷикистон мегӯянд, гарон будани Интернет ва дастрасии зиёд надоштани аҳолӣ ба он, ба рушди як инсони асри 21 таъсир мерасонад. Рустам Гулов, муассиси вебсайти “Блогистон” мегӯяд, вақте роҳи аҳолӣ бахусус ҷавонон ба Интернет маҳдуд аст, “гӯё роҳи нафаси онҳоро мебандем.”

Видео. Мақомот: "Интернет он қадар гарон нест"

"Интернет он қадар гарон нест"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:54 0:00

Рустам Гулов мегӯяд, дар чанд соли оянда таъсири Интернет рӯйи иқтисоди Тоҷикистон ҳам зиёд хоҳад буд. “Ҳар вақт дастрасии аҳолӣ бахусус ҷавонон ба Интернет маҳдуд шуд, иқтисодиёти мо аз иқтисодиёти он кишварҳое, ки аҳолиаш дастрасии зиёдтар ба ҷаҳони виртуалӣ доранд, заифтар хоҳад буд”, - хулоса кард ӯ.

Рустам Гулов
Рустам Гулов

Гарон будани арзиши Интернет дар Тоҷикистон аз монеаҳои асосӣ дар роҳи дастрасии зиёди аҳолӣ ба он гуфта мешавад. Дар заминаи арзиши интернети мобилӣ ва бесим дар Тоҷикистон таҳқиқоти хос анҷом нашудааст. Аммо тибқи гуфтаи масъулини ширкатҳои мухобиротӣ, қимати Интернети ҳармоҳа барои шахсони воқеӣ аз 250 то 1500 ва барои корхонаҳо аз 500-600 то 20 000 сомониро ташкил медиҳад. Нархи мазкур вобаста ба суръати Интернет муқаррар шудааст.

Ҳоло дар Тоҷикистон 4 ширкати мобилӣ – «Бабилон», «Мегафон», «Тселл», «Билайн» муштариёнро бо интернети бесим ва 7 ширкати дигар тавассути cим сокинонро бо интернет таъмин мекунанд.

XS
SM
MD
LG