Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суръати пасту нархи баланди Интернет дар Тоҷикистон. САДО


Яке аз нархҳои "рекордӣ" барои истифодаи Интернет дар ҷаҳон дар Тоҷикистон будааст. Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, ки ҳамин гаронӣ сабаб шудааст, то қисми ками ширкату идораҳо дар Тоҷикистон дар ҷойи кор аз Интернет истифода баранд. Коршиносон мегӯянд, ки гаронии Интернет дар Тоҷикистон натиҷаи назорати аз ҳад зиёди мақомот ва ҷорӣ шудани пардохтҳои зиёд болои ширкатҳои интернетрасон аст.

Сокинон гуфтанд, ки барои истифодаи Интернет даҳҳо сомонӣ харҷ мекунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:15 0:00
Линки мустақим

Масъулини ширкатҳои интернетрасон мегӯянд, ки онҳо бастаи интернетро бо нархи гарон аз ҳамкорони хориҷиашон мехаранд ва наметавонанд, бо нархи камтар ба аҳолӣ фурӯшанд.

Аз охир якум дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ

Дар гузориши тозаи Бонки Ҷаҳонӣ таҳти унвони Digital Dividends (“Бартариятҳои технологияҳои рақамӣ”) омадааст, дар Тоҷикистон танҳо 17 дар сади аҳолӣ Интернетро дар ҳамагуна дастгоҳҳо истифода мебарад. Дар ҳоле ки ин рақам дар Қирғизистон 28, Узбакистон 44 ва дар Қазоқистон 55 дар садро ташкил медиҳад. Муаллифони гузориш гуфтаанд, аз сабаби дастрасии маҳдуди Интернет ва нархҳои баланд, айни замон танҳо 57 дар сади ширкатҳо дар Тоҷикистон аз почтаи электронӣ барои муошират бо муштариёни худ истифода мебаранд ва камтар аз 40 фоизи ширкатҳо соҳиби вебсайт ҳастанд.

Гузориш дар ҳоле нашр мешавад, ки аҳолии кишвар пасттарин маош дар ҳудуди Шӯравии собиқро мегиранд. Дар гузашта низ интиқод аз баланд будани арзиши хадамоти Интернет дар Тоҷикистон садо дода буд, аммо ширкатҳои интернетрасон мегӯянд, сиёсати комили нархгузорӣ ба онҳо вобаста нест.

Холиқназар Ҷумъаев
Холиқназар Ҷумъаев

Вақте Интернет аз хориҷ меояд...

Масъулини ширкатҳои интернетрасон мегӯянд, ки онҳо бастаи интернетро бо нархи гарон аз ҳамкорони хориҷиашон мехаранд ва наметавонанд, бо нархи камтар ба аҳолӣ фурӯшанд.

Холиқназар Ҷумъаев, сухангӯи ширкати “Бабилон”, рӯзи 17-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, шабакаи транзитии Интернети ин ширкат бо Қирғизистон пайваст шудааст. Ба қавли Ҷумъаев, “ҳар давлате, ки хатҳои транзитӣ ба воситаи он мегузаранд, ҳатман нархи худро мегузорад ва ин ба гароншавии нарх таъсир мерасонад. Масалан дар миқёси ИДМ арзонтарин интернет дар Русия аст. Вақте Қазоқистон аз Русия хатҳои интиқолиро мехарад, аллакай арзиши Интернет дар Қазоқистон баландтар мешавад. Вақте Қирғизистон аз Қазоқистон мехарад, арзиши траффики Интернет дар Қирғизистон нисбат ба Қазоқистон боз баландтар мешавад. Агар баъд аз мо низ ягон давлати дигар мебуд ва хатҳои интиқолиро аз мо мехарид, ҳатман Интернети он давлат боз ҳам гаронтар мешуд.”

Дар Тоҷикистон ин соҳаро давлат ба пуррагӣ идора мекунад, яъне ширкатҳо имконияти ба мустақилӣ ҳал кардани масъалаҳоро надоранд.

Сухангӯи ширкати “Бабилон”, инчунин, ҷорӣ шудани аксиз барои Интернетро аз сабабҳои дигари гарон будани нарх дар Тоҷикистон донист. “Дар кишварҳои дигар барои Интернет аксиз намесупоранд, вале дар Тоҷикистон барои Интернет 5 дар сад аксиз ҷорӣ карда шудааст,” - таъкид намуд Холиқназар Ҷумъаев.

Фаъол шудани Маркази ягонаи комутатсионӣ дар Тоҷикистон ҳам ба афзоиши арзиши Интернет таъсиргузор шудааст. Як масъули ширкати интернетрасон, ки нахост номаш зикр шавад гуфт, баъди фаъол шудани ин марказ дар оғози имсол қимати интернет то 10 дар сад боло рафт.

Аз 250 то 1500 барои як хонавода дар як моҳ

Дар заминаи арзиши интернети мобилӣ ва бесим дар Тоҷикистон таҳқиқоти хос анҷом нашудааст. Аммо тибқи гуфтаи масъулини ширкатҳо, қимати Интернети ҳармоҳа барои шахсони воқеӣ аз 250 то 1500 ва барои корхонаҳо аз 500-600 то 20 000 сомониро ташкил медиҳад. Нархи мазкур вобаста ба суръати Интернет муқаррар шудаанд. Гарон будани Интернет дар Тоҷикистон ба ҷайби сокинони кишвар таъсири ҷиддӣ гузоштааст.

Гулнора Хоҷаева, сокини 24-солаи шаҳри Душанбе, ҳар моҳ барои дастрасӣ ба шабакаи Интернет тариқи телефон ҳудуди 180 сомонӣ сарф мекунад. Ӯ гуфт, хароҷоташ назар ба як сол 40-50 сомонӣ афзоиш ёфт. Гулнора мегӯяд, “соли гузашта бо пардохти 61 сомонӣ аз ширкати “Бабилон” 3 000 ҳазор мегайбат (3 гигабайт) интернет мегирифтам ва имсол нархи он то 65 сомонӣ расидааст.”

Муҳаммадӣ Ибодуллоев
Муҳаммадӣ Ибодуллоев

Коршинос: Давлат бояд ба ин бахш озодӣ диҳад

Коршиносон мегӯянд, то замоне муҳтавои тоҷикии Интернет васеъ нашавад ва муштариён аз манбаъҳои дохилӣ кам истифода баранд, нархи Интернет дар Тоҷикистон баландтарин боқӣ хоҳад монд. Муҳаммадӣ Ибодуллоев, раҳбари Бунёди ҷамъиятии ташаббуси шаҳрвандӣ ва сиёсати Интернет дар Тоҷикистон гуфт, “агар ба сайтҳои дохилӣ дароед, бо суръати баланд ва ҳатто бепул ворид шудан имкон дорад. Аммо вақте ба сайтҳои берунӣ муроҷиат мекунед, онҷо аллакай суръат дигар асту нарх – дигар.”

Аммо бархе аз коршиносон мегӯянд, гаронии Интернет яке аз натиҷаҳои дахолати аз ҳад зиёди давлат ба соҳаи мухобирот мебошад. Рустам Гулов, муассиси вебсайти “Блогистон”, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба соҳаи телекоммуникатсия озодӣ бояд дод, то он худаш рушд кунад.

Рустам Гулов
Рустам Гулов

Гулов мегӯяд, “дар Тоҷикистон ин соҳаро давлат ба пуррагӣ идора мекунад, яъне ширкатҳо имконияти ба мустақилӣ ҳал кардани ин масъалаҳоро надоранд.”

Бонки ҷаҳонӣ дар ҳоле аз “рекордӣ” будани нархи Интернет хабар медиҳад, ки тибқи маълумоти ахир дар Тоҷикистон шумораи корбарони интернет ва алоқаи мобилӣ дар муқоиса ба соли 2015 камтар шудааст. Тибқи иттилои Хадамоти алоқаи Тоҷикистон шумораи корбарони алоқаи мобилӣ 400 ҳазор нафар ва шумораи корбарони интернет 300 ҳазор коҳиш ёфтааст.

Ҳоло дар Тоҷикистон 4 ширкати мобилӣ – «Бавилон», «Мегафон», «Тселл», «Билайн» муштариёнро бо интернети бесим ва 7 ширкати дигар тавассути cим сокинонро бо интернет таъмин мекунанд.

XS
SM
MD
LG