Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тағйири иқлим метавонад, онҳоро ба зидди ҳам бишӯронад"


Раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ
Раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ

Осиёи Марказӣ як гӯшаи хушку гарми курраи Замин, ки аз ҳоло паёмадҳои тағйири иқлимро эҳсос мекунад, бояд муроқиби оқибатҳои он ба амнияти минтақа ҳам бошад.

Гуруҳе аз коршиносони амниятӣ, ки оқибатҳои эҳтимолии гармоиши сайёра барои минтақаро таҳқиқ кардаанд, мегӯянд, тағйири иқлим метавонад, суботи мавҷуд дар Осиёи Марказиро баҳам бизанад ва 5 кишварро ба зидди ҳам бишӯронад. Арзёбиро, ки Пажуҳишгоҳи Байналмилалии Сулҳи Шветсия анҷом додааст, рӯзи 21-уми январ нашр карданд.

Камилия Борн, яке аз муаллифони арзёбӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, Осиёи Марказӣ, аз ҳоло ба чолишҳои амниятӣ зиёде рӯ ба рӯст ва тағйири иқлим ин чолишҳоро бештар ва ҳалли онҳоро мушкилтар месозад.

"Тағйири иқлим суботро мешиканад"

“Осиёи Марказӣ, ки ҳоло босубот аст, вазъи шиканандае дорад. Ҳукуматҳои худкомаашон бо ҳам ҳамкории қавӣ надоранд. Мушкилоти тақсими обу энержӣ даҳсолаҳо боз идома дорад. Тақсими сарватҳои дигари табиӣ, ки бо гармоиши курраи Замин камтар мешаванд, чолиши дигари амниятӣ барои Осиёи Марказӣ аст” , гуфт, Камилия Борн.

Дар Осиёи Марказӣ 100 миллион нафар зиндагӣ мекунанд.
Дар Осиёи Марказӣ 100 миллион нафар зиндагӣ мекунанд.

Дар арзёбӣ омадааст, агар бо идомаи гармоиши курраи Замин, пиряхҳо бухор ва захираҳои об дар минтақа кам шавад, мумкин аст, байни Тоҷикистону Қирғизистон кишварҳои болооб ва Узбекистону Қазоқистону Туркманистон сари об муноқиша сар занад.

Муаллифони гузориш пешбинӣ кардаанд, ки дар сурати коҳиши об, Тоҷикистону Қирғизистон обро барои неругоҳҳо нигаҳ медоранд ва сокинони кишварҳои поёнӣ оби кофӣ барои обёрӣ намеёбанд.

Аз пиряхҳои Тоҷикистон 60 дар сади оби Осиёи Марказӣ ҳосил мешавад, вале ба сабаби тағйири иқлим ва болоравии ҳарорат дар 30 соли ахир беш аз 1000 пирях дар Тоҷикистон аз байн рафтаанд ва мераванд.

Фурсат барои пешгирӣ аз хатар

Айни замон ба гуфтаи Камилия Борн, ҳоло кишварҳои Осиёи Марказӣ фурсати хубе барои ҳамкорӣ ва андешидани роҳҳои ҷилавгирӣ аз ҳаргуна муноқиша дар оянда аст.

Манзури ӯ ва муаллифони арзёбӣ тағйири сиёсати Узбекистон дар соли 2016 аст, ки роҳи ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақаро пеш гирифтааст.

“Хатарҳое, ки мо гуфтаем, дар роҳанд, барои ҳамин ин таҳавуллоти мусбат фурсати мусоиде фароҳам мекунад, кишварҳои минтақа бо ҳамкории бештар, ба рушди бештари иқтисодӣ ва муколамаи васеътар мусоидат кунад.. ва ба минтақа сармояи зиёдтар биёрад” – мегӯяд, Камилиа Борн.

"Марзҳои хатарнок бояд дуруст шавад"

Дар арзёбӣ омадааст, агар кишварҳои минтақа аз ҳоло дар масъалаи марзҳояшон ба мувофиқа нарасанд, тағйири иқлим метавонад, ба як душмане табдил шавад, ки баҳси онҳоро ба муноқиша табдил медиҳад.

Дар гузориш омадааст, “Дар минтақаҳои баҳсбарангези марзӣ, мардум барои замину об рақобат мекунанд... коҳиши обу аз байн рафтани чарогоҳҳо рақобатҳоро дар инҷо шиддат дода метавонад ва хусумат бармеангезад.”

Ҳарчанд Тоҷикистон бо Узбекистон таъйину аломатгузории марзҳояшонро тақрибан ба поён расонидаанд, аммо 400 километр сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон ҳоло таъйину аломатгузорӣ нашудаанд.

Солҳои гузашта дар ин гушаҳо бахусус дар байни вилояти Суғд ва Ботканди Тоҷикистон сокинони ду тарафи марз бо ҳам барои замину обу роҳ ҷангу хунрезӣ кардаанд.

Бонки Ҷаҳонӣ ҳам мегӯяд, мумкин аст, то охири ҳамин аср, ҳарорат дар Осиёи Марказӣ 4 дараҷа боло равад ва фалокатҳои табииро дар Осиёи Марказӣ бештар ва бадтар кунад.

Дар як баёнияи бонк аз рӯзи 21-уми январ омадааст, тағйири иқлим “селу ярч, хушксолӣ, бодҳои сахт ва тармаҳоро бадтар карда, зиндагии ҷомеаҳои осебпазирро, ки аз ҳоло азият мекашанд, сахттар мекунад.”

Муаллифони арзёбии Пажуҳишгоҳи Байналмилалии Сулҳи Шветсия ҳам мегӯянд, ҳавои фавқуллода “дастрасӣ ба обу ғизоро сахттар карда ва норизоиятиро дар байни мардум ба вуҷуд меорад.

Дар минтақа, ки шиддати иҷтимоиро ва мухолифатро асосан бо саркӯб ва хушунат мудирият мекарданд, таконҳои иҷтимоӣ метавонад, мавҷи муноқишаро барангезад.”

Тағйири иқлим дар се даҳаи гузашта сабаб шудааст, ки ҳарорат дар Осиёи Марказӣ 0.5 дараҷа боло рафтааст ва тамоми минтақаро ба ҳавзаи осебпазир дар баробари хушксолӣ ворид кардаанд.

XS
SM
MD
LG