Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моҷаро дар марзи Исфараву Бодканд. Тарҳи лӯлаи об ҷанҷол барангехт


Сокинони Бодканди Қирғизистон ва маҳаллаи "Тоҷикон"-и ҷамоати Ворухи Исфара бар сари сохтмони лӯлаи об ҷанҷол кардаанд. Ин лӯла бо беш аз 500 ҳазор сомонӣ пули Бунёди Оғохон сохта шуда, сокинони маҳаллаи "Тоҷикон"-ро бо об таъмин хоҳад кард. Вале аҳолии маҳаллаи қирғизнишин ба ин кор эътироз намудаанд.

  • Ҷанҷол рӯзи 12-уми сентябр рух дод ва ба ин далел сохтмони лӯлаи об дар ҳудуди маҳалли "Тоҷикон" муваққатӣ қатъ карда шудааст. Мардум дар Ворух мегӯянд, нирӯҳои марзбонии Қирғизистон ба ҳудуди онҳо наздик омада ва тамоми рафторашонро зери назорат доранд.
Тоҷикистону Қирғизистон аз 976 километр марз 504 километрро таъйину аломатгузорӣ кардаанд.

"Додситонӣ таҳқиқ мекунад"

Як манбаъ дар ҳукумати шаҳри Исфара гуфт, ки дар ҳоли ҳозир додситонҳои Исфараву Бодканд барои таҳқиқ ба маҳалли ҳодиса расидаанд.

Ҷениш Айдаров, хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар Бодканд, гуфт, рӯзи панҷшанбе дар деҳаи Оқтатир мулоқоти раисони ҳукуматҳои Исфараву Бодканд ташкил шудааст. Ӯ гуфт, "ин музокирот ҳамин лаҳзаҳо ҷараён дорад. То ин дам мақомоти Қирғизистон мавқеи худро расман дар бораи ин ҳодиса баён накарданд. Танҳо гуфтанд, ки дар давоми рӯз як изҳорот нашр мешавад".

Моҷаро чаро сар зад?

Моҷаро пас аз дахолати сокинони маҳаллаи қирғизнишин ба ҷараёни барномаи обгузаронии сокинони Ворух дар маҳалаи "Тоҷикон" сар задааст. Ғафурҷон Ҷӯраев, раиси маҳаллаи "Тоҷикон", рӯзи 13-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бар асоси як барномаи Бунёди Оғохон сокинони деҳа ба кашидани хатти лӯлаи об машғул буданд ва "қирғизҳо бо трактор омада, ҳамаро хароб карданд".

"Ҳоло, ки суҳбат дорам, мардум дар инҷо ҷамъ омадаанд ва натиҷаи таҳқиқи додситониро интизоранд. Мардум мехоҳанд, ки лӯларо созанд ва ба хонаҳояшон об баранд. Моҷаро бе талафот ва захмӣ шудани нафаре анҷомид", - афзуд ӯ.

Тоҷикистон чӣ мегӯяд? Ҷониби Қирғизистон чӣ?

Ҷӯраев гуфт, мардум аз як чоҳи амудӣ, воқеъ дар 500-метрии деҳа, мехостанд ба хонаҳояшон хатти об кашанд ва ин бар асоси як кумаки Бунёди Оғохон сурат мегирифт. "Вале сокинони деҳаи ҳамсоя эътироз карданд. Даъво карданд, ки "ба ин ҳақ надоред". Мардуми деҳаи мо оби ошомиданӣ ва оби барои полез надоранд", - афзуд ӯ.

Моҷаро дар марзи Исфараву Бодканд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:39 0:00
Линки мустақим

Адолат Раҳимова, сардори созмони ҷамъиятии дастгирӣ дар ҷамоати Ворух ба Радиои Озодӣ гуфт, тарҳи хати лӯлаи об барои сокинони деҳаи “Тоҷикон” расман аз ҷониби ҳукумати Исфара тасдиқ шудааст. "Дар тааҷҷубам, ки чаро ҳамсояҳо ба мавзее, ки қитъаи баҳсӣ нест ва ба қаламрави Тоҷикистон тааллуқ дорад, даромада даъво мекунанд? Аз соли 1990 ба ин тараф сокинони “Тоҷикон” оби ошомиданӣ надоранд ва обро аз каналу дарёҳо мекашонанд", - гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, Ҷениш Айдаров, хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар Бодканд мегӯяд, "дирӯз овоза зиёд буд, ки гӯиё тоҷикҳо ин лӯлаи обро дар роҳи мошингузари ҳудуди Қирғизистон месозанд. Ин хабар расмӣ ва тасдиқшуда нест. Ин танҳо овоза аст."

Тоҷикистону Қирғизистон аз 976 километр марз 504 километрро таъйину аломатгузорӣ кардаанд. Дар минтақаҳои аломатгузоринашудаи марз, бахусус дар манотиқи марзии вилоятҳои Суғд ва Бодканд, борҳо сокинонбарои обу чарогоҳ даст ба гиребон шудаанд ва чанд нафар ҳам дар муноқишаҳо кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG