Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон аз кишварҳои поёноб ҷуброни обро талаб мекунад


Куандарё дар Қазоқистон
Куандарё дар Қазоқистон

Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков дар саммити ахири Бунёди байналмилалии ҳифзи баҳри Арал (IFSAS) масъалаи маҳдудияти тақсими об дар Осиёи Марказӣ ва ҷадвали саҳмгузории кишварҳои минтақа ба бунёди Аралро матраҳ кард.

Ҷеенбеков бо интиқод аз фаъолияти IFSAS пешниҳод кард, ки бунёд ва сохторҳои он бо назардошти манофеи кишварҳои болооб навсозӣ шаванд. Раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ низ эътироф карданд, ки мушкили баҳри Арал хеле ҷиддӣ аст ва бояд бо назардошти манофеи ҳамаи кишварҳо амал кунанд.

Қирғизистон соли 2016 узвияти худро дар IFSAS қатъ кард ва гуфт, ки бунёд дар шакли кунунияш ба манофеи ин кишвар ҷавобгӯ нест. Ҷеенбеков изҳор дошт, ки соли 2009 дар саммити Алмато пешниҳоди Қирғизистон дар бобати ҳифзи манофеи ҳамаи кишварҳо ба назар гирифта нашуд.

Ӯ ҳамчунин баъзе мушкилиҳои шаффофияти сармоягузории барномаҳои бунёд ва тақсими одилонаи маблағҳоро номбар кард ва гуфт, ки низоми кунунии тақсимоти об дар Осиёи Марказӣ бо воқеиятҳои замона созгор нест.

Бинобар ин, ҷониби Қирғизистон пешниҳод дорад, ҳамкории кишварҳои минтақа дар доираи Созишномаи ҳукуматҳои Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Узбекистон дар бораи истифодаи манобеи обиву энержии ҳавзаи рӯдхонаҳои Норин ва Сирдарё аз 17 марти соли 1998 дубора ба роҳ монда шавад, ки механизми ҷубронкунандаи истифодаи манобеи обиву энержиро пешбинӣ мекунад,.

Сооронбой Ҷеенбеков ҳамчунин гуфт, бояд ҷуброни обҳое пардохта шавад, ки дар замони СССР ва баъд аз он барои обёрӣ кардани заминҳои Қазоқистону Узбекистон аз обанбори Қирғизистон истифода шудаанд. Дар созишномаи мазкур ба хотири додани бемамониати об дар фасли тобистон барои Қирғизистон имтиёзҳое пешбинӣ шуда буд. Вале баъд аз соли 2005 ин имтиёзҳо бекор карда шуд.

Раҳбарони Узбекистону Қазоқистон то ҳол ин пешниҳоди ҷониби Қирғизистонро шарҳ надодаанд. Агар пешниҳоди Қирғизистон қабул шавад, ин кишвар узвияти худро дар бунёд дубора барқарор хоҳад кард.

Бунёди байналмилалии ҳифзи Арал бо иштироки Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон соли 1993 таъсис ёфтааст.

XS
SM
MD
LG