Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

27 кас дар 5 моҳ. Афзоиши талафот аз офатҳои табиӣ. ВИДЕО


Дар рӯзи ҷаҳонии ҳифзи муҳити зист мақомоти Тоҷикистон эълон карданд, ки аз аввали имсол дар фалокатҳои табиӣ 27 нафар ҷон бохтаанд ва нақши тағйири иқлим ҳам дар ин ҳодисаҳо кам нест.

Ҳарчанд Тоҷикистон як кишвари кӯчаки кӯҳистонӣ аст ва саноати пешрафта надорад, аммо ба эътиқоди коршиносон дар баробари тағйири иқлим дар сайёра бисёр осебпазир аст.

Ба гуфтаи коршиносон, бо вуҷуди гармоиши курраи Замин дар Тоҷикистон барои ҳифзи муҳити зист тадобири зарурӣ андешида намешавад ва дар пайи сохтмони корхонаҳои оҳангудозиву тавлиди семент ва истифодаи мошинҳои фарсудаву дарахтбуриҳо сокинон таъсири тағйири иқлимро ҳарчӣ бештар эҳсос мекунанд.

Умеда Юсупова, сухангӯи Вазорати ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон 5 июн, дар рӯзи ҷаҳонии муҳити зист дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд дар солҳои қаблӣ низ тармафароиву селобҳо хоси табиати Тоҷикистон буданд, аммо сол ба сол дар пайи тағйири иқлим чунин ҳодисаҳо бештар мешаванд.

Вай гуфт, соли гузашта дар Тоҷикистон дар 55 ҳодисаи табиӣ, аз ҷумла тармаву сел ва ярчу зилзила 20 нафар ҷон доданд. “Дар панҷ моҳи соли ҷорӣ дар 24 ҳодисаи мушобеҳ 27 нафар ҷон бохтанд” -гуфт .

Далери Абдулло
Далери Абдулло

Далери Абдулло, сухангӯи ширкати IRS, масъули нигоҳубини шоҳроҳе, ки шимолу маркази Тоҷикистонро ба ҳам пайваст мекунад, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки баъд аз зӯҳри рӯзи 4-уми июн низ “ғайричашмдошт” дар километри 51 сел фаромад ва барои муддате ҳаракати ҳудуди 300 мошин дар ин роҳро муттавақиф кард.

Имконоти заиф барои пешгирӣ аз оқибатҳои бад

Ба эътиқоди коршиносон ҳукумати Тоҷикистон ба танҳоӣ имкони расидагӣ ба паёмадҳои тағйирёбии иқлимро надорад. Фирӯз Саидов, мутахассиси тоҷик дар масъалаҳои иҷтимоӣ мегӯяд, ки ҳеҷ як кишвар, аз ҷумла, кишвари кӯчаке назири Тоҷикистон наметавонад, дар муқобили мушкили ҷаҳонӣ муқовимат кунад. Вай бар ин бовар аст, ки Тоҷикистон қудрати кофӣ барои пешгирии паёмадҳои номатлуби тағйири иқлим надорад.

“Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва пасошӯравӣ дар муқобили тағйирёбии иқлим аз ҳама бештар осебпазир аст. Чанд барномаеро ҳукумат ба танҳоӣ анҷом медиҳад, вале Тоҷикистон наметавонад, ба танҳоӣ аз паёмадҳои обшавии пиряхҳову дигар зуҳуроти тағйири иқлим чораандешӣ кунад“- мегӯяд, ӯ.

Ба таъкиди Фирӯз Саидов, Тоҷикистон ба далели надоштани саноати пешрафта дар тағйири иқлим ва гармшавии ҳаво дар сайёра аслан таъсиргузор нест, аммо паёмадҳои онро ба сабаби кишвари кӯҳистонӣ ва кишоварзӣ буданаш бештар эҳсос мекунад.

Таҳдиди камобӣ дар Осиёи Марказӣ

Ба эътиқоди вай, газҳои гулхонаӣ, ки дар даҳсолаҳои ахир 70 дарсад афзоиш ёфтааст, яке аз сабабҳои аслии гармшавии иқлим дар ҷаҳон мебошад. Ба сабаби гармоиши сайёра, масоҳати пиряхҳои Тоҷикистон, манбаи асосии об дар Осиёи Марказӣ, то 30 дар сад кам шудааст.

Инҷо замоне Баҳри Арал буд.
Инҷо замоне Баҳри Арал буд.

Ҳамзамон хушкидани Баҳри Арал ва тавассути бод ба фазо баромадани намакҳо аз қаъри он ва сипас рӯи пиряхҳои Тоҷикистон нишастани намак боиси обшавии пиряхҳо дар Тоҷикистон шудааст. Ба ин далел коршиносон мегӯянд, ки башиддат обшавии пиряхҳо Тоҷикистон ва кишварҳои дигари минтақаро ба камобӣ ва мушкилоти ҷиддии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯбарӯ хоҳад кард.

Мушкили дигар нақлиёти кӯҳнаест, ки солҳои ахир вориди Тоҷикистон шудаанд. Даҳҳо ҳазор мошинҳои фарсуда аз кишварҳои ғарбӣ вориди бозори Тоҷикистон шудаанд ва ҳаво дар минтақаҳои аҳолинишин бахусус Душанбе бисёр олуда аст.

Ба гуфтаи Фирӯз Саидов, Тоҷикистон 16 апрели соли 2016 Созишномаи Париж дар робита ба ҳифзи иқлимро имзо кард ва соли ҷорӣ порлумони Тоҷикистон онро тасвиб кард. Ба гуфтаи ин коршинос, феълан Тоҷикистон машғули таҳияи Стратегияи миллии тағйирёбии иқлим аст ва интизор меравад, имсол санад тасвиб шавад.

Ба эътиқоди коршиносон ва созмонҳои байналмиллалӣ, тағйири иқлим мушкилоти сокинони Тоҷикистонро меафзояд ва дар сурати наандешидани чораҳо барои мутобиқат ба шароиту иқлими нав мумкин аст, мизони камбизоатӣ афзоиш ёбад.

Селу тарма пеши Сурхоб ва роҳи Тоҷикистону Қирғизистонро баст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:48 0:00

XS
SM
MD
LG