Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пироҳанҳои мӯд дар соли 2018. Миллӣ ва ё аврупоӣ? ВИДЕО


Тарроҳи маъруфи тоҷик Хуршед Сатторов аз матои атласу адрас, чакану гулдӯзиҳову сӯзанӣ пироҳан медӯзад. Либосҳои ӯ дар ҷашнвораҳои маъруфи ҷаҳонӣ ба намоиш гузошта шудаанд ва ҷоиза ҳам гирифтаанд. Соли 2018 барои Хуршед соли пурбароре буд.

Cафари ҳунариаш ба шаҳри Бокуи Озарбойҷон ва шомил кардани чакан ба феҳрасти комёбиҳои ғайримоддии ЮНЕСКО-ро воқеаҳои нодир зиндагиаш медонад. Ӯ мегӯяд, дар дастовардҳои ӯ тамоми тоҷикистониҳо низ саҳм доранд.

“Ин натиҷаи заҳмати зиёди тоҷикистониҳову тарроҳонаш буд. Ин ҳам барои мардум ва ҳам барои тарроҳоне муҳим буд, ки бо чакан ҳам зиёд кор мекунанд” - гуфт ӯ ба Радиои Озодӣ.

Хуршед мегӯяд, дар ин сол таваҷҷӯҳи мардум ба пироҳанҳои қадимӣ зиёд шуд, худи духтарон мегӯянд, ки дигар ин пироҳанҳоро барои ширкат дар тӯйҳову базмҳо фармоиш медиҳанд. Аммо ба унвони либоси ҳаррӯза бошад, либосе даркор аст, ки шинаму мувофиқ бошад. Шаҳноза, сокини Душанбе яке аз онҳост.

Пироҳанҳои мӯд дар соли 2018. Миллӣ ва ё аврупоӣ?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:07:20 0:00

“Маъмулан куртаҳои миллӣ фармоиш медиҳам. Куртаҳои дорои гулдӯзӣ ҳамеша мӯд аст, вале онро асосан дар базмҳои ҷашнӣ мисли чойгаштак метавон ба бар кард. Асосан арӯсон онро мепӯшанд”, мегӯяд, ӯ.

Ба қавли тарроҳон, соли 2018 духтарон бо пайравӣ ба либоспӯшии овозхонҳо пироҳан ба бар мекардаанд, аз ҷумла бо пайравӣ ба Шабнами Сурайё.

Оимгул, яке аз ин дӯзандагон мегӯяд, овозхонҳо ҳар навъ либосе ки ба бар накунанд, духтарон ҳам ба қавле аз онҳо нусха мебардоранд.

“Мӯди тоҷик дар дасти мо нест, мӯди тоҷик дар дасти Шабнами Сурайё аст”, мегӯяд Оимгул.

Соли 2018 дар Тоҷикистон мардуми зиёде ба нахустнамоиши либосҳои мӯд мерафтанд. Дар ин сол чунин намоишҳо зиёд шуд. Муҳимтарин чорабинӣ дар бахши либоси мӯд “Чеҳраи Осиёи Марказӣ- 2018” шуд. Бори аввал дар Душанбе марҳилаи ниманиҳоӣ ин озмун доир гашт ва ҷоизаи асосиаш роҳхат ба давраи ниҳоӣ ба Кореяи Ҷанубӣ буд. Соҳиби ин роҳхат Валерия Мороз, сокини шаҳри Душанбе шуд.

Мӯди ҷаҳонӣ зуд ба Тоҷикистон ҳам мерасад

Ба эътиқоди тарроҳон либоси мӯд дар Тоҷикистон аз намунаҳои марказҳои маъруфи либосдӯзии ҷаҳонӣ маншаъ мегиранд. Ба унвони мисол, Хуршед пайваста аз навигариҳои ҷаҳонии либоси мӯд бохабар аст ва аз онҳо дар офаридаҳои худ истифода мекунад.

“Марказҳои ҷаҳонии мӯд шакли либоси мӯдро тарҳрезӣ мекунанд. Мисол, дар ин мавсим мо рангҳоеро интихоб мекунем, ки истифода аз онҳо аз дер вақт фаромӯш шудааст. Ба унвони мисол, соли гузашта мо ранги ҷигарии баланд ва намунаҳои ранги сурхро интихоб кардем. Ин рангҳо бояд бо ранги сиёҳ ҷӯр шаванд.

Хуршед Сатторов
Хуршед Сатторов

Аммо кадоме аз рангҳоро интихоб накунем, Тоҷикистон кишвари офтобӣ аст ва дар мо матоъҳои дорои рангҳои баланд ба мисли атласу адрас, бақасабу калача ва дигар матоъҳо зиёд аст. Дар чакани мо ҳама рангҳои рангинкамон ва ҳама рангҳои табиӣ вуҷуд доранд” – мегӯяд, ӯ.

XS
SM
MD
LG