Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи Фотима ба сӯи "Victoria's Secret". ВИДЕО


Зебоии худодод василаи даромади модели тоҷик Фотима Маҳмадалиева аст. Вале мегӯяд, ҷомеаи Тоҷикистон муҳофизакор шудааст ва коре, ки ӯ мекунад ба ҳама хуш намеояд.

  • “Ин вазъият монеаҳои зиёд эҷод мекунад. Одамон ҳамеша пушти сари якдигар гап мезананд. Ҳатто агар рӯймол баста, дар хона нишинӣ, боз ҳам барои бадгӯӣ сухане пайдо мекунанд”, - гуфт ӯ рӯзи 15-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.
Бо “бикини” ба саҳна баромадан яке аз шартҳои асоси озмунҳои байналмилалӣ аст. Ба ин васила ту тани бенуқси худро намоиш медиҳӣ. Ва агар рад кунӣ, баҳоят паст мегардад

"Таваҷҷуҳи хориҷиҳо ба зоҳири духтарони мо зиёд аст"

Ҳамвор сохтани роҳ ба сӯи парвозҳои ҳунарӣ барои моделҳои тоҷик душвор аст. Моделҳо даромади хуб надоранд ва бозори таблиғот ҳам ба таври зарурӣ рушд накардааст. Ба ин хотир, ба гуфтаи Фотима Маҳмадалиева, бисёре аз моделҳои шинохтаи кишвар бо ҳар роҳ талош мекунанд, ки ба озмунҳои байналмилалӣ роҳ ёбанд.

Ӯ гуфт, “дар чунин озмунҳо намояндагони брэнд ва ширкатҳои маъруф иштирок мекунанд ва барои худ чеҳра меҷӯянд. Эҳтимоли таваҷҷӯҳи онҳо ба зоҳири духтарони мо кам нест. Барои онҳо миллат фарқ надорад, муҳим ин аст, ки намуди зоҳирии Шумо онҳоро ҷалб кунад. Духтарони зиёди мо ҳам бо ширкатҳои мухталиф дар хориҷ шартнома бастаанд. Се сол пеш ман ҳам бо як ширкати куриёӣ бо маблағи 5 ҳазор доллар қарордоди ҳамкорӣ доштам.”

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Духтарони тоҷик ба саҳнаҳои бузурги мӯд роҳ меҷӯянд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:34 0:00

Шарти асосӣ - бо "бикини" дар саҳна

Ягона орзуи Фотима Маҳмадилева иштирок дар намоиши брэнди Victoria’s Secret, бузургтарин ширкати фурӯши таҳпӯшҳо ва ороишоти занона дар ҷаҳон аст.

Моделҳои Victoria’s Secret , ки аз беҳтаринҳояш чун “фаришта” ном мебаранд, бо “бикини” рӯйи саҳна мебароянд. Модели 23-солаи тоҷик ҳам мегӯяд, барои роҳ ёфтан ба саҳнаҳои мӯди ҷаҳонӣ ӯ ба ҳама шартҳо розӣ аст, вагарна фақат дар бозори дохил ва дур аз ҳама шуҳрату шартномаҳои гаронарзиш хоҳад монд.

Фотима Маҳмадалиева
Фотима Маҳмадалиева

“Агар мехоҳӣ пешрафт кунӣ, бояд ба шартҳо розӣ шавӣ. Бо “бикини” ба саҳна баромадан яке аз шартҳои асоси озмунҳои байналмилалӣ аст. Ба ин васила ту тани бенуқси худро намоиш медиҳӣ. Ва агар рад кунӣ, баҳоят паст мегардад”, - шарҳ дод ӯ.

Фотима Маҳмадалиева мегӯяд, моделҳои навкор бо тарғиби молу маҳсулоти ширкатҳои маҳаллӣ дар Тоҷикистон моҳона то 300-400 доллар ва моделҳои шинохтаву касбӣ то 1000 долар ба даст меоранд.

Як сабаби аслии танҳо дар дохил ва минтақа мондани моделҳо, ба гуфтаи худи онҳо, ҳамин мушкили молӣ аст.

"Ҳусн доранд, қаду қомат ҳаст, шароит нест"

Гулнора Убайдова, модели дигари тоҷик гуфт, “шартномаву озмунҳо ҳам мухталифанд. Дар баъзе ҳолат духтарон бояд аз ҳисоби худ сафар кунанд. Духтароне ҳастанд, ки қаду қомат ва ҳусни зебо доранд, вале шароити берун рафтан ва муаррифӣ кардани худро надоранд.”

Як сабаби дигари “бозоргир” набудани моделщои тоҷик дар бозори ҷаҳонии муд, ба қавли муттахассисон, камбуди духтарони қоматбаланд дар кишвар будааст.

Хуршед Сатторов
Хуршед Сатторов

Хуршед Сатторов, тарроҳи маъруфи тоҷик, мегӯяд, духтарони зебову мувофиқ ба аксар меъёрҳои як модели ҷаҳонӣ дар кишвар зиёд аст, аммо на ҳама қомати баланд доранд.

“Духтарони мо чеҳраҳои хеле зебо доранд, аммо аз нигоҳи қаду қомат, дар бозори ҷаҳонии мӯд рақобатпазир нестанд. Махсусан бо духтарони русу беларус ва бонувони Аврупо рақобат кардан мушкил аст”, - афзуд ӯ.

Аз сӯйи дигар, ба қавли Хуршед Сатторов, аксар духтарони зебое, ки метавонанд бо қаду қомати боло саҳнаҳои зебоии ҷаҳонро тасхир кунанд, ба хотири берун аз хостаҳои волидон по нагузоштан, ба ин роҳ намераванд ва ё, аз иҷрои бархе аз шартҳои озмунҳои зебоӣ дар хориҷ саркашӣ мекунанд.

"Агар духтар модел аст, маънои онро надорад, ки ӯ ба роҳи бад меравад"

Дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон ба кори моделҳо назарҳо яксон нест. Фаъолияту зиндагии ин гуруҳи духтарон ҳам таҳти назари ҷомеа қарор дорад ва бо вуҷуди сурату андоми зебо на ҳамаи мардон барои барпо кардани оила бо ин духтарон омодаанд.

Вале Фотима Маҳмадалиева, мегӯяд, агар духтар модел аст, ин маънои онро надорад, ки ӯ бо роҳи бад меравад. Худи Фотима мегӯяд, ӯ миёни бахту карйера дувумиро интихоб кард ва ба ҷавоне, ки кори ӯро қабул надошту мехост оиладор шавад, посухи рад дод.

XS
SM
MD
LG