Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чакан ба ҷашнвораи «Абрешиму амбар» меравад.ВИДЕО


Дар ҷашнвораи анъанавии «Абрешиму амбар» (“Шелк и специи”), ки дар Узбекистон доир мегардад, намунаи либосҳои тарроҳи тоҷик Хуршед Сатторов намоиш дода мешавад. Дар ин ҷашнвора, ки аз 24 то 28 май дар Самарқанду Бухоро баргузор мешавад, ҳанармандону косибони кишварҳои Осиёи Марказӣ, Чин, Ҳинд ва Эрон ҳунарнамоӣ мекунанд.

​Хуршед Сатторов, ки аввали ҳамин моҳ даъватномаи ин ҷашнвораро ба даст овард, аллакай як колексияи либосҳои худро барои ҳаводорони ин фестивал омода кардааст. Ин тарроҳи тоҷик дар як суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, тасмим дорад, 15 навъи либосҳои таҳиякардаашро ба намоиш гузорад.

“Аксари либосҳое, ки ӯ таҳия кардаааст, бо истифода аз нақшу нигори миллӣ дар чакан ва бо омезиш ба шеваи аврупоӣ омода шудаанд”.

Хуршед мегӯяд, ки ин моделҳоро барои намоиш дар Узбекистон махсус интихоб кардааст, то ки вижагиҳои фарҳангии тоҷиконро барҷастатар ба намоиш гузорад. Ба унвони мутахассиси соҳа, ӯ гуфт, либосҳои тоҷикони Самарқанду Бухорову Фарғона ва дигар навоҳии Узбекистон монанд ба либосҳои мардуми Тоҷикистон ҳастанд ва бо вуҷуди баста будани марзҳо дар 20 соли охир, ҳунари тарроҳии пешравандаи ҳарду кишвар аз роҳи ҷашнвораву барномаҳои ҳунарӣ ва ҳам шабакаи Интернет барои ҳамдигар хуб ошно аст. Ҳарду кишвар ҳам дар 10-15 соли охир саноати таҳияи либосҳои бар асоси матову тарроҳии миллиро рушд доданд. Барои ин дар сатҳи байналмилалӣ мӯд шудани нақшу нигор, сифати матоъ ва рангубори шарқии осиёимиёнагӣ ҳам кӯмак кард. Зимнан, то замони аз саҳна дур шуданаш духтари президенти собиқи ин кишвар Гулнора Каримова ҳам яке аз муббалиғони наққошии матоҳои атласе буд, ки барои мардуми ду кишвар миллӣ маҳсуб мешавад.

Хуршед Сатторов
Хуршед Сатторов

Бо назардошти ин умумиятҳо, Хуршед Сатторов мехоҳад бо худ ба Самарқанду Бухоро намунаҳои он либосҳоеро бубарад, ки сарчашмаи эҷодаш мардуми манотиқи кӯҳистони Тоҷикистон аст: “Барои мисол, чакан хоси минтақаи Хатлони Тоҷикистон аст ва ҳатто бо рангу дӯхт ва нақшҳое, ки дар он кашида мешавад, аз гулдӯзиҳои минтақаҳои дигар фарқ мекунад. Ё либосҳои минтақаи Бадахшон. Ҳар як нақшу нигори курта ё ҷӯробҳо ном ва маънои худро доранд. Инро дар фарҳанги кишвари ҳамсояи Узбекистон дидан мумкин нест”.

Чакани ба ҷашнвораи «Абрешиму амбар» меравад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:32 0:00

Хуршед Сатторов умедвор аст, ки метавонад бо ҳунари худ дар хотиру зеҳни тамошобини зебоипарасти хориҷӣ бимонад.

Нигина Амонқулова
Нигина Амонқулова

Ин тарроҳи тоҷик мегӯяд як намунаи махсуси чаканро бо ранг ва нақшҳои махсус таҳия кардааст, ки қарор аст, онро Нигина Амонқулова, сарояндаи шинохта дар аввалин консерти имсолаш дар Амрико ба бар кунад.

Хуршед Сатторов аз боз шудани марзҳову бекор шудани низоми раводид дар миёни Тоҷикистону Узбекистон фавқулодда шод аст. Ӯ мегӯяд, боз будани роҳҳо ба табодули бештари фарҳангӣ ва ҳамкории тарроҳону аҳли ҳунари ду кишвар мусоидат мекунад. Ширкат дар ҷашнвораи бонуфузи «Абрешиму амбар» барои ӯ ҳамчун манбаи тавлиди идеяҳои тоза арзёбӣ мешавад.

Дар доираи ҷашнвораи анъанавии «Абрешим ва хушбуӣ» кори ҳунармандону косибон, аз ҷумла ҳунари тарроҳони ҷавон намоиш ва муаррифӣ мешавад. Ин ҷашнвора яке аз чорабиниҳои асосии Бахши сайёҳии кишвари Узбекистон аст, ки ҳамасола баргузор мешавад. Ширкати дигар ҳунармандони тоҷик низ дар ин ҷашновар дар назар аст.

XS
SM
MD
LG