Парвина Саидова, модели 28-солаи сокини Душанбе дар ҳафт сол се духтар ва ду писарро ба дунё овардааст. Фарзанди хурдиро замоне таваллуд кард, ки ҳамагӣ 24 сол дошт. Аммо ба гуфтаи Парвина, вақте ӯ дар ин бора мегӯяд, ҳеҷ кас бовар намекунад, чун бо вуҷуди таваллуди пай дар пайи панҷ фарзанд, ӯ тавонистаст қаду қомат ва симои зебояшро ҳифз кунад. Парвина мегӯяд, ҳусни ӯ худодод аст, зеро ҳеҷ гоҳ ба зебоияш аҳмияти хосса намедод, варзиш намекард ва ҳамеша банди тарбияи фарзандон буд.
Парвина Саидова мегӯяд, ба се духтари мактабхонаш дар тайёр кардани вазифаи хонагӣ кӯмак мекунад, ҳамроҳ дар боғҳои Душанбе сайругашт мекунанд ва ҳаёти комили оилавӣ доранд.
Шавҳари Парвина ду сол пеш вафот кард. Ӯ вақтҳои холигияшро комилан ба фарзандон мебахшад, то онҳо набудани падарро эҳсос накунанд. Худаш хӯрок мепазад, дар вақтҳои холӣ бо онҳо бозӣ ҳам мекунад. Зарур шавад, бачаҳоро барои рафтори ноҷо ҷазо ҳам медиҳад.
Аммо вақти холии Парвина ба тадриҷ кам мешавад. Бо машварати дугонааш ӯ соли гузашта ба мактаби ҳунари актёрӣ ва овозхонӣ шомил шуд. Аммо ҳанӯз дар ҳафтаи аввали таҳсил ӯро ба истилоҳ «пешниҳодборон» карданд.
Парвина аллакай дар як филми ҳунарӣ нақши асосиро бозида дар чанд клипи овозхони маъруфи Тоҷикистон зоҳир шудааст.
Вале барои шинохта шудан барояш тарроҳи маъруф Хуршед Сатторов кӯмак кардааст, ки акси ӯро дар миёни ҳафт модели касбӣ ба як озмуни Одесса фиристод. Аз миёни аксҳои духтарони тоҷик ҳакамон маҳз Парвинаро интихоб карданд. Бо ҳамин, роҳи ин модари серфарзанд ба ҷаҳони мӯд боз шуд.
Хуршед Сатторов гуфт, дар ҳафати мӯд дар Украина модари серфаразнди тоҷик дар байни 60 ширкаткунанда аз тамоми ҷаҳон зеботарин дониста шуд. Ҳоло ӯву Парвина барои зиёрати Пйер Кардин дар Фаронса даъватнома дарёфт кардаанд.
Имсол Парвина боз ҳам дар Одесса ҷоийзаи беҳтарин моделро касб кард ва дар озмуни зебоии "Miss World Beauty",ки дар Остона гузашт барандаи ҷоизаи "Missis International 2016" шуд. Дар озмуни "Маликаи зебоии ҷаҳон" дар баробари зебоӣ ва намоиши либоси миллӣ, ҳамчунин истеъдоди овозхониву рақси ширкатдорон санҷида шуд.
Парвина мегӯяд, дар баробари кори зиёд ва талош барои пешрафтҳои бештар, оилаву фарзанонашро фаромӯш карданӣ нест, зеро ҳар коре мекунад, танҳо ба хотири онҳо аст.