Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон баъди анҷоми ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар шаҳри Доҳаи Қатар субҳи сешанбеи 11-уми декабр барои баргузор намудани ду бозии дӯстона бо тими миллии Умон ба шаҳри Масқат расид.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар меҳмонхонаи «Рэдиссон Блу» ҷойгир шудааст. Шоми сешанбе футболбозони тоҷик таҳти раҳбарии мутахассиси узбекистонӣ Усмон Тошев дар майдони эҳтиётии варзишгоҳи Султон Кобус тамрин карданд. Дар ин тамрин ҳамаи 23 бозигар, ки ба мунтахаби Тоҷикистон даъват шудаанд, ширкат доштанд.
Бозии аввали дӯстона миёни тимҳои миллии Умону Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 13-уми декабр дар шаҳри Масқат, дар варзишгоҳи Султон Кобус, ки барои тамошогарон 34 ҳазор ҷойгоҳ дорад, соати 18:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 19:00 – ба вақти Душанбе) шуруъ мешавад. Бозии такрории ин дастаҳо дар варзишгоҳи Султон Кобус рӯзи якшанбеи 16-уми декабр доир мегардад.
Дарвоқеъ, мунтахаби Умон, ки ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2019 омодагӣ мебинад, соли оянда дар гурӯҳи “F” бо тимҳои миллии Ҷопон, Узбекистон ва Туркманистон бозӣ мекунад.
Вале тими миллии Тоҷикистон, ки бо раҳбарии Ҳаким Фузайлов 27-уми марти имсол дар бозии даври охирини марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 дар гурӯҳи "F" дар шаҳри Манила аз тими миллии Филиппин бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд, аз ҳаққи ширкат дар қисми ниҳоии мусобиқот маҳрум гашт. Баъди ин нокомӣ Фузайлов аз вазифаи сармураббии дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон истеъфо дод.
Зимнан, аз минтақаи Осиёи Марказӣ танҳо мунтахаби Тоҷикистон ба марҳалаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2019, ки аз 5-уми январ то 1-уми феврали соли оянда дар Имороти Муттаҳидаи Араб доир мегардад, роҳ наёфт. Дастаҳои мунтахаби Узбекистону Туркманистон ҳамроҳи тимҳои миллии Умону Ҷопон ба гурӯҳи “F” шомиланд. Мунтахаби Қирғизистон дар гурӯҳи “С” бо тимҳои миллии Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Филиппин рақобат мекунад.
Мунтахаби Тоҷикистон дар рейтинг ё раддабандии Федератсияи байналмилалии футбол, ки 29-уми ноябр дар сомонаи расмии FIFA нашр шудааст, дар байни 211 кишвар бо 1161 имтиёз дар ҷойгоҳи 118-ум қарор дорад. Мунтахаби Умон бо 1291 имтиёз ҷойгоҳи 83-юмро касб намудааст. Умон дар байни дастаҳои мунтахаби миллии Осиё, ки ба AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) шомиланд, мақоми 10-ум ва Тоҷикистон мақоми 22-юмро соҳиб шудаанд.
Ҳайати дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар бозиҳои дӯстона муқобили тими миллии Умон:
Дарвозабонҳо: Беҳрӯз Хайриев («Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Барқчӣ»), Фатҳулло Бобоев («Хатлон»);
Ҳимоятгарон: Зоир Ҷӯрабоев («Металлург», Узбекистон), Сиёвуш Асроров, Аҳтам Назаров, Табрези Давлатмир (ҳарсе - «Истиқлол»), Хуршед Бекназаров («Хуҷанд»), Ваҳдат Ханонов, Ҳусейн Нурматов (ҳарду – «Барқчӣ»), Доробҷон Эргашев (ССКА «Помир»), Бахтиёр Қаландаров («Регар-ТадАЗ»);
Нимҳимоятгарон: Амирбек Ҷӯрабоев, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов (ҳарсе – «Истиқлол»), Шервонӣ Мабатшоев, Шарафҷон Солеҳов (ҳарду – «Барқчӣ»), Кароматулло Саидов («Хатлон»), Муҳсинҷон Абдуғаффоров (ССКА «Помир»);
Ҳамлагарон: Муҳаммадҷон Лоиқов («ЮАС-Житковичи», Беларус), Шериддин Бобоев, Комрон Турсунов (ҳарду – «Истиқлол»), Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»);
Бозиҳои дӯстона
13-уми декабр (панҷшанбе)
Оғози бозӣ – соати 19:00 ба вақти Душанбе
Умон – Тоҷикистон
Масқат, варзишгоҳи Султон Кобус
16-уми декабр (якшанбе)
Оғози бозӣ – соати 19:00 ба вақти Душанбе
Умон – Тоҷикистон
Масқат, варзишгоҳи Султон Кобус