Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Агар зан нофармонӣ кард, баъд мезанем" ВИДЕО


Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, танҳо дар нуҳ моҳи имсол тақрибан 9 ҳазор зан аз ҷабри шавҳар ва бекориву бехонагӣ шикоят кардаанд. Занони даъвогар гуфтаанд, ки мардҳо онҳоро зери шатта мегиранд ва озори равонӣ медиҳанд.

Дағал ҳам шавад, мағзи сари ҳама яксон аст. Намедонам, чаро мардон фикр мекунанд, ки мағзи онҳо бузургтар аз мағзи занон аст ва мехоҳанд ҳамеша ҷинси латифро тарбия кунанд

Баъзе аз роҳгузарон дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе низ мардонро "ҳокими хонавода" номида ва гуфтанд, ки занон бояд дар хидмати онҳо бошанд. Ин гуруҳ бар ин назаранд, ки тайёр набудани хӯрок, дер омадан аз кор, гапгардонӣ ва розӣ набудан ба фикри шавҳар ба мардҳо ҳақ медиҳад, занҳои худро "адаб" диҳанд.

Чунин шеваи муносибатро баъзе мардони тоҷик мақбул ва маъмул медонанд ва дар ин рафтор ягон нуктаи манфиро намебинанд. Дар як суҳбати сарироҳӣ рӯзи 30-юми ноябр бархе аз мардон дар Душанбе чунин гуфтанд:

  • "Агар зан гапамонро гӯш накард, мезанем. Дигар чӣ кор кунем?"
  • "Тоҷикон чунин фикр доранд, ки бояд мардҳо болои занҳо ҳокимият дошта бошанд. Ин андеша аз гузашта боқӣ мондааст"
  • "Вақте зан бо фикри шавҳар розӣ нест, қаҳри мард меояд ва дар оила муноқиша сар мезанад".

Назари сокинон. Видеоро дар инҷо тамошо кунед:

"Занро бо задан тарбия мекунем"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:14 0:00

Баъзе ҳам худро ҳокими хонавода мешиносанд ва ба ин назаранд, ки зан бояд ҳамеша зери тарбияи шавҳар бошад.

  • "Мард ҳама вақт занро бояд тарбия кунад. Вагарна занҳо дар ҳар куҷо мегарданд"
  • "Коре мекунам, ки ба гапи ман розӣ шавад. Ин хел нест, ки ман фикри дигар дошта бошам ва ӯ фикри дигар".

Мухолифони ин ақида кам нестанд. Онҳо бар ин назаранд, ки зану мард дар ду паллаи тарозу вазни баробар доранд ва набояд яке аз онҳо шоҳу дигаре каниз бошад.

Мардоне ҳам ҳастанд, ки мегӯянд барои ҳалли мушкили хонаводагӣ ба роҳи дигар мераванд. Талош мекунанд, бе сарзаниш ва хушунат ҳамсаронро тарбия намоянд.

  • "Аввал инки занро бояд ҳурмат кунӣ. Вақте эҳтироми якдигар ҳаст, зан ҳама гапро мефаҳмад"
  • "Занро намезананд, муомилаи хуб мекунанд"
  • "Ҳеҷ вақт аз роҳи хашм адаб омӯхта намешавад. Сухани нек морро аз хонааш берун овардааст".

Занон ҳам дар ин маврид андешаҳои мухталиф доранд. Гурӯҳе аз занҳо мегӯянд, онҳо ҳам инсонанд ва бояд нуқтаи назарашон дар масоили хонаводагӣ ба назар гирифта шавад.

  • "Мардон танҳо ба хотири онки ҳамфикри шавҳар нестанд, набояд зери фишор бошанд. Барои онки занҳо ҳам фикру мувақеи худро доранд. Дағал ҳам шавад, мағзи сари ҳама яксон аст. Аммо намедонам чаро мардон фикр мекунанд, ки мағзи онҳо бузургтар аз мағзи занон аст ва мехоҳанд ҳамеша занонро тарбия кунанд".

Гурӯҳи дигари занон мегӯянд, ба "ҳукумати мардҳо" дар хонавода розӣ ҳастанд ва ба назари худи онҳо зан бояд дар оила рақами ду бошад.

"Мардҳо ҳама вақт дар зинаи боло ҳастанд. Зан як зина поинтар аст. Зан чӣ кор карданашро медонад, аммо он дарку фаҳмишеро, ки дар мардон ҳаст, надоранд".

Шумо дар ин бора чӣ назар доред? Андешаҳои худро дар зери матлаб бинависед.

XS
SM
MD
LG