Гапдаро, хушмуомила, нармгуфтор ва аз ҳама муҳим кадбонуи бомаҳорату коргар. Ин тасвир ё “портрет”-и келини идеалӣ аз нигоҳи аксар хушдоману шавҳарон будааст.
- Беш аз 80 хушдоман аз ду минтақаи Тоҷикистон дар доираи як тарҳ ҷамъ омада, дар бораи келинҳои худ ва муносибат бо онҳо суҳбат карданд. Онҳо ҳамзамон барои ҳалли мушкили хонаводагӣ машварат гирифтанд.
Пас аз мулоқот бо хушдоманҳо, бархе дарк карданд, ки иштибоҳ мекунанд. Онҳо намехостанд, ки келин ба хонаи падар ё бо шавҳар ба тамошо равад.
"Ниёзҳои келин дар ҷои охир аст"
Бино ба хулосаи пажӯҳише, ки дар доираи тарҳи “Зиндагии шоиста” ва дар суҳбат бо хонаводаҳо, аз ҷумла хушдоманҳо анҷом шудааст, аксарият гуфтаанд, зан ва ё келини идеалӣ бояд шармгин бошад, танбалӣ ва гапгардонӣ накунад. Бархе ҳам бар ин бовар будаанд, ки зани идеалӣ ғайбат намекунад ва аз хона зиёд ба берун намеравад.
Меҳриннисо Тӯхтаева, намояндаи созмони “Фародис” дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, дар доираи лоиҳаи “Зиндагии шоиста” бо хушдоманҳои зиёд ҳамсуҳбат шудааст. Ӯ рӯзи 28-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, баъзеҳо бо келин чун ғулом рафтор мекунанд.
“Аслан муносибат дағалона аст. Дар ҳар оила масъалаи духтар аз келин болотар меистад. Ниёзҳои келин дар ҷойи охир аст. Пас аз мулоқоти мо бо хушдоманҳо бархе дарк карданд, ки иштибоҳ мекунанд. Онҳо намехостанд, ки келин ба хонаи падар ё бо шавҳар ба тамошо равад. Келинро ҳатман хусур ё хушдоман ба хонаи модар мебарад, вале вай мехоҳад, бо шавҳараш равад”, - афзуд ӯ.
Ҳудуди хушдоман аз куҷо то куҷост?
Дар гузорише, ки дар пайи суҳбат бо келину хушдоманҳо омода шудааст, гуфта мешавад дар хонаводаҳои тоҷик нақши хушдоман дар тамоми тасмимгириҳои келину писар шурӯъ аз хариди ашёи гаронбаҳо то тарбияи фарзандону истифодаи маблағи интиқолии мардҳо аз Русия бузург аст. Пажуҳиш ҳамчунин муайян кардааст, ки ҳатто зиндагии шаҳвонии ҳамсарон зери назари баъзе хушдоманҳо ҷараён мегирад. Онҳо ҳатто барои ҳамхоба шудан ё муҳаббати писарони худ ба ҳамсаронашон монеа эҷод мекардаанд.
Бино ба маълумоти созмонҳои ҳуқуқи башар, аз се як ҳисса ё нисфи занони тоҷик мунтазам зери зӯроварии ҷисмӣ, равонӣ ва ҷинсӣ қарор мегиранд. 57 дар сади аҳолии Тоҷикистонро занҳо ташкил медиҳанд.
Меҳриннисо Тӯхтаева мегӯяд, “дар нишастҳои мо як зан нақл кард, ки агар ба инҷо намеомад, тасмими худкушӣ дошт. Дар оила аз хушдоман хушунат медид. Ӯ зани чаҳоруми шавҳараш буд ва хушдоманаш ба ӯ зӯроварӣ мекард. Мо суҳбат кардем ва фикрашро тағйир дод.”
"Дедовшина" дар хонавода
Як ҳадафи тарҳи “Зиндагии шоиста” ҳам, ки аз ҷониби созмони ҷаҳонии “International Alert” ва созмонҳои дигари кор бо занон роҳандозӣ шудааст, боло бурдани ҳисси ғамхории хушдоманҳо нисбат ба келинҳо будааст. Дар доираи ин лоиҳа, ба 80 хонаводае, ки дар он муноқишаву нофаҳмиҳо буд, суҳбатҳо анҷом шуд ва бо ташкили саҳнаҳо ва роҳҳои дигари муассир, ба келину хушдоман ва шавҳарон муносибати дуруст ва ҳалли муноқиша дар оила омӯхта шудааст.
“Ба хушдоманҳо алоҳида ва ба келинҳо дар алоҳидагӣ дарс гузаштем. Баъд бо келинҳо дарди дили хушдоманро ба келин мерасондему аз келинро ба хушдоман. Аз хушдоманҳо мепурсидем, ки Шумо замони ҷавонӣ чӣ мушкилот доштед? Нақл мекарданд. Баъд мегуфтем, ки келини шумо ҳам чунин муносибатро намехоҳад”, - гуфт яке аз ташаббускорони дигари лоиҳа.
Зулайхо Усмонова, муҳаққиқи тоҷик, мегӯяд, бартарии лоиҳа ҷалби хушдоманҳо ба он буд. “Мо ҳама медонем, ки занҳои калонсол дар ҷомеа нақши калон доранд ва кор бо онҳо бисёр муҳим буд”, - афзуд ӯ.
"Модар ягона аст, аммо..."
Муаллифони пажӯҳиш дар чаҳор деҳаи ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Панҷакент кор бурдаанд. Онҳо ба ин хулоса омадаанд: "Як сабаби зӯроварӣ дар оила ва муносибати нохуби хушдоман бо келин дар он аст, ки хушдоманҳо ҳам замоне ин ҳама мушкилотро дар хонаводаи шавҳар пушти сар кардаанд. Ҳоло мехоҳанд, ки келинашон ҳам бояд тобовар бошад ва хидмат ба хонаводаи шавҳарро дуруст анҷом диҳад. Ба бовари онҳо агар келин таҳаммулпазир бошад, дар ниҳоят хушбахт хоҳад шуд."
Пажӯҳиш муайян кардааст, ки хушдоманҳо ҷудошавии писар ва келинро фоҷеа намеҳисобанд ва омодаанд барои фарзандони худ келини дигар пайдо кунанд. Шумори ками занони калонсол гуфтаанд, онҳо ба фикри келин эҳтиром мегузоранд ва зидди зӯроварӣ ҳастанд.
Дар ин гузориш гуфта мешавад, мардон дар муноқишаҳои оилавӣ байни модар ва ҳамсар бо ин андеша, ки ҳамсарро метавон пайдо кард, “аммо модар ягона аст, маъмулан аз модарони худ пуштибонӣ карда, занони худро бо тамоми восита аз ҷумла зӯроварӣ тарбия мекунанд”.
Дар зимн, дар лоиҳаи "Зиндагии шоиста" ҳам дар баробари келину хушдоманҳо, мардон ҳам ба омӯзишу ҷалб шудаанд.
"Агар кори як занро ҳисобу китоб кунед..."
Ташаббускорони лоиҳа мегӯянд, мушкилтарин бахши кори онҳо маҳз кор бо мардон буд. Онҳо дар дарсҳои худ ба мардон исбот карданд, ки занон дар хона бекор намехобанд ва баръакс соати кории онҳо аз мардон бештар буда, даромадашон ба буҷети хонавода ҳам кам нест.
Зӯҳро Шарипова, масъули созмони “Занони Шарқ” ки дар лоиҳаи “Зиндагии шоиста” ба ҳайси роҳнамо ширкат кардааст, гуфт, “зан аз пагоҳ хеста, ба пода мераваду наҳорӣ омода мекунад. Боз хӯроки нисфирӯзӣ омода карда, барои мардон ба саҳро мебарад ва боз дар онҷо ба мардон ёрӣ мекунанд. Бо ин роҳ, мо чашми мардонро кушодем. Бархе мегуфтанд, фикр мекардем, онҳо дар буҷети оила саҳм надоранд. Агар кори як занро дар хона ҳисобу китоб кунед, ба 500 - 600 сомонӣ баробар мешавад.”
Лоиҳаи “Зиндагии шоиста” аз ҷониби созмони хайриявии International Alert ва чанд созмони дигари кор бо занон ба роҳ монда шудааст. Лоиҳа ду минтақаи Тоҷикистон, Абдураҳмони Ҷомӣ ва ноҳияи Панҷакент ва 12 моҳи омӯзишро дар бар гирифтааст. Ташаббускорони лоиҳа бар ин боваранд, ки дар пайи сӯҳбату мулоқоти онҳо дар 50 дарсади хонаводаҳо нигоҳу муносибат ба якдигар тағйир ёфтааст.