Як манбаъ дар ҳукумати Тоҷикистон ҳузури раҳбарони ғайрирасмии вилояти мухтори куҳистони Бадахшонро дар шаҳри Душанбе тасдиқ кард.
Мақсади ба Душанбе бурдани онҳо ҳамнишинӣ бо ҷавонону ҳамсолонашон аз минтақаҳои дигари кишвар аст.
Ӯ рӯзи 29-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки "ҳадафи асосии сафари онҳо ошноӣ бо вазъи пойтахт ва минтақаҳои дигари кишвар аст."
Бино ба иттилои дарёфтӣ, Толиб Айёмбеков, Ёдгор Мамадасламов, Мунаввар Шанбиев ва Зоир Раҷабов рӯзи шанбеи 27-уми октябр аз Хоруғ ба Душанбе омадаанд.
- Мақомоти интизомии Тоҷикистон қаблан ин афродро "саркардаҳои гуруҳҳои ҷиноии Хоруғ" эълон карда, огоҳии охирин дода буданд, ки аз ҳамагуна амалҳои ҷиноӣ даст кашанд, вагарна бе ягон хотирбинӣ нисбат ба онҳо аз чораҳои ҳуқуқӣ кор гирифта хоҳад шуд.
"Ман дар Варзоб ҳастам"
"Онҳо чанд сол аз Бадахшон берун наомадаанд. Аз дигаргуниву пешрафтҳо дар гӯшаҳои гуногуни кишвар бехабаранд. Тоҷикистон ватанашон аст ва ҳақ доранд, ки ҳар гӯшаву макони онро бубинанд. Бо мардум ҳамсуҳбат шаванд. Ҳоло онҳо дар пойтахт ҳастанд", - афзуд ҳамсуҳбати мо дар ҳукумат.
Ин мақом гуфт, сафари ин чаҳор нафар аз Хоруғ ба Душанбе аз тарафи худи онҳо барномарезӣ шудааст, на ниҳодҳои расмӣ.
Зоир Раҷабов, яке аз онҳо, рӯзи душанбе дар суҳбати кӯтоҳи телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, тайи 15 соли охир Душанберо надида буд ва ҳамин ҳоло аз пойтахт ба Варзоб рафтааст. "Ман дар инҷо ҳастам. Ёдгор Мамадасламов ба ҷойи дигар рафт ва наметавонам зиёд суҳбат кунам", - гуфт ӯ.
Даҳҳо ҷавонро аз Бадахшон ба Душанбе овардаанд
Қаблан гуфта мешуд, ин афрод ният доранд ба қабули раиси ҷумҳури Тоҷикистон даромада, бо ӯ дар бораи вазъи Хоруғ ва эълони иттиҳом алайҳи онҳо суҳбат кунанд. Вале Зоир Раҷабов гуфт, дар бораи мулоқот бо президент ҳеҷ чиз намедонад.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар доданд, ки даҳҳо ҷавон барои ошноӣ бо вазъи пойтахт аз Бадахшон ба Душанбе омадаанд. Онҳо аз Осорхонаи миллӣ ва, инчунин, Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ва боғҳои Фирдавсиву Айнӣ дидан кардаанд.
Ғолиб Ниятбеков, сухангӯи ҳукумати вилояти Бадахшон, рӯзи 29-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, "мақсади ба Душанбе бурдани онҳо ҳамнишинӣ бо ҷавонону ҳамсолонашон аз минтақаҳои дигари кишвар аст. Онҳо ҳарчӣ бештар бо намояндагони минтақаҳои дигар унс бигиранд, барои ҷомеа хуб аст. Дар Душанбе ҷавонон аз ҳар гӯшаи ҷумҳурӣ ҷамъ меоянд."
Огоҳии охирин
Дар гузашта мақомоти интизомии Тоҷикистон раҳбарони ғайрирасмии вилояти мухтори куҳистони Бадахшонро ҳафт нафар баршумурда ва онҳоро "саркардаҳои гуруҳҳои ҷиноӣ" эълон карданд.
Рӯзи 22-юми октябр расман ба онҳо огоҳинома супурда шудааст, ки аз авбошиву таҳқири намояндаи ҳукумат, “сходка” ва қочоқи силоҳу маводи мухаддир даст кашанд.
Аммо лидерони ғайрирасмии Бадахшон ҳамеша даст доштани худро дар ҷиноят рад кардаанд. Дар оғози ҳафтаи гузашта Толиб Айёмбеков гуфта буд, ки онҳо ҳаёти осоишта доранд ва бо пули нафақа зиндагӣ мекунанд.
Ҳамааш тақрибан ду моҳ пеш сар шуд
“Рейдҳо” дар маркази Бадахшон баъди он оғоз ёфт, ки рӯзи 15-уми сентябри имсол президент Эмомалӣ Раҳмон аз бедодгариҳои, ба қавли ӯ, "чор ҷинояткор" дар Хоруғ норозигӣ кард ва ба мақомот барои ҳалли масъала як моҳ муҳлат дод.
Интиқоди президент Раҳмон боис ба тағйироти кадрӣ дар сатҳи раҳбарияти маҳаллӣ ва ҳам сохторҳои қудративу додгоҳӣ шуд. Дар баробари ин, дар Бадахшон амалиёти назорат аз тартибот, аз ҷумла, ҷамъоварии силоҳ ва ҳам ошкоркунии мошинҳои сиёҳшишаи бидуни иҷозат ба роҳ монда шуд.