Шаҳрвандони Тоҷикистон вақтҳои охир бештар аз хидматрасонии ширкатҳои ҳавопаймоии кишварҳои ҳамсоя истифода мебаранд. Аз ҳама беш масири мувофиқтар барои онҳо тавассути Қирғизистон мебошад.
Хусусан аз ин масир сокинони вилоятҳои Суғд ва Мухтори кӯҳистони Бадахшон, ки ба марзи Қирғизистон наздиктаранд, сафар мекунанд.
Ин раванд аз моҳи майи соли 2018 оғоз шуд ва мо, воқеан, инро мепазирем. Ширкати моро муваззаф кардаанд, ки мавзуъро биомӯзем ва чора андешем
Дуртар бираву камтар бипардоз
Фарид Аброров, донишҷӯи тоҷик, ки дар Маскав таҳсил мекунад, ҳар сол ба шаҳри Хоруғ тавассути Ӯши Қирғизистон меравад. Ба қавли ӯ, ин масир каме дарозтар аст, вале вазъи он тақрибан монанд ба шоҳроҳи Душанбе – Хоруғ аст.
Дарозии роҳ барои ин донишҷӯи Тоҷикистон монеа намешавад, хусусан замоне ки мешавад як миқдор маблағи қобили таваҷҷуҳро сарфа кард. "Тавассути Душанбе баҳорон билет 3,5 ҳазор сомонӣ, тавассути Ӯш 2,5 ҳазор арзиш дорад, яъне ҳазор сомонӣ арзонтар. Аз Хоруғ ман ба Мурғоб ва аз онҷо ба Ӯш меравам. То кунун ба ҳеч кадом мушкил ва монеае дучор нашудаам”, - гуфт Фарид Аброров рӯзи 23-юми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.
Масофаи роҳ аз Хоруғ то Ӯш ҳудуди 730 километр, яъне 216 километр дарозтар аз шоҳроҳи Хоруғ-Душанбе мебошад. Дар ҳамин ҳол, қимати роҳкиро тақрибан фарқ намекунад. Аз Хоруғ то Мурғоб бо мошинҳои биёбонгард бо 150 сомонӣ ва бо ҳамин қимат аз Мурғоб то Ӯш мешавад сафар кард. Нархи роҳкирои мошинҳое, ки дар шоҳроҳи Душанбе – Хоруғ мусофиркашонӣ мекунанд, вобаста ба мавсим аз 250 то 300 сомониро дар бар мегирад.
Маҳмадалӣ, таксироне аз Исфара, ки дар масири Исфара-Бодканд мусофиркашонӣ мекунад, гуфт, қимати роҳкиро аз минтақаи онҳо то Ӯш 150 сомонист. Масофаи роҳ ҳудуди 280 километр аст. Теъдоди мусофирон, ба гуфтаи ӯ, ба фасли сол бастагӣ дорад, бештар мардум ин масирро баҳорон истифода мекунанд.
Тафовут - 120 дар сад?
Билети яктарафа дар масири Душанбе-Маскав тавассути интернет, бар асоси нархи ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон – "Сомон Эйр" ва "Тоҷик Эйр" 220 евро қимат дорад, ҳатто агар онро як моҳ пештар ҳам бихарӣ. Дар Қиргизистони ҳамсоя, дар масири Ӯш-Маскав билетро агар як моҳ пештар бихарӣ, 95-100 евро хоҳад буд. Яъне, фоида аз масири Қирғизистон 120 евро ё бар асоси арзиши феълии арзи миллӣ 1080 сомониро дар бар мегирад.
Сухангӯи ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик эйр” Азиз Хайруллоев дар суҳбат бо Радиои Озодӣ раванди ба ширкатҳои ҳавопаймоии ҳамсояҳо рӯ овардани шаҳрвандони Тоҷикистонро тасдиқ кард, аммо ҳамзамон гуфт, ширкати онҳо дар ҳоли ёфтани роҳи ҳалли ин мушкил аст.
“Ин раванд аз моҳи майи соли 2018 оғоз шуд ва мо воқеан инро мепазирем. Ширкати моро муваззаф кардаанд, ки мавзуъро биомӯзем ва чора андешем, то шаҳрвандон бо ҳамон гуна шароит тариқи ширкати мо сафар кунанд. Поин бурдани қимати билети ҳавопаймо ва ворид кардани тайёраҳои нави рақобатпазир ба бозор дар назар дошта шудааст”, - гуфт Хайруллоев.
Дар мавриди омилҳои таъсиргузор ба нархи билетҳо, сухангӯи “Тоҷик Эйр” ба нархҳои гарони сӯзишворӣ ва рақобатҳои даруни бозор ишора кард.
Ҳамоҳангӣ дар бозори ҳамлу нақли ҳавоӣ
Аз оғози моҳи феврали иимсол қимати маводи сӯхт дар Тоҷикистон якбора аз 1120 доллар барои як тонна то 1465 доллар боло бурда шуд. Ширкати сӯхтрасоние, ки инҳисори истисноӣ барои ворид кардани маводи сӯхти ҳавопаймоҳоро дорад, инро ба шароити берунӣ вобаста донист.
Ин ширкат он замон гуфта буд, ки баъди ворид кардани навгониҳо дар қонунгузории андоз (молиёти)-и Русия барои ширкатҳои дигар аз он ҷо содир кардани маводи сӯхт фоидаовар нест. Ба ин хотир ягона шарики воридкунандаи маводи сӯхт Туркманистон боқӣ монд.
Дар ҳамин ҳол, дар Қирғизистон қиммати маводи сӯхт барои як тонна 1230 долларо дар бар мегирад.
Теъдоди мусофирони Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар соли 2017 1,3 миллион нафар будаанд. Дар Қирғизистон теъдоди мусофироне, ки тавассути Фурудгоҳи байналмилалии “Манас” соли 2017 парвоз кардаанд, 3 миллиону 583,6 ҳазор нафар будаанд.
Ҳоло дар бозори дохилии Тоҷикистон ду ширкати ҳавопаймоии миллӣ (“Сомон Эйр” ва “Тоҷик Эйр”) ва ҳудуди 20 ширкати хориҷӣ ба ҳамлу нақли мусофирон сару кор доранд.