Ба ҳафт лидери ғайрирасмӣ дар вилояти мухтори куҳистони Бадахшон огоҳии расмӣ дода шудааст, ки аз амалҳои, ба қавли мақомот, ҷиноӣ даст бардоранд, вагарна муҷозот хоҳанд шуд. Ин огоҳиро рӯзи 22-юми октябр дар бинои Додситонии вилояти Бадахшон супурдаанд.
Толиб Айёмбеков гуфт, ки бознишаста ҳастанд ва бо маблағи нафақа зиндагиро пеш хоҳанд бурд
"Огоҳиномаро супурданд"
Бино ба гузорише, ки рӯзи 23-юми октябр бо рамзи телевизиони Бадахшон ба интернет роҳ ёфт, Толиб Айёмбеков, Мамадбоқир Мамадбоқиров, Ёдгор Мамадасламов, Хурсанд Мазоров, Мунаввар Шанбиев, Зоир Раҷабов ва Амриддин Аловатшоев рӯзи душанбе зери огоҳнома имзо гузоштаанд.
Дар ин гузориш лаҳзаи вуруди раҳбарони ғайрирасмии Бадахшон ба бинои Додситонии вилоят низ намоиш дода шудааст.
Аз тарафи мақомот огоҳиномаро намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Додситонии кулл, Додгоҳи олӣ ва ҳукумати вилояти Бадахшон тасдиқ кардаанд. Мақомот мегӯянд, ин огоҳиномаҳо дар шоҳидии Фаромуз Иргашов – намояндаи ҷамъиятии Бадахшон – супурда шуд.
Раҳбарони ғайрирасмӣ бояд чӣ амалҳоро накунанд?
Бар асоси огоҳӣ, ки нусхаашро телевизиони Бадахшон намоиш дод, аз лидерони ғайрирасмӣ хоста шудааст, аз
- "Ташкилу роҳбарии гуруҳҳои ҷиноӣ;
- Даъват ва ҷалби ҷавонон бо ҳадафи бетартибиҳои оммавӣ ва ғасби бинову иншооти давлатӣ;
- Қасдан несту нобуд кардани молу мулк;
- Таҳқири намояндаи ҳукумат;
- Авбошӣ;
- Қочоқи маводи мухаддиру силоҳ,
- “Сходка”
- ва Роҳ надодан ба содир кардани ҳаракатҳои ғайриқонунӣ бар зидди амнияти давлату ҷомеа" даст кашанд.
“Шарҳи ин ҷиноятҳои вазнин ва моддаҳои марбут ба он фаҳмонда шуд. Онҳо вазифадор шуданд, ки дар сурати риоя накардани талабот омада, дар назди қонун ҷавоб диҳанд”, - гуфта шуд дар гузориши телевизиони Бадахшон.
Раиси вилояти Бадахшон Ёдгор Файзов гуфт, гапи ӯ дар ин маврид ҳамонест, ки 16-уми октябр дар ҷаласаи натиҷагирӣ аз фаъолияти ситоди муштараки таъмини амният баён дар Хоруғ карда буд.
Айёмбеков: Бо пули нафақа зиндагӣ мекунем
Толиб Айёмбеков, яке аз лидерони ғайрирасмии Бадахшон, рӯзи 23-юми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки дар мулоқот бо масъулони додситонии вилоят намояндагони додгоҳу амният ва раёсати умури дохилӣ низ ҳузур доштанд.
Ӯ гуфт, “онҳо барои ҷамъоварии силоҳ ба мо ташаккур карданд. Гуфтанд, ки дигар машғули корҳои худ бошем ва мақомот кордор нест. Мо дар навбати худ аз додситонӣ хоҳиш кардем, ки дар мавриди пахши хабарҳо дар бораи гӯё ба гуруҳҳои ҷиноӣ шомил будани мо раддия пахш кунанд, чун иддаои нодуруст аст.”
Айёмбеков мегӯяд, онҳоро мақомоти додситонӣ барои суҳбат даъват карда буд ва панҷ нафар рӯзи душанбе дар онҷо ҳозир шуданд: “Аз мо хостанд, ки ба Душанбе ҳам рафта ва дар онҷо фаъолият кунем. Таъкид карданд, ки мо озод ҳастем. Дар гузашта ҳам барои рафтани мо ба Душанбе ҳеҷ маҳдудият набуд. Худамон намехостем, ки биравем. Ҳоло дар инҷо будани мо муҳимтар аст ва баъдан меравем.”
Толиб Айёмбеков дар посух ба суоли Радиои Озодӣ ки нақшаи баъдиашон чист, гуфт, “бознишаста ҳастем ва бо маблағи нафақа зиндагиро пеш хоҳем бурд”.
Аз мошинҳои сиёҳшиша то ҷамъоварии силоҳ
"Рейдҳо" дар маркази Бадахшон баъди он оғоз ёфт, ки рӯзи 15-уми сентябри имсол президент Эмомалӣ Раҳмон аз бедодгариҳои, ба қавли ӯ, "чор ҷинояткор" дар Хоруғ норозигӣ кард ва ба мақомот барои ҳалли масъала як моҳ муҳлат дод.
Интиқоди президент Раҳмон боис ба тағйироти кадрӣ дар сатҳи раҳбарияти маҳаллӣ ва ҳам сохторҳои қудративу додгоҳӣ шуд. Дар баробари ин, дар Бадахшон амалиёти назорат аз тартибот, аз ҷумла, ҷамъоварии силоҳ ва ҳам ошкоркунии мошинҳои сиёҳшишаи бидуни иҷозат ба роҳ монда шуд.