Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се сенарияи эҳтимолии ҷангҷӯён аз нигоҳи пажӯҳишгари тоҷик


Хусрав Ализода, корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон, дар гузорише гуфтааст, ки таҳдидҳои афзояндаи ҷангҷӯён дар шимоли Афғонистон вилояти Хатлонро осебпазир кардааст. Гузориш зери унвони “Хатлон дар ростои таҳдиду хатарҳои Афғонистон” дар сомонаи расмии Маркази тадқиқоти стратегӣ нашр шуд.

Муҳаққиқи масоили сиёсиву амниятӣ дар ин гузориш се сенарияи эҳтимолии таҳаввулотро пешбинӣ кардааст:

  • Убури сарҳади Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҷониби нирӯҳои ҷангҷӯ ва ҳамла ба Хоруғ;
  • Ҳуҷум ба қаламрави вилояти Хатлон, ба ихтиёри худ даровардани деҳаҳои марзӣ ва машқгоҳ (полигон)-и Самбулӣ;
  • Тариқи хатсайри Тахор-Сангвор-Рашт қад-қади ноҳияҳои кӯҳии Бадахшон махфиёна ҳаракат намудани ҷангҷӯён ба Қирғизистон.
Исломиҳо мехоҳанд на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар кишварҳои дигари ҳамсоя низ нуфуз дошта бошанд

Боди ноамнӣ аз куҷо мевазад?

Сиёсатшиноси тоҷик мегӯяд, таҷаммӯи то 15 ҳазор ҷангҷӯи узви созмонҳои террористии Ҳаракати Исломии Узбекистон, Толибон, ҷангҷӯёни қаноти афғонии “Давлати исломӣ” ва вуҷуди Ҳаракати Исломии Туркистон, Ҷамоати Ансоруллоҳ ва “Ал-Қоида” дар минтақаҳои марзии Афғонистон вазъро пешгӯйинашаванда мегардонад. Мақомоти интизомӣ низ борҳо аз таҷаммӯи аз 7 то 15 ҳазор ҷангҷӯ дар сарҳадҳои шимолии Афғонистон ҳамчун таҳдид ба амнияти Тоҷикистон ва минтақа изҳори нигаронӣ кардаанд.

Хусрав Ализода мегӯяд, бо назардошти инки вазъ дар вилоятҳои шимоли Афғонистон – Кундуз, Тахор ва Бадахшон – хеле ноором аст, ноҳияҳои марзии Хатлони Тоҷикистон низ пайваста таҳти таҳдидҳои амниятӣ қарор доранд.

Хусрав Ализода
Хусрав Ализода

Ализода дар шарҳи ин дидгоҳҳояш рӯзи 3-юми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Дигар инки исломиҳо ҳадаф доранд, дар қаламрави Осиёи Марказӣ хилофати худро барқарор созанд. Марзи тӯлонии Тоҷикистон бо Афғонистон маҳз аз ҳудуди вилояти Хатлон мегузарад. Бо дарназардошти ифротгаро шудани бархе сокинони ин минтақа, натиҷагирии дувуми ман низ бароварда шуд. Севум, исломиҳо мехоҳанд на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар кишварҳои дигари ҳамсоя низ нуфуз дошта бошанд. Барои расидан ба ин ҳадаф убури онҳо аз марзи Тоҷикистону Қирғизистон роҳи наздиктарин мебошад”.

“Онҳо девона нестанд”

Хусрав Ализода мегӯяд, андешаҳои ӯ, ки бар асоси “иттилои манобеи мухталиф, аз ҷумла, расонаҳои хабарии байналмилалӣ иншо шудаанд”, сенарияи эҳтимолии ҳодисаҳоро ба баррасӣ гузоштааст.

Нуралишо Назаров
Нуралишо Назаров

Генерал Нуралишо Назаров, собиқ фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, чунин эҳтимолро баъид донист. Зеро, ба гуфтаи ӯ, дар қаламрави Афғонистон нирӯе вуҷуд надорад, ки тавонад бидуни ҳарос хоки Тоҷикистоно убур кунад.

Ӯ гуфт, “дуруст аст, ки нерӯҳои ифротӣ дар шимоли Афғонистон таҷаммӯъ кардаанд, вале онҳо девона нестанд, ки ба қаламрави Тоҷикистон ҳуҷум кунанд. Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон тавони посух додан ба ин гурӯҳҳоро доранд. Гузашта аз ин, набояд фаромӯш кард, ки дар қаламрави Тоҷикистон пойгоҳи низомии Русия қарор дорад ва ин нерӯҳо низ ҳаргиз ба убури ин гурӯҳҳо иҷоза намедиҳанд”.

Чанд “агар”

Амнияти Абдуназар, сиёсатшиноси тоҷик, низ бар ин назар аст, ки гурӯҳҳои ифротгаро ва террористӣ танҳо дар сурати доштани ҷонибдоронашон дар Тоҷикистон ҷуръати ҳамла ба кишварро хоҳанд дошт. “Агар чунин заминае вуҷуд надошта бошад, ин гурӯҳҳо ба убур аз марзи Афғонистону Тоҷикистон манфиатдор нахоҳанд буд”, - афзуд ӯ.

Амнияти Абдулназар
Амнияти Абдулназар

Вай гуфт, “баъд аз вуқӯи ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара метавон хулоса кард, ки ҷонибдорони ҳатто “Давлати исломӣ” дар вилояти Хатлон вуҷуд доранд. Далели дигараш барафрохтани парчами ДИИШ дар вилояти ҷанубии Тоҷикистон мебошад.”

Дар ҳамин ҳол, Хусрав Ализода, муаллифи пажӯҳиши тозаи Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон мегӯяд, дар канори омилҳои марзӣ силсилаи масоиле вуҷуд доранд, ки метавонанд амнияти миллӣ ва вазъи сиёсиро на танҳо дар минтақаи Хатлон, балки дар тамоми кишвар зери хатар баранд. Мубориза бо ин падидаҳо танҳо тавассути тақвияти ҳифзи марз ба даст намеояд, балки, ба бовари Ализода, бояд корҳои идеологӣ тақвият дода шавад.

Ба гуфтаи ин пажӯҳишгари тоҷик, масъалаи таъмини амнияти марзи Хатлон бо Афғонистон на фақат мушкили танҳо вилояти Хатлон ва кишвар аст. Дар сурати халалдор шудани амнияти марз, вазъ дар Осиёи Марказӣ ҳам осебпазир хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG