Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Падарарӯс барои куштори Шаҳноза 13 сол зиндонӣ шуд


Шаҳноза Абдураззоқова. Аксро хонаводааш дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузоштанд
Шаҳноза Абдураззоқова. Аксро хонаводааш дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузоштанд

Додгоҳи Ховалинги вилояти Хатлон Сафар Носиров, сокини 55-солаи ин ноҳияро бо ҷурми қатли келини хонавода Шаҳноза Абдураззоқова 13 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Соли 2015 Саид Аҳмадови 55-сола, келини 23-солаашро бо панҷ зарби корд кушта буд.

Додситон чанд сол хост?

Як манбаъ дар Додгоҳи ноҳияи Ховалинг рӯзи 17-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳукми Носиров аввали моҳи октябр содир шуда ва аллакай мавриди иҷро қарор гирифтааст. "Додситон барои ин ҷурм ба Сафар Носиров 14 сол зиндон хоста буд. Додрас баъзе паҳлӯҳои сабуккунандаро ба назар гирифта, 13 сол ҳукм дод. Парванда бар асоси моддаи 104, яъне "одамкушӣ" таҳқиқ ва муҳокима шуд", - афзуд ҳамсуҳбати мо.

"Тифли хоҳарам дар дасти мо монд"

Сафар Носиров, сокини деҳаи Садбаргои ноҳияи Ховалинг, рӯзи 18-уми майи имсол Шаҳноза Абдураззоқова, арӯси 28-солаи хонаводаро бо роҳӣ буғӣ кардан ба ҳалокат расондааст. Ин зан ду сол пеш ба ин хонавода келин шуда буд ва дар вақти ҳодиса тифлаш думоҳа буд.

Сӯҳроб Абдураззоқов, бародари Шаҳноза Абдураззоқова, рӯзи 17-уми октябр гуфт, Сафар Носиров дар додгоҳ ба гуноҳаш иқрор карда, изҳори пушаймонӣ намудааст. "Мо дигар хоҳарамонро аз он дунё баргардонда наметавонем. Муҳим ин аст, ки додгоҳ ӯро ҷазо дод. Ҳоло кӯдаки хоҳарам дар дасти мост ва ин ягона нишона аз ӯст. Дигар даъво надорем", - афзуд ӯ.

Пас аз ҳодисаи куштор, мақомот тифли Шаҳнозаро ба пайвандони ӯ дар деҳаи Осмонбикаи ноҳияи Восеъ супурда буданд.

Носиров ба муфаттишон чӣ гуфта буд?

Сафар Носиров дар пурсишҳои ибтидоӣ гуфта буд, ки келинашро "барои гапгардонӣ ва саркашӣ аз фармонҳояш" ба қатл расондааст. Ӯ гуфта буд, рӯзи 18-уми май келинаш таппакҳои чидаро дар оғилхона чаппа кард ва хоҳиши ӯро барои дубора дуруст кардани таппакҳо рад намуд. Ин ҳодиса гӯиё боис ба хашми падарарӯс шудааст.

Мард гуфтааст, азбаски арӯси хонадон пайваста чунин корҳоро такрор мекард, ин бор тоқат накард ва ӯро кушт.

Дар гузашта наздикони Носиров иддао карда буданд, ки ин мард гӯиё бемори рӯҳист ва кушторро ҳангоми берун будан аз ақл содир кардааст. Вале мақомоти пулиси Ховалинг ин иддаоро рад карда ва гуфтанд, ташхис нишон дод, ки ин мард ҳеҷ мушкили рӯҳӣ надорад.

Чаро хусур арӯсро бад дид?

Умед Носиров, писари ин мард ва ҳамсари Шаҳноза қаблан дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, воқеан падараш бо ҳамсараш мушкил дошт. Умед гуфт, замони содир шудани куштор ӯ дар шаҳри Бохтар қарор дошт ва натавонист аз фоҷиа ҷилавгирӣ кунад. Ба қавли Умед Носиров, хусумати падар бо ҳамсараш баъди он шурӯъ шуд, ки рӯзе баъди ҷомашӯӣ мағзобаро зери як дарахте рехт. Баъди ин ҳодиса хусур келинашро “бад дид”.

Сафар Носиров бо кишоварзӣ машғул буда, солҳои 90-ум бо гумони қаллобӣ се сол дар зиндон будааст.

Ин бори аввал нест, ки дар минтақаи Кӯлоб келин аз сӯи хусур ба таври бераҳмона кушта мешавад. Дар соли 2015 Саид Аҳмадови 55-сола, келини 23-солаашро бо панҷ зарби корд кушта буд. Баъди боздошт ва таҳқиқи ҳодиса додгоҳи минтақаи Кӯлоб Саид Аҳмадови 55-соларо барои қатли келинаш нуздаҳ сол аз озодӣ маҳрум кард.

XS
SM
MD
LG