Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

25 сол дар хизмати хушдоман - на ишқварзӣ бо ҳамсар ва на расидан ба кӯдак


Кабкинисо Камолова
Кабкинисо Камолова

Кабкинисо Камоловаи 43-сола замоне ба орзуи зиндагӣ дар хонаи алоҳида ва бидуни дахолати хушдоман расид, ки алакай худаш хушдоман ва аз орзуҳояш нишоне намонда буд.

Кабкинисо Камолова дар 18-солагӣ дар хонаи серфарзанд ва сермеҳмоне арӯс шуд, ки аз саҳар то шом дараш боз буд ва пойи меҳмонҳо аз он канда намешуд. Аммо болои ин ҳама анҷоми кори саҳро, шурӯъ аз нармкунии замин то ҷамъоварии шоливу гандумро ҳам бар дӯш дошт.

Зиндагии ӯ бо ҳамсараш дар ин хонаводаи серфарзанд 25 сол давом кард ва ин арӯси 18-сола соҳиби 5 фарзанд шуд, аммо ин ҳама солҳо орзуи зиндагии орому осуда ва бидуни дахолати хушдоману хоҳаршӯ дар дилаш боқӣ монд. Ӯ мегӯяд, 25 соли зиндагияш ба хотири "хидмат ба хушдоман" сипарӣ шуд ва ҳатто борҳо ҷабри хушдоману хиёнати шавҳарашро таҳаммул кард.

"Вақте келини панҷуми хонаводаро овардем, баъд хушдоманам гуфт, ки акнун Шумо алоҳида зиндагӣ кунед. Он ман 42-сола, шавҳарам 50-сола ва фарзандҳоям алакай калон шуда буданд. Дигар фурсати зиндагие, ки 25 соли пеш ман орзу мекардам, набуд," -- нақл кард Кабкинисо.

Аммо мусоҳиби мо танҳо зане нест, ки ба чунин сарнавишт рӯ ба рӯ шудааст. Мисли ӯ дар Тоҷикистон зиёданд. Зеро ин як суннати мардуми Тоҷикистон аст, ки келинҳо бояд хизмати падару модари шавҳарро кунанд. Вале бузургсолон мегӯянд, ҳадаф аз нигоҳ доштани келин дар назди худ омода кардани ӯ ба зиндагӣ ва омӯхтани таҷрибаи гузаштагонашон мебошад. Ва ҳам аксари хушдоманҳо дар Тоҷикистон рафтор ба келинро аз одоб ва тарбияи ӯ вобаста медонанд.

Орзуи хонаи алоҳида доред, ё зиндагӣ бо хушдоман
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:23 0:00

Моҳинав, як зани 48-сола, ки соҳиби ду келин аст мегуяд, ҳеҷ гоҳ намегузорад, келинҳояш дар хонаи алоҳида зиндагӣ кунанд. Вай гуфт ҳар гоҳе ки аз кор ба хона бармегардад, келинаш шурӯъ аз об рехтан ба дасташ то андохтани ҷои хоб ба ӯ хизмат мекунад. Зеро ба гуфтаи ӯ келин вазифадор аст хизмати хушдоманро ба ҷой биёрад.

Аммо бисёре аз талоқҳо дар хонаводаҳои тоҷик маҳз ба сабаби зиндагии якҷоя бо хушдоману хусур ва ё келинҳои дигар сар мезананд. Маҳз ба насиҳати хушдоманҳо, писарон ночор аз “арӯсе, ки суст меҷунбад ва ё гов дӯшида наметавонад, ҷудо мешаванд.” Маҳз зиндагии якҷоя дар як хонавода, сабаби нимаятим шудани ҳазорон тифл дар Тоҷикистон ва ё худсӯзиву худкушии духтарони ҷавон мешавад, ки бар асари ин муноқишаҳои оилавӣ танҳо дар нимаи аввали соли равон, бештар аз 4500 ҳазор зан аз шавҳаронашон талоқ гирифта наздики 150 зан бо ҳадафи худкушӣ қасд ба ҷони худ кардаанд.

Созмонҳои иҷтимоӣ ҳам мегуянд, миёни ин ҳама оилаҳои вайроншуда ҳодисаҳои бо ҳам созиш накардани келину хушдоман ҷой дорад, ки ин ҳама ба ҳолати рӯҳии тарафҳо бетаъсир намемонад ва гоҳҳо баъди сабри зиёд чунин ҳолатҳо ба куштор меанҷомад. Аз ҷумла кушта шудани хушдоман аз сӯи келинҳо дар ноҳияи Қубодиён ки намунаи камсобиқа шумурда мешуд дар ҷомеа сарусадоро ба бор овард. Дар ҳамин ҳол мақомоти Тоҷикистон ҳам гуфтанд, дар шаш моҳи соли ҷорӣ 208 ҳолати хушунату зӯроварӣ нисбати занон сабт шудааст, ки дар он ҳам шавҳарон ва ҳам хешу табор даст доштаанд. Як пажӯҳиши Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон низ рӯшан кардааст, ки яке аз омилҳои вайроншавии оилаҳои ҷавон дахолати волидайн ва хешу табори наздик ба онҳо будааст.

Орзуҳои ҷавонии Кабкиниссо ба ормон табдил шуданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:50 0:00

Ҷомеашиносон мегӯянд, шеваи зиндагӣ ба андозаи назаррас тағйир кардааст, ҳамин тавр оилаҳо низ то ҷойе арзишҳои худро бознигарӣ кардаанд. Ба думбол суботи арзишҳои оиладорӣ дар Тоҷикистон ба чолишҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ шуд. Агар ҳамдигарнофаҳмии ҳамсарони ҷавон, дахолати хешу табор ва аз сабабҳои аслии пошхӯрии хонаводаҳо бошанд,набудани пул, хона, ҷойи кор ва ҳам тамоюлҳои ҷомеъа ба сохторҳои оила бетаъсир намондааст. Ба бовари Марям Давлатова, ҷомеашиноси тоҷик, ҳоло дар ҷомеъаи Тоҷикистон ресепти ягона вуҷуд надорад ва теъдоди оилаҳое ки барои қабули ҳамдигар омода нестанд, хеле зиёд шудааст. Зеро мардум ба муносибатҳои нави иҷтимоӣ ки пас аз бунёди оила сурат мегирад омода нестанд.

“Шароит дигар шудаастуарзишҳои миллӣ тағйир ёфтаанд. Дар ин масъала ҷомеъаи мо мушкили зиёд дорад. Бештари бузургсолон дар ҳоле ба зиндагии ҷавонон дахолат мекунанд, ки ҳадаф ба гуфтаи худашон назорат ва кӯмак ба фарзандон аст, аммо аз сабаби он ки нозукиҳои ин муносибатро намедонанд, ин дахолат дар як шакли хатарнок сурат мегирад,”-- мегӯяд Давлатова.

Аз сӯи дигар ба таъкиди ҷомеашиносони тоҷик, ҳоло дигар замоне расидааст, ки келину хушдоман дар як хона “намеғунҷанд”. Ва дигар суннати тоҷиконаи фармонбардор ё хизматгор будани келин барои хушдомандар чаҳорчӯби дарки ҷавонҳо рост намеояд.

Хонаводаҳои ҷавон ҳам аксаран ба зиндагии мустақилона ва озод аз назорати волидон бартарӣ медиҳанд. Аммо боз ҳам бекорӣ ва ҳам шароити баъди иқтисодӣ ба онҳо имкон намедиҳад то соҳиби хонаи шахсӣ ва ҳам зиндагии танҳо ба танҳо бо ҳамсарро дошта бошанд. Ва аксаран мегӯянд ин орзу -- доштани хонаи шахсӣ барояшон то чанд соли дигар ҳамчун орзу боқӣ мемонад.

Бар асоси омори расмӣ ҳоло дар Тоҷикисон 1 милиону 200 ҳазор хонавода ба сар мебаранд. Ва ин оҷонсӣ мегуяд, омори дақиқае дар мавриди хонаводаҳое ки зиндагии муштарак рӯи даст нест.

XS
SM
MD
LG