Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

43 сол ҳабси ду келин барои куштани хушдоман


Ойгул Пардаева ва Сафаргул Хоҷаева дар додгоҳ. 25 августи 2015
Ойгул Пардаева ва Сафаргул Хоҷаева дар додгоҳ. 25 августи 2015

​Ду зан аз ноҳияи Қубодиён, ки дар куштору оташ задан ва ба дарё партофтани ҷасади хушдомани худ айбдор мешуданд, дар маҷмуъ, ба 43 соли зиндон маҳкум гардиданд. Ин ҳукм имрӯз эълон шуд.

Ойгул Пардаева ва Сафаргул Хоҷаева -- ду келини оилаи Азимовҳо дар ноҳияи Қубодиён ба ҷурми куштан, сӯзондан ва баъдан ба дарёи Кофарниҳон партофтани хушдоманашон, дар маҷмуъ, ба 43 соли зиндон маҳкум шуданд. Темур Бойзода, додраси додгоҳи Хатлон, рӯзи 25 август ҳини қироати ҳукм гуфт, ки парвандаи ин ду анфар бар асоси моддаи 104, қисми 2-и қонуни ҷиноӣ, яъне "куштор бо бераҳмии махсус" баррасӣ шуда, аввалӣ 22 сол ва дувумӣ 21 сол дар зиндони низомаш умумӣ адои ҷазо хоҳад кард. Дар доираи ҳамин парванда Диловар Азимов, шавҳари Ойгул Пардаева барои дузанагӣ ба корҳои ислоҳӣ ҷалб шудааст.

Занони хушдоманкуш маҳкум ба зиндон шуданд.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:00 0:00

Оқои Бойзода гуфт, Ойгул Пардаева ва Сафаргул Хоҷаева дар вақти тафтишот ба куштори хушдоманашон иқрор кардаанд. Онҳо гуфтаанд, ки Нозигул Азимоваро аввал бо обҷӯши оҳанӣ зада куштаанд ва сипас ҷасадашро оташ зада, ба дарё андохтаанд. "Фақат ба хотири он ки бори аввал ҷиноят содир кардаанд ва фарзандони ноболиғ доранд, чунин ҳукм гирифта шуд," -- афзуд ӯ.

Додгоҳи вилояти Хатлон ҳукми парастории ду кӯдаки ноболиғи занонеро, ки дар куштори хушдоманашон зиндонӣ шуданд, ба уҳдаи бибиҳояшон (модарони Ойгул ва Сафаргул) гузошт. Додгоҳ гуфт, падари фарзандон дар Русия буда, яке аз онҳо дар онҷо зиндонӣ будааст.

Вакилони мудофеи ин ду зан ҳангоми эълони ҳукми нафари таҳти ҳимояташон дар толори додгоҳ набуданд ва маълум нест, ки оё онҳо барои бозбинии ин ҳукм ба додгоҳи таҷдиди назар муроҷиат хоҳанд кард, ваё не. Аммо худи Ойгул Пардаева ва Сафаргул Хоҷаева як рӯз пештар, 24 август, аз кардаи худ изҳор пушаймонӣ карда ва аз додрас хоста буданд, ки муҳлати ҷазояшонро камтар кунад.

​Ҳодисаи куштори Нозигул Азимова шоми 26 ба 27 декабри соли гузашта дар деҳаи Роҳи нави ҷамоати деҳоти "Тахти сангин" иттифоқ афтодааст. Келинҳо баъд аз куштори хушдоман ба суоли аъзои дигари хонавода, ки модарашонро суроғ кардаанд, гуфтаанд, ки ӯ ба хонаи хоҳараш меҳмонӣ рафтааст.

Гулӣ ва Дилшод, ду фарзанди ин зан, ки аз ҷониби келинҳояш кушта шудааст, ду рӯз мунтазири модарашон монда ва сипас ба ҷустуҷӯи ӯ ба хонаи холаашон дар ноҳияи Носири Хусрав ва аз онҷо ба Қӯрғонтеппаю Душанбе рафтаанд. Гулӣ Азимова, духтари 27-солаи Нозигул Азимова, рӯзи 25 август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ин ҳукми додгоҳ то ҷое қаноатманд аст ва бовар дорад, ки келинҳояшон паси панҷараи зиндон ба худ хоҳанд омад.

"Онҳо ба мо ҳеч раҳм накарданд. Аввал модарамро куштанд ва сипас панҷ моҳ ҳодисаро мо аз пинҳон карда, азият доданд," -- афзуд ӯ.

Гулӣ Азимова мегӯяд, ки модараш зани тозакор буд ва бисёр вақт келинҳои хонадонро барои риоя накардани покизагии хона ва дуруст нигоҳубин накардани фарзандони ноболиғашон накӯҳиш карда, бе розигии шавҳаронашон ба хонаи наздиконашон рафтанро иҷоза намедодааст. Ин аст, ки ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, зуд-зуд миёни келинҳову хушдоман даъво сард зада, онҳо бо қатл ва оташ задани ҷасади хушдоманашон гӯё аз як "дарди сар" халос шудаанд.

Ойгул Пардаеваи 25-сола сокини деҳаи Роҳи нави ҷамоати деҳоти "Тахти Сангин" ва модари як кӯдаки дусола ва Сафаргул Хоҷаева 30 сол дошта, панҷ соли пеш аз ноҳияи Рӯдакӣ ба ин хона келин шудаву соҳиби як писари 3-сола будааст.

Пулиси ноҳияи Қубодиён рӯзи 10 майи соли ҷорӣ онҳоро ҳамчун гумонбар бозпурсӣ кард ва онҳо рӯзи 12 май ба ҷинояти кардаашон шаҳодат додаанд. Ойгул ва Сафаргул аз он рӯз дар боздоштгоҳ ба сар мебаранд ва тарбияву нигоҳубини фарзандонашон ба дӯши ҳамсар ва наздиконашон ҳаст.

XS
SM
MD
LG