Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ба вазорату идораҳои дахлдор супориш додааст, ки фурӯши симкортҳои 250-сомониро то 1-уми январи соли 2019 манъ кунанд. Ба ин тартиб, то чаҳор моҳи дигар симкортҳо ба таври маъмулӣ фурӯхта хоҳанд шуд.
Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи президент, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, масъалаи афзоиши нархи симкортҳо рӯзи 30-юми август дар ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон баррасӣ шуд. Ӯ афзуд, дар ин ҷаласа ба роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ супориш шудааст, ки дар робита ба масъалаи нарх ва тартиби истифодабарии симкортҳо пешниҳод ироа кунанд.
Шарифзода гуфт, дар ҳоли ҳозир масъалаи ба ҳар як шаҳрванд додани як симкорт ва маҳрум кардани то 14-солаҳо аз истифодаи симкорт матраҳ аст. "Инчунин, пешниҳод шуд, ки оянда операторони телефонҳои мобилӣ ба ҳар як шаҳрванд аз рӯи коди идентификатсионӣ (рақами ягонаи миллӣ) симкорт бидиҳанд", - гуфт сухангӯи президент.
Видеои вокуниши сокинон ба ин дастур:
Садои мардум шунида шуд?
Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷик, муваққатӣ боздоштани фурӯши симкортҳои 250-сомониро натиҷаи норозигиҳое донист, ки мардум дар шабакаҳои иҷтимоӣ изҳор кардаанд. “Мақомот гумон доштанд, ки мардум ин қарорро ором мепазирад. Вале дастур сокинонро норозӣ кард. Бахусус қишри фаъоли ҷомеа онро қабул нанамуд. Аз ин хотир тасмими ниҳоӣ чунин шуд”, - афзуд ӯ.
Ин таҳлилгари тоҷик мегӯяд, “ин ба маънои шунидани садои ҷомеа нест, балки ҳукумат аз тарси муташанниҷ шудани авзоъ маҷбур мешавад, вокунишҳоро шунавад”.
Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, гуфт, ки аз аввал дар зери ин коса масъалаи иқтисодӣ нуҳуфта буд. Ӯ гуфт, бо ин ҳол, вокунишҳои ҷомеа дар ин ё он масъала аз ҷониби мақомоти давлатӣ омӯхта ва то андозае барои тасмимгириҳо истифода мешавад. “Гумон мекунам, то кӯдак гиря накунад, модараш шир намедиҳад. Барои ин, агар дар ҷомеаи мо мардум барои дифоъ аз ҳуқуқашон садо баланд накунанд, мушкил ҳалли худро пайдо намекунад”, - афзуд ӯ.
Зарбулаҷал ва навбати тӯлонӣ
Аввали моҳи август маълум шуд, ки мақомоти Тоҷикистон нархи як симкорти телефонҳои мобилиро то 250 сомонӣ муқаррар карданд. Дар аввал қарор буд, ин тасмим 20-уми август иҷро шавад, вале дертар ширкатҳои мобилӣ эълон карданд, ин тасмим аз якуми сентябр амалӣ мешавад.
Хабари то 250 сомонӣ боло шудани нархи симкорт дар Тоҷикистон ва зарбулаҷали ширкатҳои мобилӣ ба муштариён, даҳҳо нафарро дар марказҳои хидматрасонӣ ҷамъ овард ва боиси навбатҳои тӯлонӣ дар марказҳои дилерӣ шуд.
Масъалаи иқтисодӣ ё амниятӣ?
Масъалаи 50 маротиба боло бурдани нархи симкорт баъди чанд ҳафтаи ҳамла ба ҷаҳонгардони хориҷӣ матраҳ шуд, ки Тоҷикистон дар як лаҳза ба сархати хабарҳои ҷаҳон баровард. Дар ин ҳодиса чаҳор ҷаҳонгарди ғарбӣ кушта шуд. Мақомот бар ин боваранд, ки агар нархи симкорт 250 сомонӣ шавад, террористҳо имкони дарёфти онҳоро аз даст медиҳанд. Дар баҳси корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бештар ба ангезаҳои моливу иқтисодии ин қарор ишора мешавад.
Қимат шудани симкорт ягона тағйирот нест. Илова бар ин, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар як тарҳ пешниҳод кардааст, нафароне, ки симкортҳои худро барои истифода ба дигарон додаанд ё нафари дигар онро ғайриқонунӣ соҳиб шуда, "ба оқибатҳои вазнин оварда расондааст", то 12,5 ҳазор сомонӣ ҷарима ваё аз 2 то 3 сол зиндонӣ шаванд.
Норозигиҳо ва пешниҳодҳо
Ин қарор бо вокунишҳои мухталиф дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ рӯ ба рӯ шуд. Бештари мардум чунин нархгузориро нодуруст шумурда ва аз мақомот хостанд, аз иҷрои ин тасмим даст бардоранд.
Чанде аз вакилони порлумон низ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ аз тасмими боло бурдани нархи симкортҳо интиқод карда ва гуфтанд, ин кор ба зиёни кисаи мардум аст.