Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду вокуниш аз Душанбе ба озодии Шӯҳрат Қудратов. ВИДЕО


Акс аз соли 2014.
Акс аз соли 2014.

Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеи саршиноси тоҷик, рӯзи 23-юми август пас аз поёни мӯҳлати адои ҷазо аз зиндон озод шуд. Наздиконаш дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ карданд, ки дар ҳоли ҳозир ӯ дар манзилаш қарор дорад.

Каримбой Қурбоналиев, падари Шӯҳрат Қудратов, рӯзи 24-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, вазъи саломатии писараш хуб аст ва ниёз ба оромиш ва истироҳат дорад. Каримбой Қурбоналиев аз қавли Шӯҳрат гуфт, ҳар ҳоли ҳозир намехоҳад бо матбуот суҳбат кунад.

Шӯҳрат Қудратов давраи ҷазои худро дар маҳбаси махсуси Раёсати ислоҳи ҷиноии вазорати адлияи Тоҷикистон, воқеъ дар пушти бинои БДА-и ҷумҳурӣ дар Душанбе сипарӣ кардаст.

Вокунишҳо ба озодии Шӯҳрат Қудратов

Шуморе аз шахсиятҳои матраҳ дар ҷомеаи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ назари худро дар робита бо озодии Шӯҳрат Қудратов дар миён гузоштанд.

Барзу Абдураззоқов, коргардони маъруфи тоҷик.
Барзу Абдураззоқов, коргардони маъруфи тоҷик.

Барзу Абдураззоқов, коргардони маъруфи тоҷик гуфт, "аз ин хабар хушҳол нестам, баръакс, то андозае асабонӣ ҳастам. Шӯҳрат аз маҳбас озод шудааст. Бояд фарёд занам, ки "урра", ӯ озод шуд? Коре накарда буд, ки сазовори зиндон бошад. Ӯ кору масъулияти худашро иҷро мекард. Чӣ, маро барои он зиндонӣ кунанд, ки ба режиссёрӣ машғул ҳастам? Ин ҳама ғайримантиқӣ аст. Ман наметавонам хурсандӣ кунам, вақте нафареро, ки бегуноҳ ҳаст, ба зиндон кашониданд ва ӯ тайи чаҳор сол азият кашидааст."

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони маъруф хушҳолиашро аз озодии Шӯҳрат баён кард ва гуфт, "ӯ бегуноҳ буд ва то охирин лаҳза гуноҳашро ба гардан нагирифтааст. Шӯҳрат Қудратов ба ҷуз онки вакили мудофеъ буд, боз як шахси сиёсӣ ва узви фаъоли як ҳизби мухолиф буд. Албатта, дуруст аст, ки метавонистанд ба сараш боз ягон ҷурми дигар бизананду солашро зиёд кунанд. Ҳоло, ки ин рух надодааст, хуб аст. Инро ҳам бояд бигӯям, ки озод шудани Шӯҳратро адолати судӣ наметавонам ҳисоб кунам, зеро вай мӯҳлати ҷазояшро пурра паси сар кард. Ман беҳад хурсандам, ки Шӯҳрат озод шудааст ва ин хабари хуш аст."

Раҳоӣ пас аз 3 солу 8 моҳ

Мақомот Шӯҳрат Қудратовро соли 2014 бо иттиҳоми ришвахорӣ дастгир карданд. Додгоҳи шаҳри Душанбе моҳи январи соли 2015 ӯро ба нӯҳ соли зиндон маҳкум кард, вале баъдан Додгоҳи олӣ ҳукмро тағйир дод ва то 3 солу 8 моҳ поин овард.

Шӯҳрат Қудратов аз ҷумлаи вакилони дифоест, ки дар қазияҳои пурсарусадо, ба мисли қазияи Зайд Саидов, Ёқуб Салимов, Диловаршо Қосимов ва Ҷӯрабек Охунов, аз ҳуқуқи онҳо дар додгоҳ ҳимоят кардааст.

Бисёре аз ҳомиёни ҳуқуқ ва тарафдоронаш он замон аз амалкардҳои ҳукумат интиқод карданд, ки Шӯҳрат Қудратовро барои дигарандешиаш ба зиндон андохтаанд. Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ ва аз ҷумла Порлумони Аврупо ҳам аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки Шӯҳрат Қудратовро аз зиндон озод кунад.

Раҳбарияти Додгоҳи олӣ ва Додситонии кулли Тоҷикистон пештар гуфта буданд, ки Шӯҳрат Қудратов дар қатори дигар афроди зиндонӣ дар чорчӯби қонунҳои кишвар ва дар доираи мӯҳлати адои ҷазо озод хоҳад шуд. Аммо Раҳматулло Зоиров, раҳбари ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон дар баҳори соли ҷорӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Шӯҳрат Қудратов бояд охири соли 2016 ва ё авоили соли 2017 бояд озод мешуд.

Шӯҳрат Қудратов аз ҷумлаи вакилони дифоест, ки дар қазияҳои пурсарусадо, ба мисли қазияи Зайд Саидов, вазири собиқи саноат, Ёқуб Салимов, вазири собиқи умури дохилӣ, Диловаршо Қосимов - гумонбари асосӣ дар қатли Холмӯъмин Сафаров, язнаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Ҷӯрабек Охунов, раиси ширкати сохтмонии "Мовароуннаҳр" аз ҳуқуқи онҳо дар додгоҳ ҳимоят кардааст.

Вакили дифоъ Шӯҳрат Қудратов озод шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:05 0:00

XS
SM
MD
LG