Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парванда алайҳи беш аз 20 сокини Тоҷикистон барои харидуфурӯши кӯдак


Додситонии кулли Тоҷикистон дар ним соли равон алайҳи 30 нафар бо ҷурми хариду фурӯши одамон парванда боз кардааст, ки аксарият ба хариду фурӯши кӯдакон айбдор дониста мешаванд. Дар ҳамин муддат ба хонаҳои кӯдаки тобеи Вазорати тандурустӣ 51 нафар хурдсол ворид шудаанд, ки модаронашон аз онҳо даст кашидаанд.

Ҳомиёни ҳуқуқи инсон мегӯянд, душвор будани ҷараёни фарзандхонӣ бисёре аз оилаҳои бефарзандро ба ҷиноят тела медиҳад, чунки онҳо бо ҳар қимате мехоҳанд фарзанд бигиранд.

Азимҷон Машрабзода, масъули шӯъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон рӯзи 22-уми август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ, гуфт ба иттилои Додситонии кулл, дар соли равон 10 парвандаи ҷиноӣ нисбати 30 нафар боз шудааст, ки аксарият ба хариду фурӯши кӯдакон айбдор мешаванд. Ба гуфтаи Азимҷон Машрабзода, афтиши мақомот дар нисбати оилаҳое, ки мехоҳанд фарзанд бигиранд, ба хотири ҷилавгирӣ аз сӯистифода аз кӯдакон аст.

Ҳомиёни ҳуқуқи инсон мегӯяд, ки агар мақомот мушкилоти ҳуҷҷатгузории ҷараёни фарзандхониро осонтар кунанд, мавридҳои хариду фурӯши кӯдак низ хеле коҳиш меёбад.

"Ҳарчанд дар мо ин гуна ҳолатҳо нестанд, аммо дар Русия ва кишварҳои дигар борҳо шудааст, ки кӯдаконро аз ятимхонаҳо мегиранд, аммо баъдан онҳо мавриди озору азият шиканҷа қарор мегиранд. Ҳолатҳое ҳам буданд, ки узвҳои бадани тифлон мавриди тиҷорат қарор гирифт. Бинобар ин, қонунгузори Тоҷикистон ҳуқуқи кӯдакро дар мадди аввал гузоштааст ва то оне, ки кӯдак ба фарзандии оилае супорида шавад, мақомот аз ҳар ҷиҳат ин оиларо месанҷанд",-афзуд Азимҷон Машрабзода.

Монеаҳои фарзандхонӣ

Оилаҳои бефарзанд, ки нияти ба фарзандхонӣ пазируфтани тифлеро доранд, ҷараёни тӯлониву дилгиркунандаеро бояд сипарӣ кунанд. Даву този фарзандхонӣ аз интизорӣ дар навбатӣ тӯлонӣ шурӯъ мешавад, ки дар он даҳҳо хоҳишманд мунтазир меистанд, ки кай навбати онҳо барои гирифтани фарзанд мерасад.

Барои фарзандхонӣ то 37 санад аз идораҳои гуногун талаб мешавад ва мақомот шурӯъ аз даромади оила, масоҳати манзили зист то розигии зану шавҳар ва сиҳатии онҳоро месанҷанд.

Машрабзода мегӯяд, оилаҳое, ки воқеан хоҳиши гирифтани фарзандро доранд, "ҳеҷ як мушкилот пеши роҳи онҳоро намегирад. Беҳтар аст, мақомот ҳамаҷониба оилаҳоро санҷида, баъд тақдири як тифлро ба онҳо бовар кунанд. Чун агар оила баъди чанде аз парасторӣ даст кашад, чунин тифлон зарбаи сахти равонӣ мебинанд".

"Аксар тифлони наздиконашонро ба фарзандӣ мегиранд"

Ин масъули идораи ҳуқуқи инсон гуфт, бештари оилаҳое, ки ба фарзанд ниёз доранд, тифлони наздикону пайвандони худро ба фарзандӣ мегиранд, аммо расмиёти қонуниро иҷро намекунанд ва ин боиси сар задани баҳсҳои додгоҳӣ низ мешавад.

Як зани 34-солаи сокини Бохтар, ки бо Радиои Озодӣ ҳамсӯҳбат шуд, аммо ба хотири эмин мондани тифл аз зарбаи равонӣ нахост номи худ ва тифли фарзандхондааш ошкор шавад, пас аз чанд соли зиндагӣ бо шавҳар фарзанд наёфт ва ба қароре расиданд, ки тифли яке аз наздикони шавҳарашро гирифта ҳамчун фарзанди худ ба воя мерасонанд.

"Ҳоло шавҳарам аз ман ҷудо шуд, оилаи дигар барпо кард. Акнун наздикони шавҳарам талаб доранд, ки тифлро ман ба онҳо баргардонам. Ман 8 сол мисли ҷигарбандам ӯро калон кардам, аммо маро аз ӯ ҷудо кардани ҳастанд",- қисса кард ин ҳамсӯҳбати мо.

Масъулони идораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз ин қазия огоҳ ҳастанд, вале мегӯянд, додгоҳ қазияро бар ҷониби волидони аслӣ ҳал кард, чунки ин зан дар вақташ кӯдакро расман ба фарзандӣ нагирифтааст ва санаде низ дар даст надорад.

Машрабзода мегӯяд, барои пеш наомадани чунин ҳолатҳои ҳузнангез, волидон бояд ҳама расмиёти фарзандхониро сипарӣ кунанд, ҳарчанд агар тифлро аз наздиконашон ҳам гифирта бошанд.

Чӣ хонаводаҳоро ба "ҷиноят" водор мекунад?

Саноат Солиева.
Саноат Солиева.

Саноат Солиева, роҳбари созмони дифоъ аз ҳуқуқи инсон "Фемида", ки бештар ба масоили хариду фурӯши одамон тамаркуз мекунад, мегӯяд, душвор будани ҷарёни фарзандхонӣ боиси сар задани мушкилиҳо мешавад.

"Мо чанде пеш ба зане ёрии ҳуқуқӣ расонидем, ки тифли як хеши дурашро ба фарзандӣ гирифитааст, аммо мақомот ӯро ба хариду фурӯши одам муттаҳам карданд. Чун сари вақт расмиёти фарзандхониро иҷро накардааст, мақомот ба кӯдак гирифтани ӯ шубҳа карданд",-афзуд Саноат Солиева.

Солиева мегӯяд, раванди тӯлонӣ ва монеаҳои бюрократӣ бисёре аз оилаҳоро дилсард мекунад ва аз ин рӯ бар ивази як миқдор маблағи ночиз ва ё туҳфае ҳозиранд, тифлеро аз зани танҳо ва ё дармондае бигиранд, ки ҷиноят ба ҳисоб меравад.

Ин ҳомии ҳуқуқи инсон мегӯяд, агар мақомот мушкилоти ҳуҷҷатгузории ҷараёни фарзандхониро осонтар кунанд, мавридҳои хариду фурӯши кӯдак низ хеле коҳиш меёбад.

Вобаста

XS
SM
MD
LG