Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳилола: “Фариштаамро аз ман гирифтанд”


Ҳилола Егорова бо Михаил Егоров
Ҳилола Егорова бо Михаил Егоров

Ҳилола Егорова, шаҳрванди 36-солаи Русия, аз дарёфти ҳаққи модарӣ ба як тифли партофташудаи тоҷик маҳрум шуд. Егорова рӯзи 5 октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти васояту парастории Русия ин тифлро, ки шаш моҳ дар хонаи онҳо буд, аз дасташ гирифта ва ба ятимхона супурдаанд.

Танҳо аз вебсайти Владимир Путин ба Ҳилола навиштанд, ки дар ҳалли ин қазия ваколатдори ҳуқуқи кӯдак Анна Кузнетсова метавонад ёрӣ кунад.

​Ин шаҳрванди Русия мегӯяд, ҳамроҳи кӯдак дафтарчаи доруву дармонашро низ ба мақомот супурдааст. "То фаҳманд, ки ин тифли партофташударо мисли фарзанд дӯст медоштам ва дар ғами саломати ӯ будам. Вай дар муддате, ки дар адсти мо буд, ягон беморӣ надошт", - афзуд Ҳилола Егорова.

Вай гуфт, то лаҳзаи охир умед дошт, мақомот аз гирифтани тифли партофташудаи тоҷик даст мекашанд, "вале дирӯз онҳо фариштаамро гирифтанд". То ҳол ба дархости Ҳилола Егорова аз вебсайти раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҷавоб нарасидааст. Танҳо аз вебсайти Владимир Путин ба ӯ навиштанд, ки дар ҳалли ин қазия ваколатдори ҳуқуқи кӯдак Анна Кузнетсова метавонад ёрӣ кунад.

Рӯзи 20 сентябр додгоҳи ноҳияи Бутирскии шаҳри Маскав ҳукм кард, ки ҷараёни ба фарзандӣ хондани тифли ятими тоҷик бо нақзи муқаррароти байналмилалӣ сурат гирифтааст ва ин кӯдак бояд ба Тоҷикистон баргардонда шавад.

Михаил Егоров
Михаил Егоров

Мавзӯи баҳс – тифли шашмоҳаест, ки як шаҳрванди Тоҷикистон ба дунё оварда, аммо аз ӯ даст кашидааст. Даъво бар асоси он шурӯъ шуд, ки навзод аз ҷониби идораи васоят ва парастории вазорати маорифи вилояти Маскав бидуни мувофиқати мақомоти Тоҷикистон дар Русия ба тарбияи фарзандхонҳо гузашт.

Аз рӯи қонунҳои Тоҷикистон, кӯдаки ятими тоҷик бидуни ризояти сохторҳои дахлдори ин кишвар наметавонад ба парастории шаҳрванди Русия гузарад. Асноди додгоҳии консулгарии Тоҷикистон собит мекунад, ки дар ҷараёни фарзандхонӣ ва зиндагии баъдии ин тифли шашмоҳа ҳадди ақалл ду дафъа қонун нақз шудааст. Аввалан, дар ҳолати содир кардани қарори ба фарзандонхонӣ додани тифли тоҷик мавқеи ҷониби Тоҷикистон пурсида нашудааст ва дувум, бар пояи ҳамин асноди фарзандхонӣ ба кӯдак шаҳрвандии Русия тақдим шудааст.

Кӯдак 11 марти соли 2016 аз модари тоҷике бо номи Кулулаева М.Н. таваллуд шуда, ҳоло шаҳрванди Русия аст ва исми наваш Михаил Егоров аст. Вакили дифоъ ва ҳам худи Ҳилола Егорова роҳ ёфтани иштибоҳ ба ҳангоми таҳияи санадҳои фарзандхониро аз ҷониби шӯъбаи васоят ва парастории вазорати маориф эътироф карданд, вале аз додгоҳ ва ҳам мақомоти тоҷик хостанд, ки ба ин иштибоҳҳо чашм пӯшанд.

Сафорати Тоҷикистон дар гузашта чанде аз кӯдакони бесаробони тоҷикро аз Русия ба ватан фиристодааст
Сафорати Тоҷикистон дар гузашта чанде аз кӯдакони бесаробони тоҷикро аз Русия ба ватан фиристодааст

Ҳилола Егорова дар як ширкати Маскав ба ҳайси хазинадор кор мекунад, дар 10 соли ҳамзистӣ бо ҳамсари 45-солааш натавонистааст соҳиби фарзанд шавад. Онҳо аз мақомоти дахлдор дар шаҳру вилояти Маскав дархости расмии фарзандхонӣ кардаанд. Баъди аз фарзанд даст кашидани модари биологиаш, ба Егоровҳо пешниҳод мешавад, ки кӯдакро ба фарзандӣ қабул кунанд. Баъд аз ин, Ҳилола Егорова ва ҳамсараш ба додгоҳ муроҷиат карданд. Дар тамоми ин муддат, мегӯяд зан, ҳеҷ нафар аз хешовандони эҳтимолии кӯдак пайдо нашуд ва барои кӯдак даъво накард.

Сафорати Тоҷикистон пайваста барномаҳои бозгардони атфоли ятиму партофташудаи тоҷикро аз ятимхонаҳои Русия роҳандозӣ мекунад. Се ҳафта пеш чор тифли ятим ба Тоҷикистон фиристода ва ба тарбияи ятимхонаҳои ин кишвар гузаштанд. Моҳи январи соли 2013 дар маросими гусели чор тифли ятими тоҷик ба ватан, ки дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав барпо шуд, сафири собиқ Абдулмаҷид Достиев гуфта буд, ки "Тоҷикистон фарзандони нодаркор надорад."

Тоҷикистон мегӯяд, интиқоли кӯдакон ба ватан тибқи муқаррароти Конвенсияи Кишинёв сурат гирифтааст. Дар солҳои истиқлолият даҳҳо тифли ятим ва партофташудаи тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон интиқол ёфта, бархеи онҳо дар Тоҷикистон ба тарбияи волидони нав ва ё зери назари хешовандони худ гузаштанд. Сафорат мегӯяд, танҳо дар Тоҷикистон 800 оилаи бефарзанд дар навбати фарзандхонӣ истодаанд.

XS
SM
MD
LG