Моҳира Ятимова ва Бобоҷон Ширинзода, як ҷуфти аз ҳам ҷудошуда, ки бар ду фарзанди ноболиғ даъво доштанд, акнун яке дар водии хомӯшон ва дигаре дар паси панҷара ҷо шуд.
Падарбузург ва модарбузурги кӯдакон аз ду хонавода ба қароре расиданд, ки кӯдакон бояд дар хонаи бобои падарӣ бузург шаванд. Даъвое, ки ба куштори Моҳира Ятимоваи 33-сола сабаб шуд, барои ду хонавода ба ҷуз таассуф ва талхии фоҷеа чизи дигаре надод.
Қарор аст Бобоҷонро як моҳ баъд сари суд (муҳокимаи додгоҳӣ) бубаранд.
Шоми 6-уми июн Бобоҷон Ширинзода ҳамсари пешинаш Моҳира Ятимоваро бо 13 зарби корд дар пеши чашми ду кӯдаки ноболиғ кушт. Кӯдакон шоҳиди саҳнае шуданд, ки нашри он бе аломати +18 дар ягон пойгоҳ иҷозат нест.
"Кӯдаки хурдиаш ҳар замон мегӯяд, ки очама дадам, бо корд зада кушт, ки хун фаш баромад" - тасвири кӯдаки ҳаштсолаи Моҳираи 33-сола аст, ки ба бобову бибии модариаш нақл мекард. Ҳоло ин писари 8-сола бо бародарони 11 ва 4-солааш дар хонаи генерал Раҷабалӣ Ширинов ҳастанд, ки фоҷиа дар он ҷо рух дод.
Аҳлиддин Ятимов, падари Моҳира Ятимова рӯзи 25-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо ба ин қарор омаданд, ки "кӯдаки хурдӣ ҳам бо бародаронаш дар хонаи падар зиндагӣ кунад".
Дар интизори мурофиаи додгоҳ
Ба гуфтаи хешовандони Бобоҷон Ширинзода писари генерал ва як соҳибмақоми пешини тоҷик, мурофиаи ӯ, ки ба қатли бераҳмонаи ҳамсари собиқаш муттаҳам мешавад, то як моҳи дигар оғоз мешавад.
Хабарнигорони Радиои Озодӣ рӯзи 25-уми июл ба хонаи Раҷабалӣ Ширинов, муовини собиқи раиси Оҷонси мубориза бо фасод дар Душанбе рафтанд ва яке аз фарзандони ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бародараш дар боздоштгоҳ нигаҳ дошта мешавад ва "онҳо гоҳ-гоҳ барои ӯ ғизо мебаранд."
Ба қавли ӯ, мумкин аст, "Бобоҷонро як моҳ баъд сари суд (муҳокимаи додгоҳӣ) бубаранд" ва ӯ дигар аз ин бештар чизе намедонад.
Додситонии Душанбе ба зидди Бобоҷон Ширинов барои қатли бераҳмонаи ҳамсараш бо иттиҳоми "куштори одам бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Як манбаи наздик ба Додситонии шаҳри Душанбе рӯзи 25-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, парвандаи писари генерал Раҷабалӣ Шириновро муфаттишони додситонӣ таҳқиқ мекунанд ва дар парванда Аҳлиддин Ятимов падари ҳамсари Бобоҷон Ширинов ҳамчун ҷабрдида сабт шудааст.
Фоҷиа дар рӯзи рӯшан дар пеши чашми чанд нафар
Писари генерали тоҷик ба он муттаҳам мешавад, ки рӯзи 6-уми июн ҳамсараш Моҳира Ятимоваро бо зарби 11 корд дар рӯзи рӯшан ва дар пеши чашми модари худ ва чанд нафари дигар аз ҷумла кӯдакон кушт. Манбаи Радиои Озодӣ гуфт, ки масъулияти тафтиши парвандаро Насимҷон Азимов, яке аз муфаттишони додситонӣ бар дӯш дорад ва бозпурсии шоҳидонро идома медиҳад.
Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, ки навори видеоии қатли Моҳира Ятимова, ба дасти тафтишот расид, ки дар он лаҳзаи моҷаро ва кордзанӣ сабт шудааст. Ҳодисаро дурбинҳои манзили зисти Бобоҷон Ширинзода сабт кардаанд.
Аҳлиддин Ятимов, падари Моҳира Ятимова дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "тафтишоти қазияи қатли духтарам Моҳира тибқи талаботи қонунгузорӣ хуб пеш меравад, ман қонеъ ҳастам. Ман ҳеҷ шикояте надорам, розӣ, ҳастам. Шоҳидонро даъват мекунанд ва худамро ҳамчун ҷабрдида борҳо даъват кардаанд".
Ба гуфтаи мақомот, Бобоҷон Ширинзода дар пурсишҳои ибтидоӣ қатли ҳамсари собиқашро эътироф кард, вале гуфт, ки "надонист, чӣ тавр ин амалро содир кардааст". Бобоҷон Ширинов баъди 11 корд задан ба ҳамсари собиқаш фирор кардааст ва ӯро як рӯз баъд дастгир карданд. Дар боздошт ва таслими ҷавон ба мақомоти интизомӣ, падараш Раҷабалӣ Ширинов мусоидат кардааст.
Яке аз дӯстони генерали тоҷик ба Радиои Озодӣ гуфт, генерал дар ҳузури кормандони милиса гуфтааст, ки писараш ӯро "дар зиндагӣ бисёр азоб дода, шарманда кардааст".Ба қавли дӯсти генерал Ширинов, генерали собиқ гуфтааст, ҳар ҷазое, ки қонун ба писараш муносиб мебинад, қабул мекунад.
Мақомот метарсиданд, амри додгоҳро иҷро кунанд
Моҳира Ятимова соли 2016 аз Бобоҷон Шарифов ҷудо шудааст ва бар асоси қарори додгоҳ бояд фарзандонро ба ихтиёри ӯ медодаанд. Аммо Бобоҷон Ширинзода, бар хилофи қарори додгоҳ, ду фарзанди калонӣ писарҳои 8 ва 10-соларо ба хонаи худ бурда, намегузошт, модарашонро бубинанд.
Ба гуфтаи дӯстони Моҳира, "иҷрокунандагони амри додгоҳ ҳам аз тарсу таҳдиди Бобоҷон Ширинов ҷуръат намекардаанд, ки фарзандонро гирифта, ба модар бидиҳанд". Фақат як фарзандаш бо Моҳира монда буд ва ду писарашро дар хонаи Шириновҳо ҳамсари дигари Бобоҷон Ширинов нигоҳ мекардаанд.
Ба гуфтаи хешовандонаш, фарзанди генерали тоҷик иҷоза намедодааст, ки модар ба дидани фарзандон биёяд ва Моҳира аз фироқи кӯдаконаш бисёр азоб мекашид. Моҳира дар ду соли ахир танҳо панҷ маротиба ду ҷигарбандашро дидааст.
Ба гуфтаи наздикони Моҳира, ӯ барои гирифтани фарзандонаш аз дасти падар мубориза мебурд. Бо ин ҳадаф ба сохторҳои зиёди давлатӣ, аз ҷумла ба додситонӣ ва кумитаи занон муроҷиат кард, аммо бенатиҷа.
Наздикони Моҳира мегӯянд, падар ба хотири ниқор аз ҳамсари собиқ кӯдаконро аз мактаб ҳам дур кард, то модар онҳоро набинад. Хоҳараш Мунира мегӯяд, ки ҳар боре Моҳира талоши дидани кӯдаконро мекард, латукӯб мешуд.
Моҳира ва Бобоҷон ҳамсабақ буданд ва баъди хатми донишгоҳ соли 2007 издивоҷ карданд, вале ба гуфтаи Мунира, зиндагиашон аз аввал хуб набуд. Ба гуфтаи Мунира, хоҳараш ҳамеша аз дасти шавҳар ранҷ мекашид ва дар пайи лату куб ҳатто пардаи гӯшаш дарид. Зӯроварии зиёд боис шуд, ки баъди нуҳ соли зиндагӣ Моҳира хонаи шавҳар тарк кард ва дар додгоҳ аз ӯ ҷудо шуд.
Ба нақли хоҳар, шавҳараш ҳамон замон Моҳираро таҳдид кард, ки ӯ дигар кӯдакҳоро намебинад. Баъди ба хонаи худ бурдани ду писари калонӣ, писари хурдӣ, ки 4-сола аст, бо Моҳира монд.
Бо умед омад, номурод баргашт
Моҳира як моҳ пеш аз марг соҳиби ҷойи кор шуд ва ба нақли хоҳараш бо дугонааш барои овардани писаронаш рафтааст. Гӯё касе аз наздикони шавҳари собиқ ба ӯ занг зада, гуфтааст, Бобоҷон розӣ аст, кӯдаконро ба модарашон баргардонад. Моҳира бо умеди овардани фарзандон ба хонаи шавҳари собиқ рафт ва ҳамингуна зиндагиаш бо фоҷиа анҷомид.
Маъмулан дар муноқишаҳои заношӯи ва ҳам баъди пош хурдани оилаҳо кӯдакони хонавода қурбониҳои аслии ин моҷароҳо мешаванд. Дар баъзе маврид ҳам ба гуфтаи ҷомеашиносон зану мард дар чунин ҳолатҳо кӯдакҳоро ба ҳайси василаи қасос истифода мебаранд.
Бо ин ҳадаф як ҷониб дидори кӯдакро бо ҷониби дигар манъ мекунад. Фарзона Шарифзода, равоншиноси маркази "Боварӣ ба фардо" барои занон мегӯяд, дар ҳама ҳолат аз нигоҳи равонӣ ҷудо кардани кӯдакони хурдсол аз модар номумкин аст ва як зарбаи сахт ба тифл мешавад.
Парвандае, ки ҷомеаро ба хашм овард
Қатли бераҳмонаи модари 3 фарзанд ва беэътиноӣ ба сарнавишти ӯ, баҳси зиёдеро дар бораи зӯроварӣ ба зан дар шабакаҳои иҷтимоӣ барангехт. Корбарон ҳамчунин аз он мегуфтанд, ки чӣ гуна як нафар метавонад, амри додгоҳро нодида бигирад ва ҳеҷ касе ҳам натавонистааст, ба ӯ бигӯяд, ки мухолифи қонун амал мекунад ва мухолифи хоҳишу иштиёқи фарзанди хурдсоли ноболиғ, ки ҳамеша ташнаи дидори модар аст.
Дар сурати собит шудани иттиҳом ба зидди Бобоҷон Ширинзода, мумкин аст, ӯро аз 15 то 25 сол, ё ҳатто зиндони якумрӣ маҳкум кунанд. Ҳукме, ки мумкин аст, худи ӯро якумрӣ аз дидори фарзандон маҳрум кунад ва агар онҳоро бубинад ҳам аз паси панҷара хоҳад дид.