Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти Ашӯр Баротови 28-сола хабар дод, ки дар қатли ҳамсараш муттаҳам мешавад. Ба қавли манбаъ, боздошти Баротов, ки сокини ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон мебошад, рӯзи 11 октябри соли ҷорӣ сурат гирифтааст.
“Номбурда соати 04:00 дақиқаи ҳамон рӯз ҳамсараш Бобоева Шарифа, соли таваллудаш 1988-ро дар хонаи хушдоманаш, воқеъ дар шаҳраки Оби киики Хуросон ба воситаи табар аз рашк ба гулӯяш се дафъа зарба зада, ба қатл расонидааст”,-навиштааст торнамои Вазорати умури дохилӣ. Ин манбаъ меафзояд, ҳодисаи куштори Шарифа Бобоева аз сӯи шавҳараш бар асоси рашк иттифоқ уфтодааст ва ҳоло парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Дар се рӯзи охир ин ҳодисаи дувуми қатли ҳамсар ба дасти шавҳар ва он ҳам бар асоси рашк будааст, ки Вазорати умури дохилӣ расман эълон мекунад. Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 10 октябр хабар доданд, ки як сокини 27-солаи шаҳраки Ғафурови вилояти Суғдро ба иттиҳоми куштори ҳамсараш боздошт кардаанд. Ба қавли мақомот, Сироҷиддин Баҳромов рӯзи 9 октябри соли ҷорӣ дар назди бозори “Фаровон”-и ноҳияашон аз сабаби рашк бо ҳамсараш -- Холида Остоноваи 23-сола ҷангҷол карда, бо корд чор бор ба бадани задааст.
“Дар натиҷа Холида Остонова ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад”,-мегӯяд дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ. Ба қавли манбаъ, Сироҷиддин Баҳромов, ки пештар бо моддаи 244 (дуздӣ)-и Кодекси ҷиноӣ маҳкум гардида буд, ҳоло дар боздошт ба сар мебарад.