Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як мард дар Истаравшан ҳамсари собиқашро дар назди мардум ба қатл расонд


Як сокини шаҳри Истаравшан ҳамсари собиқашро дар назди даҳҳо нафар ба қатл расондааст. Мақомоти корҳои дохилии ноҳия мегӯянд, ки ин мард боздошт шудааст ва таҳқиқи ҳодиса идома дорад.

Ба гуфтаи мақомоти корҳои дохилӣ, ҳодиса дақиқан соати 11-и имрӯз, душанбеи 2-юми октябр рух додааст. Як манбаъ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳодисаи куштори Нигора Қулиева аз ҷониби Маҷид Бердиев дар наздики маркази тиҷоратии “НОНО” рух дод ва ин зан дар ҷои ҳодиса ҷон бохт. Маҷид Бердиев ҳоло дар боздоштгоҳ қарор дорад ва ҷасади ҳамсари собиқаш Нигора Қулиева аз ҷониби коршиносон ташхис мешавад.

Мақомоти вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳодисаи куштор дар шаҳри Истаравшан, дар заминаи рашк рух додааст.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ҳодисаи куштор дар шаҳри Истаравшан дар заминаи рашк ва бадбинӣ рух додааст. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи вазорати умури дохилӣ рӯзи 2-юми октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "ҳодиса дар наздикии яке аз кӯчаҳои бозор рух додааст. Феълан тафтишот рафта истодааст ва тамоми ҷузъиёти ҳодиса дақиқ хоҳад шуд."

Маҷид Бердиев, сокини деҳаи Чорбоғи Истаравшан бо ҳамсараш дар пайи ҷанҷоли оилавӣ, чанд моҳ боз зиндагии муштарак надоштаанд. Нигора Қулиева ҳам сокини ҳамин деҳаи Истаравшан буда, дӯкони ҷавоҳиротфурӯшӣ доштааст. Чаҳор зарби корд дар узвҳои ҳаётан муҳими ин зан, боиси ҳалокати ӯ гаштааст.

Ба қавли як ҳамсӯҳбати мо аз шаҳри Истаравшан, пеш аз ҳодиса нахуст мард бо ҳамсари собиқаш вориди муноқиша шуд, ӯро латукӯб намуд ва баъдан бо корд ӯро ба қатл расонд. Дар Додситонии шаҳри Истаравшан ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки кормандони ин ниҳод дар ҷойи ҳодиса қарор доранд ва феълан тафтиши қазия идома дорад.

Ин нахустин ҳолати қатли ҳамсар аз ҷониби шавҳар дар шаҳри Истаравшан нест. Шаҳри Истаравшан дар вилояти Суғд минтақае мебошад, ки аз онҷо хабарҳои қатл ва ё зарбаи вазнин ба ҳамсарон аз ҷониби марди хона зиёд расонаӣ мешавад. Додгоҳи вилояти Суғд моҳи декабри соли гузашта Бахтиёр Худойбердиев, сокини 47-солаи деҳаи Пошкенти шаҳри Истаравшанро барои қатли ҳамсари ҷавонаш ба 21 соли зиндон маҳкум кард.

Мақомоти додгоҳ он замон гуфтанд, ки Худойбердиев ҳамсарашро бо 17 зарби корд ба қатл расонидааст. Қаблан як манбаи наздик ба парванда ба Радиои Озодӣ гуфта буд, Бахтиёр Худойбердиев соли 2015 аз муҳоҷират баргашта, ҳамсарашро ба хиёнат муттаҳам кард. Ҷанҷоли байни онҳо тақрибан як сол баҳс идома доштааст. Дар ҳамон моҳи декабр як марди дигар аз шаҳри Истаравшан, ки 38-сола дошт, ҳини ҷанҷоли оилавӣ, ба ҳамсари худ бо корд ҳамла карда ва ӯро аз ноҳияи пояш захмӣ карда буд. Ин зан аз ин ҳодиса ҷон ба саломат бурд.

Мақомот мегӯянд, бештари ҳодисаҳои ҳамсарон аз сӯи шавҳар ва ё баръакс, дар заминаи сабабҳои зоҳиран ночиз, мисли рашку ҳасад ва ҷанҷолҳои хонаводагӣ рух додааст. Таҳлилгарону равоншиносони маҳаллӣ зиёд шудани ҳодисаҳои қатли одамони ба ҳам наздикро ҳамчунин аз бераҳм шудани одамон дар зери фишори мушкилоти иҷтимоӣ, бепарвоии ҷомеа ва масъулон медонанд.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон сокинон аз тарси муҳокимаву таънаи атрофиён мушкилоти оилавии пинҳон медоранд. Бархе ҳам аз сабаби он, ки ҳамсояҳову пайвандон ва мақомот мушкилоти онҳоро аз нодида мегиранд, аз муроҷиат ва ёрӣ хостан худдорӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG