Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бобоҷон – писари генерал Раҷабалӣ Ширинов – боздошт шуд


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 7-уми июн эълон кард, ки Бобоҷон Ширинови 33-сола, котиби пешини Додгоҳи олии иқтисодӣ бо гумони қатли ҳамсари собиқаш Моҳира Ятимова боздошт шудааст.

  • Бобоҷон Ширинов, писари Раҷабалӣ Ширинов, собиқ муовини раиси Оҷонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон аст. Генерал Ширинов соли 2015 аз ин мақом барканор шуд.
Куштор дар Тоҷикистон бар асоси моддаи 104-и Кодекси ҷиноӣ баррасӣ мешавад. Ин модда аз 8 то 15 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ҳодисаи куштор шаби 6-уми июни имсол дар ҳудуди ноҳияи Синои пойтахт рух додааст.

"6-уми июни соли 2018, тахминан соатҳои 22-40, ба беморхонаи шаҳри Душанбе, шаҳрванд Ятимова Моҳира Аҳлиддиновна, соли таваллудаш 1985, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе бо ҷароҳатҳои халандаю бурранда дастрас карда шуд, ки аз ҷароҳатҳои бардошташуда ба ҳалокат расидааст", - гуфта шудааст дар иттилоияи ВКД.

Як манбаъ дар ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон рӯзи 7-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ҷуфт ду сол пеш аз ҳам ҷудо шуда, додгоҳ тарбияи се кӯдакро ба мард дода буд. "Онҳо барои кӯдакон ва амвол баҳси тӯлонии додгоҳӣ доштанд. Ҳамон бегоҳ Моҳира Ятимова барои дидорбинии кӯдаконаш меояд. Сӯҳбати онҳо ба ҷанг мепечад ва Бобоҷон Ширинов ба ӯ бо корд ҳамла намуда, аз ҷойи ҳодиса фирор мекунад. Зан дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид", - гуфт мусоҳиби мо.

Бобоҷон Ширинов ва Моҳира Ятимова ҳарду ҳамдарс буда, соли 2007 риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардаанд. Пас аз хатми донишгоҳ бо ҳам издивоҷ карданд, вале тафтишот муайян кардааст, дар давоми ду соли баъди аз ҳам пошидани оила даъвоҳои онҳо тамом нашудааст.

Ҳодисаҳои куштори ҳамсарон ва ҳамсарони собиқ бо дасти мардон солҳои ахир афзоиш ёфтааст. Дар аксари ҳолат мардоне даст ба ин кор мезананд, ки ба гуфтаи мақомот, бекор ва дониши пасти ҳуқуқӣ доранд. Аммо дар ин ҳодиса ҳарду тараф маълумоти олии ҳуқуқӣ доранд.

Дар давоми панҷ моҳи ахир бар асоси иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон беш аз даҳ ҳолати куштори ҳамсарон бо дасти шавҳарони собиқ сабт шудааст.

Куштор дар Тоҷикистон бар асоси моддаи 104-и Кодекси ҷиноӣ баррасӣ мешавад. Ин модда аз 8 то 15 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG