Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ташхиси тиббӣ – "справка"-и бозгашти муҳоҷирон ба Тоҷикистон


Ду ниҳоди расмии Тоҷикистон хостори ташхиси тиббии муҳоҷирони корӣ ҳангоми бозгашт аз Русия ба ватан шудаанд.

На танҳо бемории ВИЧ, балки сил низ дар Русия зиёд шудааст. Аз ин нигоҳ, иқдоми ташхиси онҳо хуб аст.

Вазорати меҳнат аз мақомоти дахлдор хостааст, ки дар фурудгоҳҳо, истгоҳи роҳи оҳан ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ нуқтаи ташхиси фаврии тиббӣ ташкил кунад. "Ба муҳоҷирон танҳо пас аз ташхиси тиббӣ иҷозаи вуруд ба кишвар дода шавад", - гуфт Усмоналӣ Латифӣ, як масъули Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.

Ӯ рӯзи 6-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин тасмим ба хотири ҷилавгирӣ аз афзоиши бемориҳои сироятӣ гирифта шудааст. “Вақте муҳоҷир ба ватан баргашт, ҳатман як бор аз ташхис гузарад. Баъд ба назди зану фарзандонаш равад”, - афзуд Латифӣ.

Усмоналӣ Латифӣ
Усмоналӣ Латифӣ

Ба қавли ин масъули Вазорати меҳнат, ташхиси муҳоҷирон бепул хоҳад буд.

Пешниҳоди ташхиси муҳоҷирони тоҷик ҳангоми бозгашт ба ватан дар ҳолест, ки Вазорати тандурустии кишвар онҳоро “афроди осебпазир аз нигоҳи сироятёбӣ ба бемории ВИЧ” номидааст. Дар Барномаи муқовимат барои пешгирӣ аз вируси норасоии масунияти бадан дар солҳои 2017-2020 низ Вазорати тандурустӣ ба зарурати ташхиси фаврии муҳоҷирони меҳнатӣ таъкид кардааст.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар барнома гуфтааст, дар пайи як ташхис 165 муҳоҷири корӣ, ки дар миёнашон 14 зан буд, ҳамчун гирифторони бемории ВИЧ сабт шуданд. Ба қавли манбаъ, дар маҷмӯъ, аз 9 ҳазор сироятёфтагони ин вирус дар Тоҷикистон наздики 50 дарсадашонро муҳоҷирон ва аъзои хонаводаи онҳо ташкил медиҳанд.

Абдулло Давлатов
Абдулло Давлатов

Абдулло Давлатов, пизишки тоҷики муқими Русия, рӯзи 6-уми июн гуфт, ташхиси муҳоҷирон қабл аз вуруд ба кишвар «фикри дуруст аст». Вай гуфт, теъдоди гирифторони бемориҳои сироятӣ дар Русия афзоиш ёфтааст, ки ба муҳоҷирони тоҷик бетаъсир намемонад.

“На танҳо бемории ВИЧ, балки сил низ дар Русия зиёд шудааст. Аз ин нигоҳ, иқдоми ташхиси онҳо хуб аст. Аммо ин кор маблағи зиёд мехоҳад. Барои ташхис пунктҳои махсус зарур аст. Барои хун гирифтан коргарҳои зиёд лозим аст. Аз тарафи дигар, ташхиси фаврӣ камбудҳои зиёд дорад, ки на ҳама вақт натиҷаро дуруст мегӯяд”, - афзуд ӯ.

Ин пизишки тоҷик гуфт, баъзе муҳоҷирони тоҷик дар Русия бо занҳои бегона хуфтухоб мекунанд, ки ин хатари сироятёбӣ ба бемориҳоро бештар мекунад.

Ҳоло дар Русия қабл аз гирифтани «патент» муҳоҷирон аз ташхиси тиббӣ мегузаранд. Танҳо дар сурате иҷозаи кор пайдо мекунанд, ки солим бошанд.

Аваз Боронов, муҳоҷири кории тоҷик, гуфт, ба хотири аз даст надодани кор муҳоҷирон низ талош мекунанд, сиҳатиашонро аз даст надиҳанд. Чун, ба гуфтаи ӯ, ҳамагуна беморӣ метавонад муҳоҷирро аз ҳаққи кор дар он кишвар маҳрум кунад.

Боронов ҳоло дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия кору зиндагӣ дорад. Ӯ гуфт, “ташхис ҳама вақт хуб аст, вале аз он метарсем, ки ташкили чунин нуқтаҳо як ҷой барои гирифтани «пора» нашавад. Масалан, барои зудтар гирифтани ташхис ё насупоридани он, мумкин аст, муҳоҷир «пора» диҳад ваё аз ӯ «пора» талаб кунанд. Идея хуб аст, аммо вақте бо пора олуда мешаванд, ба як гапи хушку холӣ табдил меёбанд.”

Ҳудуди як миллион шаҳрванди Тоҷикистон ҳамасола барои кор ба Русия мераванд. Пизишкон мегӯянд, дар баробари ирсоли пул ба хонаводаҳо гоҳе аз он кишвар бемориҳои гуногун низ меоранд. Бемориҳое, ки ҳоло Вазорати меҳнат ва Вазорати тандурустӣ бо ташкили утоқҳои барои ташхиси фаврӣ мехоҳад онҳоро ошкор кунад.

XS
SM
MD
LG